Нерӯгоҳҳои Нораку Роғун ва КВД «Талко» хусусӣ гардонида намешаванд

Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Нерӯгоҳҳои Нораку Роғун ва Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» хусусӣ гардонида намешаванд. Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ» намояндагони мардумии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иншооти дар боло зикршударо иншооти муҳими стратегии давлатӣ арзёбӣ намуда, қарор қабул карданд, […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 25-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Нерӯгоҳҳои Нораку Роғун ва Корхонаи воҳиди давлатии «Талко» хусусӣ гардонида намешаванд.




Зимни баррасии лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи хусусигардонии амволи давлатӣ» намояндагони мардумии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иншооти дар боло зикршударо иншооти муҳими стратегии давлатӣ арзёбӣ намуда, қарор қабул карданд, ки он хусусӣ гардонида намешавад.



Тавре муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҷумҳурӣ Маъруф Сайфиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ба феҳристи иншооти муҳими ғайриқобили хусусигардонӣ ҳамчунин иншооти таъиноти дифоӣ ва захоири обии Тоҷикистон шомил мебошанд.



Ғайр аз ин, дар ҷаласаи навбатии иҷлосиси 5-уми МН МО ҶТ намояндагони мардумӣ якдилона Созишномаи миёни Тоҷикистону Ӯзбекистонро дар бораи марзи давлатӣ тасдиқ сохтанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.