Фаромадани тарма ба ҳаракати нақлиёт дар як қатор роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ монеъа эҷод сохт

Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Фаромадани тарма шоми дирӯз ба ҳаракати нақлиёт дар як қатор роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ монеъа эҷод сохт. Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан бар асари тармафароӣ километрҳои 48 ва 70-уми нақби Истиқлол, 185 ва 189-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд (ағбаи Шаҳрипстон) ва 489-уми роҳи мошингарди Душанбе-Рӯшон […]

Наргис Ҳамробоева


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Фаромадани тарма шоми дирӯз ба ҳаракати нақлиёт дар як қатор роҳҳои мошингарди ҷумҳурӣ монеъа эҷод сохт.




Тавре аз Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, феълан бар асари тармафароӣ километрҳои 48 ва 70-уми нақби Истиқлол, 185 ва 189-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд (ағбаи Шаҳрипстон) ва 489-уми роҳи мошингарди Душанбе-Рӯшон бо тарма пӯшонида шуда, ҳаракати нақлиёт тавассути он ғайриимкон аст.



Бино ба иттилои манбаъ, то шоми имрӯз ҳамаи қитъаҳои роҳҳо тоза карда мешаванд. Дар ҳамин ҳол, аз Вазорат изҳор доштанд, ки дар муддати як моҳи минбаъд чунин ҳолисаҳо меафзоянд ва ронандагонро зарур аст, эҳтиёт бошанд.



Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар иттилоъ доданд, ки маълумоте дар бораи зарардидагон дар даст надоранд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.