Манъи истифодаи телефони мобилӣ дар муассисаҳои маорифи ҷумҳурӣ

Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаҳои ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи маълумоти касбии пас аз маълумоти олӣ» ва «Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ»-ро тасдиқ карданд, ки тибқи муқаррароти он, аз ин ба баъд истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ мамнӯъ эълон […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 10-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ лоиҳаҳои ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи маълумоти касбии пас аз маълумоти олӣ» ва «Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ»-ро тасдиқ карданд, ки тибқи муқаррароти он, аз ин ба баъд истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ мамнӯъ эълон гардид.




Зимни суханронӣ оид ба ин масъала намояндаи мардумӣ Додихудо Саймуддинов изҳор дошт, ки тибқи тағйирот, сарфи назар аз шакли моликият, истифодаи телефонҳои мобилӣ зимни раванди таълим дар муассисаҳои маориф манъ мегардад ва ин муқаррарот ба омӯзгорони ин муассисаҳо низ дахл дорад. «Фармони содирнамудаи вазири маорифи кишвар дар ин хусус самараи дилхоҳ надод ва замоне фаро расид, ки нисбати ин масъала дар чаҳорчӯбаи қонунгузорӣ чораҳо андешида шавад», – гуфт ӯ.



Д.Саймуддинов гуфт, дар мавриди риоя накардани муқаррароти қонуни мазкур, гунаҳкорон мувофиқи кодекси маъмурӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз онҳо ҷарима ситонида мешавад.



Дар ҷараёни музокирот намояндаи мардумӣ Юсуф Аҳмедов изҳор намуд, ки аксари волидайн тавассути телефонии мобилӣ аз рафти таҳсили фарзандон дар мактаб назорат мебаранд ва агар барои қабули чунин қонун зарурат пайдо гардида бошад, пас лозим аст, ки дар ҳама макотиби кишвар телефонҳои ҷамъиятӣ насб намуд. «Феълан дар соҳаи маориф масъалаи нарасидани омӯзгорон муҳимтар аст ва мо бояд ба ҳалли он кӯшем, на ба истифодаи телефонҳои мобилӣ», – гуфт ӯ.



Дар навбати худ, намояндаи мардумӣ Ҷумъабой Сангинов зикр кард, ки истифодаи телефонҳои мобилӣ ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад ва аз ҳамтоёни худ даъват ба амал овард, ки лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳоро дастгирӣ намоянд.



Бо аксари кулли овоз намояндагони палатаи поёнии парулмон тағйироти мазкурро маъқул шумориданд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.