«Барқи тоҷик» ва «Турбоатом»-и Украина сари нархгузории гидротурбинаҳо барои нерӯгоҳи Норак тавофуқ ҳосил карда наметавонанд

Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон то ҳанӯз бо ҶСК «Турбоатом»-и шаҳри Харкови Украина ҷиҳати омода сохтану таъмини нерӯгоҳи Норак бо таҷҳизот шартнома ба имзо нарасонидааст. Ёдовар мешавем, зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Украина иттилоъ дода шуд, ки сарвари давлат аз ин корхона боздид намуда, оид ба омода сохтану таъмини нерӯгоҳи Норак бо […]

Виктория Наумова


Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Тоҷикистон то ҳанӯз бо ҶСК «Турбоатом»-и шаҳри Харкови Украина ҷиҳати омода сохтану таъмини нерӯгоҳи Норак бо таҷҳизот шартнома ба имзо нарасонидааст.




Ёдовар мешавем, зимни сафари давлатии президенти Тоҷикистон ба Украина иттилоъ дода шуд, ки сарвари давлат аз ин корхона боздид намуда, оид ба омода сохтану таъмини нерӯгоҳи Норак бо шаш гидротурбина гуфтушунид кард.



Он замон ВАО-и Украина гуфта буданд, Тоҷикистон ба корхонаи «Турбоатом» омода сохтани 6 гидротурбина бо арзиши ҳудуди 2 млн. $ фармоиш додааст ва шартнома то ахири моҳи декабри соли гузашта ба имзо мерасд.



Дар ҳамин ҳол, аз ширкати «Барқи тоҷик ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҷонибҳо то ҳанӯз сари нархи гидротурбинаҳо тавофуқ ҳосил накардаанд, зеро дар шароити бӯҳрони молӣ арзиши металл хеле поин рафт ва мутаносибан арзиши гидротурбинаҳо низ бояд поин биравад. Сарчашма оид ба додани маълумот дар бораи то кадом андоза паст шудани арзиши таҷҳизот худдорӣ кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.

Парлумони Тоҷикистон ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро ба Русия маъқул донист. Чӣ тағйир ёфт?

Анҷоми расмиёти таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ватан гузаронида шуда, корфармоён пешакӣ кормандонро интихоб мекунанд.