ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз охирон рӯзи баргузории нишастҳои матбуотии вазорату идораҳои кишвар аст. Имрӯз Вазорати молия (соати 09:00), Додситонии кулли кишвар (соати 09:00), Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод (соати 09:00), Оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа (соати 09:00) ва Кумитаи андоз (соати 11:00) назди хабарнигорон аз фаъолияти яксолаи худ ҳисобот медиҳанд.
– Имрӯз соати 14:00 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба ифтихори 80-солагии Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, маҳфили адабӣ баргузор мешавад. Адибону пажӯҳишгарон дар бораи шахсият ва осори нависанда суҳбат хоҳанд кард. Вуруд озод аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2013 – Дар Тоҷикистон ширкати “Asian Express Airlines” таъсис ёфт.
Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи сарфарозгардонии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мукофотҳои давлатии Тоҷикистон фармон ба имзо расонид.
Соли 2020 – Рустам Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон дар барномаи интихоботии худ ба интихобкунандагон таъмини об, барқ, гармӣ ва тартибот дар нақлиёти оммавиро ваъда дод.
Соли 2020 – Фонди байналмилалии асъор бори дигар даъват намуд, ки мақомоти Тоҷикистон бо “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” ба хотири барқарор кардани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ кӯмак намоянд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1950 – Зодрӯзи Муродалӣ Салихов, собиқ раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон Шӯравӣ ва баъдтар даврони истиқлоли Тоҷикистон (1987-2002).
Соли 1952 – Зодрӯзи Дилбар Валаматзода, пианинонавоз ва арғунуннавози шинохтаи тоҷик.
Дилбар Валаматзода, пианинонавоз ва арғунуннавози шинохтаи тоҷик дар оилаи ҳунарпеша Ғаффор Валаматзода дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ дар Консерваторияи давлатии Боку таҳсил карда, ҳамчун муаллими кафедраи фортепиано ва мудири кафедраи ансамбл дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон фаъолият намудааст.
Ӯ соли 1991 бо ҳамсараш, овозхони маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Адҳам Холиқов ба Италия ба шаҳри Милан ба кор таклиф шуданд. Валаматзода аз ихтисоси фортепиано, А. Холиқов аз вокал ба бачагон касб меомӯхтанд ва ҳарду якҷоя консерт медоданд.
Дилбар Валаматзода соли 1994 аз олам даргузашт.
Соли 1965 – Мавлуди Заробиддин Файзуллозода, собиқ вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.
Заробиддин Файзуллозода хатмкардаи Донишкадаи политехникии Тошкент буда, аз соли 2000 то соли 2017 дар вазифаҳои баландмақоми вазорату идораҳои Тоҷикистон кор кардааст. Ҳамчунин як муддат муовини раиси вилояти Суғд низ буд.
Аз соли 2017 то соли 2019 сардори Саридораи геологияи Тоҷикистон буд ва солҳои 2019-2020 ҳамчун вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон кор кардааст.
Ҳоло муовини раиси вилояти Хатлон аст.
Соли 1967 – Фурӯғи Фаррухзод, шоири номдори муосири Эрон дар 32-солагӣ аз олам даргузашт.
Фурӯғи Фаррухзод шоири номдори муосири Эрон, ки дар Тоҷикистон низ ҳаводор дорад, соли 1935 ба дунё омада, соли 1967 дар 32-солагӣ дар як садамаи нақлиётӣ аз олам даргузашт. Вале тавонист дар зиндагии кутоҳи худ ба яке аз симоҳои барҷастаи адабиёти муосири Эрон табдил ёбад.
Фурӯғи Фаррухзод яке аз машҳуртарин шоирони муосири Эрон буд. Ӯ на танҳо бо шеърҳои худ, инчунин бо навовариҳо ва назари озоди худ дар адабиёти форсӣ шӯҳрат дошт. Маъруфтарин маҷмуаҳои шеърии ӯ “Асир”, “Девор”, “Исён” ва “Таваллуди дигар” мебошанд.
Соли 1973 – Мавлуди Гулноз Тоҳириён, шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон.
Ӯ таҳсили худро дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба итмом расонида, фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси омӯзгор оғоз кардааст. Ҳоло, ӯ котиби масъули шуъбаи Суғди Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва мушовири илмии маҷаллаи “Паёми Суғд” мебошад.
Гулноз дар маҷмуаҳои “Ашки ширин”, “Ғавғои сукут”, “Аз нигоҳ то шеър”, “Парвози дунё” ашъори худро интишор кардааст. Шеъри ӯ дорои тасвирҳои ҷолиб ва андешаҳои нодир буда, ишқ ва эҳсосоти инсонӣ дар меҳвари эҷодиёти ӯ қарор дорад.
Соли 2009 – Саидмуъмин Раҳимов, варзишгар, куштигири шӯравӣ ва тоҷик, Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ дар синни 62-солагӣ аз олам даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии радио аст. Ин рӯз аз соли 2012 бо қарори ЮНЕСКО ҷашн гирифта мешавад. Ин сана тасодуфан интихоб нашудааст. 13-уми феврал соли 1946 аввалин бор “Радиои СММ” ба эфир баромад, ки дафтараш дар қароргоҳи СММ макон дошт.
Ин ҷашнро ба ҳамкорони худ – кормандони радиои “Азия-Плюс” муборакбод мегӯем. Мавҷи радиостансияи “Азия-Плюс” 9-уми сентябри соли 2002 дар мавҷи 107FM ба эфир баромад. Зиёда аз 20 сол аст, ки гурӯҳи эҷодии радио барои шунавандагон матолиби ҷолибу муфид пешниҳод мекунад. Таманно мекунем, ки фаъолияти пурсамари кормандони радио солҳои зиёд дар ин равиш идома ёбад.
13-уми феврали соли 1895 кинематографияи ҷаҳонӣ оғоз ёфтааст. Бародарон Люмер патенти аввалин дастгоҳи сабти тасвирҳои ҳаракаткунанда – кинокамераро гирифтанд.
Люмер 28-уми декабри соли 1895 дар “Гран-кафе”-и Париж аввалин намоиши оммавии филми ҳуҷҷатии “Вуруд ба хати роҳи оҳан дар вокзали Ла-Сиёта”-ро баргузор намуд.
Дар яке аз рӯзҳои сешанбеи моҳи феврал Рӯзи байналмилалии пухтупази блини таҷлил карда мешавад, ки махсусан дар Англия ва Амрико маъмул аст. Имсол ин рӯз ба 13-уми феврал рост омад.
Дар ИМА аввалин ҷашни блинҳо соли 1950 дар Канзас баргузор шудааст. Аммо дар шаҳри Олнии Англия ин ҷашн зиёда аз 500 сол таҷлил мешавад.
Ҳамчунин, 13-уми феврал дар саросари ҷаҳон Рӯзи рифола таҷлил мегардад — ҷашне, ки ба мардум аҳамияти пешгирии бемориҳои гузарандаи ҷинсиро ёдрас мекунад.
Ниёз ба муҳофизат аз ҳомиладории ғайрихоҳишманд ва бемориҳои ҷинсӣ одамонро аз замонҳои қадим нигарон мекард. Тибқи маълумоти манбаъҳо, аввалин рифола дар таърих дар Миср пайдо шуда, онро худи фиръавн Тутанхамон истифода бурдааст.
Ҷашн дар ҷаҳон аз соли 2013 таҷлил мешавад. Ин сана қабл аз таҷлили Рӯзи ошиқон дар бархе кишварҳои ҷаҳон ба таври тасодуфӣ интихоб нашудааст. Бо ин роҳ ҷомеаи тандурустӣ ба ҷуфтҳо дар бораи оқибатҳои номатлуби эҳтимолии муносибатҳои ҷинсӣ ёдрас мекунад.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад ва эҳтимолан раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 9+14º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1+6º гарм, дар водиҳо шабона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, борон ва дар баландиҳои беш аз 2000 метр аз сатҳи баҳр барф меборад ва дар баъзе ноҳияҳо шиддат гирифта, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 14+19º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 8+13º гарм, дар водиҳо шабона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф меборад ва баъзан шиддат гирифта, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0+2º гарм.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борон ва барф борида, дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 9+11º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -4+1º, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 26-28º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, бориши борон пешгӯӣ шуда, баъзан шиддат мегирад ва раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 11+13º гарм, шабона 4+6º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 16+18º гарм, шабона 8+10º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 5+7º гарм, шабона -1+1º.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 13 ба 14-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

