Вазорати мудофиаи Русия муҳоҷирони меҳнатиро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мекунад

            Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати мудофиаи Русия муҳоҷирони меҳнатиро, ки бекор мондаанд, ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мекунад.             Тибқи иттилои газетаи «Труд»,   чунин пешниҳодро муовини вазири мудофиаи Русия генерал-полковник Николай Панков иброз намудааст. Ӯ гуфтааст, тибқи қонунгузории Русия шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ тариқи шартномавӣ дар […]

Аваз Юлдошев



           

Душанбе. 7-уми март. ОИ «Азия-Плюс» – Вазорати мудофиаи Русия муҳоҷирони меҳнатиро, ки бекор мондаанд, ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ даъват мекунад.





           

Тибқи иттилои газетаи «Труд»,

 

чунин пешниҳодро муовини вазири мудофиаи Русия генерал-полковник Николай Панков иброз намудааст. Ӯ гуфтааст, тибқи қонунгузории Русия шаҳрвандони хориҷӣ ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ тариқи шартномавӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат кунанд. Ҳеҷ квотае барои онҳо мавҷуд нест, танҳо донистани забони русӣ, ба таври қонунӣ зиндагӣ кардан дар қаламрави Русия, доштани маълумоти миёна ва саломатии хуб зарур аст, вале қобили зикр аст, ки ба комиссариатҳои ҳарбӣ ғайрирасмӣ супориш дода шудааст, ки ба хизмат шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ ва Соҳили Балтикаро қабул намоянд.




           

Тибқи маълумоти расмии Вазорати дифои Русия, феълан дар Артиши Русия шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Украина, Қазоқистон, Молдова, Қирғизистон, Арманистон, ду шаҳрванди латиш, ду олмонӣ ва як исроилӣ бо шиносномаи Русия хизмат мекунанд. Коршиносон бар чунин назаранд, ки шаҳрвандони хориҷиро ба иншооти низомии Русия дар хориҷи кишвар, ки айни замон 36 адад буда, дар Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Озарбойҷон, Молдова ва Украина ҷойгир шудаанд, мебояд ба хизмат сафарбар намуд.




           

Тибқи маълумоти рӯзномаи «Труд», феълан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Русия 207 ҳазор нафар шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла 67 нафар тоҷикон, 61 нафар ӯзбекон, 41 нафар украиниҳо, аз 5 то 10 шаҳрвандони Қазоқистон, Молдова, Қирғизистон, Арманистону Озарбойҷон, ду нафари латишону олмониҳо ва як нафар исроилӣ хизмат мекунанд.




           

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ дар сафи Қуваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ ба қайд гирифта нашудаанд. «Танҳо як гурӯҳи начандон зиёди мушовирони низомӣ аз ҳисоби афсарони Русия тибқи қарордоди байниҳкуматӣ дар рушди нерӯҳои низомии ҷумҳурӣ саҳм мегиранд», – гуфт манбаъ.

  



Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.