Душанбе. 3-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31-уми январи соли ҷорӣ номи қуллаи «Латвияи советӣ» дар Помир ба номи «Латвия» иваз карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сарчашма аз ҳукумати кишвар хабар дод, қарори мазкур бо дархости кишвари Латвия қабул карда шудааст.
Ёдовар мешавем, ба қулла 30-юми июли соли 1960 «Латвияи советӣ» номгузорӣ шуда буд. Он замон кӯҳнавардони латвиягӣ таҳти роҳбарии Иманта Эгбертс қуллаи воқеъ дар баландии 6218 метрро фатҳ сохта буданд.