Дабири кулли Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ба Душанбе меояд

Date:


Душанбе. 20-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз ҷиҳати анҷоми сафари кории дурӯза ҳайати Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) таҳти сарварии Дабири кулли он – Дэвид Хоббс ба шаҳри Душанбе меояд.




Чӣ тавре ки аз Вазорати умури хориҷии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар ҷараёни сафар дидору гуфтушуниди ҳайат бо мақомоти раҳбарии ҷумҳурӣ, раисони палатаҳои парлумон, роҳбарони вазорату идораҳо дар назар аст.



Интизор меравад, ки дар дидору гуфтушунидҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба, масоили марбут ба истифодаи захоири обиву энергетикӣ, таъмини волияти қонун, дифоъ аз ҳуқуқи инсон, мушкилоти мавҷудаи ҳамкорӣ ва амнияти минтақавӣ, таҳкими марз, вазъи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва вазъи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...