Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Нимаи аввали имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори Рӯзи байнулмилалии занон ва Рӯзи модар ҷамъомади ботантана доир мегардад. Тибқи фармои президенти Тоҷикистон, аз ин ба баъд 8-уми март дар Тоҷикистон ҳамчун ҷашни Рӯзи модар низ таҷлил хоҳад шуд.
Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз ҳукумати ҷумҳурӣ, ба ҷамъомад намояндагони ҳаракатҳову созмонҳои занон, зиёиёни эҷодкор, парлумон ва ҷавонон даъват карда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, дар оғози чорабинӣ муовини нахуствазири кишвар Руқия Қурбонова паёми табрикии сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин қироат намуд. «Дар фарҷоми ҷамъомад бо иштироки устодони санъати Тоҷикистон консерт баргузор мешавад», – афзуд сарчашма.



