Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 баробар бештар маводи муха

            Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 баробар бештар маводи мухаддир мусодира карданд.             Тавре аз агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин давра 98 килову 675 грамм маводи мухаддир мусодира карда […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи ду моҳи соли ҷорӣ кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 баробар бештар маводи мухаддир мусодира карданд.





           

Тавре аз агентии мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ин давра 98 килову


675 грамм

маводи мухаддир мусодира карда шудааст, ки 29 килову 754 грамми онро маводи сахттаъсири ҳероин, 12 килову 846 граммашро афюн ва 56 килову 075 граммашро маводи мухаддири гурӯҳи каннабис ташкил медиҳад.




           

Тибқи иттилои манбаъ, шӯъбаи тафтишотии агентӣ нисбат ба 24 нафар шахсон 22 парвандаи ҷиноӣ боз намуда, онро ҷиҳати моҳиятан барррасӣ намудан ба додгоҳ ирсол кардааст. Зимни баргузории амалиёти муштарак бо марзбонони кишвар кормандони агентӣ дар наздикии сарҳад аз қочоқи 65 килову

324 грамм

маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд. Ҳамзамон бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон 1 амалиёти муштарак доир гардида, аз муомилоти ғайриқонунӣ 6 килову

467 грамм

маводи мухаддир мусодира гардид, ки 6 килову 422 граммаш ҳероин мебошад.




           

Зикр гардид, ки дар ин давра кормандони агентӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Афғонистон шаш амалиёти муштарак баргузор сохта, дар натиҷа 52 килову

350 грамм

маводи мухаддирро мусодира намуданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.