Созмони байнулмилалии меҳнат: Бар асари бӯҳрони молӣ соли ҷорӣ 22 млн. нафар занон аз кор маҳрум мешаванд

Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази иттилооти СММ бо истинод ба гузориши ҳамасолаи Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) хабар медиҳад, ки бӯҳрони моливу иқтисодии сартосарӣ ба афзоиши мизони бекорӣ миёни занон боис мегардад. Ба иттилои манбаъ, мувофиқи гузориши СБМ, соли равон имкон дорад 22 млн. нафар занон дар ҷаҳон аз кори хеш маҳрум шаванд. Гузашта […]

root


Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Маркази иттилооти СММ бо истинод ба гузориши ҳамасолаи Созмони байнулмилалии меҳнат (СБМ) хабар медиҳад, ки бӯҳрони моливу иқтисодии сартосарӣ ба афзоиши мизони бекорӣ миёни занон боис мегардад.




Ба иттилои манбаъ, мувофиқи гузориши СБМ, соли равон имкон дорад 22 млн. нафар занон дар ҷаҳон аз кори хеш маҳрум шаванд. Гузашта аз ин, коршиносони СБМ пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2009 мизони бекорӣ миёни занон ба нишондиҳандаи рекордӣ – 7,4 дарсад (дар байни мардон – 7 дарсад) баробар мешавад ва аз он изҳори нигаронӣ мекунанд, ки нобаробарии даромади мардону занон торафт зиёдтар хоҳад шуд.



Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки таъсири тамоили мазкур дар минтақаҳо яксон нахоҳад буд. Тибқи пешгӯии коршиносони СБМ, ин тамоил дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ бештар суурат гирифта, асари он дар кишварҳои аз ҷиҳати саноатӣ рушдёфта ва давлатҳои ИДМ камтар эҳсос хоҳад шуд.




 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.