Агар деҳқонони тоҷик бо нархи кунунии ҷаҳонӣ нахи пахтаашонро фурӯшанд, 50 млн. сомонӣ хисорот хоҳанд бардошт, – назари коршинос

Date:



              

Душанбе. 21-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» – Аз 140 млн. сомонии қарзи соли гузашта ба хоҷагиҳои пахтакори кишвар аз ҷониби бонкҳо ҷудогардида то имрӯз беш аз 64 млн. сомонӣ баргардонида шуд.





              

Тавре сардори раёсати иқтисод ва ояндабинии Вазорати кишоварзии ҶТ Сафар Маҳмадиев ба ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, айни замон беш аз 101 ҳазор тонна нахи пахта дар корхонаҳои коркарди пахта нигаҳдорӣ карда мешавад. «Агар деҳқонони тоҷик бо нархи кунунии ҷаҳонӣ нахи пахтаашонро фурӯшанд, 50 млн. сомонӣ хисорот хоҳанд бардошт, зеро дар бозори ҷаҳонӣ бар асари бӯҳрони молӣ ва коҳиши талабот арзиши ин навъи маҳсулот поин рафтааст», – гуфт ӯ.




              

Дар мавриди самаранокии механизми нави маблағгузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ номбурда гуфт, «агар бӯҳрони молӣ рух намедод, соли равон кишоварзон даромади хуб мегирифтанд. «Ғайр аз ин, агар бӯҳрони молӣ ба вуқӯъ намепайваст, хоҷагиҳо имрӯз ба маблағгузорӣ ҳам ниёз намедоштанд», – афзуд С.Маҳмадиев.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...