Кӯлоб. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде пештар созмони байнулмилалии «
Caritas
»-и Швейтсария бо дархости ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва 7 ҷамоати ноҳияро бо як ададӣ компутари «Ноутбук» ва захирасози қувва (батареяи) аз нерӯи офтоб таъмин кард.
Бар пояи маълумоти як манбаъ аз ҳукумати ноҳия, дар мавсими тирамоҳу зимистон бар асари норасоии барқ, истифодаи техникаи муосири компутарӣ ғайриимкон аст ва кӯмаки мазкур хеле саривақтӣ аст. «Маблағи тӯҳфаи созмон ба 61 ҳазор сомонӣ баробар аст», – гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои сарчашма, худи ҳамон рӯз созмони мазкур ба иттиҳодияҳои тухмипарварии «Биотех» ва «Хӯшаи зарин»
баҳри харидории таҷҳизоту мебели дафтари корӣ низ кӯмак кард.