Фурӯпошии қудрати мувозӣ дар Қирғизистон

admin

Барканории Қамчибек Тошиев аз вазифаи муовини раиси Девони вазирон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ибтидои соли 2026 на танҳо дар ин кишвар, балки минтақа ба шумор рафта, аз поёни як модели мудирияти қудрати мувозӣ, ки кишварро дар пешорӯи буҳрони сиёсӣ қарор дода буд, хабар дод.

Ин навъи мудирият дар Қирғизистон собиқаи пешин дошт, аммо барои муддати дароз пойдор намонда буд. Аз ин лиҳоз, эътилофи Ҷаборов ва Тошиев ҳам, ки панҷ сол побарҷо монд, ҳамеша бо худ суоле дошт: То куҷо?

Ҳоло, ки он пош хурд суолҳои дигар ҳам зам шуданд: Чаро ин иттифоқ афтод, оянда чӣ гуна хоҳад шуд ва таъсири пошхурии ин эътилоф ба минтақа чӣ хоҳад буд?

Қосим Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик, ки собиқаи чандсолаи кор дар Қирғизистонро дорад ва аз равандҳои сиёсиву хусусиятҳои ҷомеаи ин кишвар ба хубӣ огоҳ аст, ба ин суолҳо посух гуфтааст.

 

Барканории барқосо

Аз қудрат канор гузошта шудани Қамчибек Тошиев тавассути раиси ҷумҳур Содир Ҷаборов барои бисёриҳо он қадар ғайриинтизор буд, ки ба ҳаққонияти он танҳо пас аз интишори фармони расмӣ дар расонаҳо бовар карданд. Ин тасмим ба сурати табиӣ мавҷи густурдаи баҳсу таҳлилҳоро ҳам дар дохили ин кишвар ва ҳам берун аз он ба миён овард.

Ҷаборов ва Тошиев, ки пас аз истеъфои раиси ҷумҳури пешин дар поёни соли 2020 ба қудрат расиданд, дар муддати кутоҳ ба муҳимтарин муттаҳиди сиёсии якдигар табдил шуданд. Илова бар он, бо тасвиби қонун дар бораи Девони вазирони Қирғизистон дар моҳи октябри соли 2021, раиси КДАМ ҳамзамон вазифаи муовини раиси Девонро низ уҳдадор шуд.

 

Ин таҷриба дар минтақа камназир буда, ба Тошиев ихтиёроти фаротар аз вазифаҳои сирфан амниятиро вогузор кард. Вай, аз ҷумла, ҳаққи назорат ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, дахолат ба масъалаҳои амнияти иқтисодӣ, воридоту содирот, мубориза бо фасоди молӣ дар сохторҳои ҳукуматиро ба даст оварда, дар тасмимгириҳои марбут ба масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ низ ширкат мекард, ки пеш аз ин берун аз салоҳияти КДАМ буданд. Тошиев бо доштани ихтиёроти густурда ба қудратмандтарин чеҳраи ҳукумати Қирғизистон табдил шуда буд ва бахши қобили таваҷҷуҳе аз мансабдорон бақои худро дар курсиҳояшон ба садоқату вафодорӣ ба раиси КДАМ марбут медонистанд. Тошиев ба қавле “ҳукумат дар даруни ҳукумат” эҷод карда буд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Аммо дар 10-уми феврали соли ҷорӣ содир шудани фармони барканории Тошиев аз вазифаи раиси КДАМ ва муовини Девони вазирон на танҳо дар миёни доираҳои сиёсиву коршиносӣ ва ҷомеаи Қирғизистон, балки берун аз он ҳам вуқуъи раъду барқ дар фасли тобистонро мемонд. Раиси ҷумҳури Қирғизистон зимни шарҳи тасмими худ гуфт, ки ҳадафи ӯ ҳифзи суботу оромиш ва ваҳдати миллату кишвараш аст.

Дар пайи барканории Тошиев билофосила чандин мақоми калидии вобаста ба ӯ низ, аз ҷумла ҳамаи муовинони раиси КДАМ ва сардори сарраёсати КДАМ дар шаҳри Бишкек (ва баъдан ҳама сардорони раёсатҳои вилоятии ин сохтор), аз вазифаҳояшон маҳрум шуданд ва ба курсиҳои онҳо мансабдорони нав такя заданд. Ҷаборов ҳамзамон тағйироте дар сохтори КДАМ анҷом дод, ки тибқи он Хадамоти марзбонӣ аз сохтори КДАМ берун карда шуд ва Хадамоти 9-уми КДАМ ба Хадамоти муҳофизати давлатӣ табдил ёфт, ки ба сурати мустақим ба раиси ҷумҳур итоат мекунад.

Тошиев, ки ӯро дар Олмон хабари барканориаш ғофилгир карда буд, шаби 13-уми феврал ба Бишкек баргашт, то  ба истилоҳ “чанду чуни масъаларо” маълум кунад. Зоҳиран ҳанӯз ба қудрати худ бовар дошт, аммо бо гузашти чанд рӯз дигар ҷузъитарин нишонае аз нуфузи сиёсии пешинааш дар расонаҳо дида намешавад.

Дар ниҳоят дар 16-уми феврал Содир Ҷаборов зимни мусоҳиба бо хабаргузории "Кабар" эълон кард, ки ба тозагӣ бо Қамчибек Тошиев мулоқот доштааст ва “…ҳарду дӯст боқӣ хоҳанд монд, аммо ӯ дигар ҳеҷ вазифаи давлатӣ нахоҳад дошт, беҳтар аст истироҳат кунад ва ба саломатиаш бирасад”. Ин изҳорот ба поён расиданаи “Даврони Тошиев”-ро тасдиқ кард. Аммо бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи пешини давлатдорӣ дар Қирғизистон, метавон гуфт, ки ин “ҳукм” метавонад “бозбинӣ” шавад ва куллан тағйир ёбад ва барои содиркунанда мушкилҳое пеш орад.

 

Таҷрибаи нокоми қудрати дугона

Ҳангоме ки дар беш аз панҷ соли пеш эътилофи шимолу ҷанубии “Ҷаборов-Тошиев” ҳукуматро дар ихтиёр гирифт, чунин ба назар мерасид, ки яке нақши “бозуи нарм” (сиёсӣ)-ро ва дигаре нақши “бозуи сахт” (қудратӣ)-ро бозӣ мекунад. Аммо дар чанд соли ахир ин формулаи “ҳамёриву ҳамафзоӣ” ба тадриҷ ба “рақобати пинҳон” табдил шуд, ки дар натиҷаи он ду конуни қудрат ба вуҷуд омад. Ҳатто гоҳе чунин ба назар мерасид, ки Тошиев дар ҳукумат ва парлумон бештар аз Ҷаборов нуфуз дорад. Шумори зиёде аз мансабдорони сатҳи марказиву минтақаӣ вафодории худро ба Тошиев тазминкунандаи бақояшон дар вазифа медонистанд. Фаъолияти ҳеч мақоми расмии дигар дар Қирғизистон ба андозаи Тошиев дар расонаҳои ин кишвар бозтоб намеёфт.

Ҳатто дар ҳафтаҳои ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбатҳое аз эҳтимоли муаррифии номзадии раиси КДАМ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон матраҳ мешуд, ки бо дархости 75 нафар арбоби сиёсӣ ва иҷтимоии ин кишвар барои баргузории интихоботи зудҳангом баландпарвозиҳои сиёсии Тошиев намоёнтар шуд. Ба маҳзи барканории Тошиев “довталабона” истеъфо додани раиси парлумони Қирғизистон Нурланбеку Тургунбек уулу низ баёнгари вуҷуди нимкосаи зери коса буд. Агар Ҷаборов бамавқеъ даст ба кор намешуд, бо пойгоҳи идорие, ки Тошиев барои худ сохта буд, амалӣ кардани чунин як сенария – аз шахси №2 ба шахси №1 расидан низ аз эҳтимол дур набуд.

Аммо таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки мавҷудияти ду конуни қудрати мувозӣ зуд ё дер ба буҳрон меанҷомад. Намунаи боризи онро дар чанд соли пеш дар Қазоқистон мушоҳида кардем. Қосимҷомарт Токаев дар соли 2019 раиси ҷумҳур интихоб шуд, аммо баъзе аз вазирону мансабдорон аз “Китобхона” – дафтари нахустин раиси ҷумҳур ва раиси Шурои амнияти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дастур мегирифтанд. Вуҷуди ду конуни қудрати мувозӣ дар ин кишвар ба рақобати дохилии нухбагон доман зад ва дар ниҳоят дар идораи кишвар мушкилоте пеш овард, ки буҳрони сиёсиву амниятии моҳи январи соли 2022-ро дар пай дошт. Қазоқистон замоне ба шароити одиву маъмулӣ бозгашт, ки қудрати дугона ҷойи худро ба қудрати ягонаву воҳид вогузор кард.

 

Эҳтимолан Ҷаборов маҳз бо дарки таҷрибаи кишвари ҳамсояи худ тасмим гирифт пеш аз он ки интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2027 ба як рақобати хатарнок табдил ёбад, ба дугонагии қудрат хотима диҳад. Зеро вобастагии ниҳодҳои қудратии Қирғизистон ба Тошиев метавонист КДАМ-ро дар рақобатҳои интихоботӣ ба як бозигари фаъоли сиёсӣ табдил кунад, ки бо моҳияти вуҷудии ин ниҳод комилан носозгор аст. Дар ин масир пеш рафтани таҳаввулот метавонист раҳбарии ягона бар ҳукумат, бахусус сохторҳои низомӣ, амниятӣ, интизомӣ ва ҳуқуқиро аз дасти раси ҷумҳур хориҷ кунад. Бинобар ин, раиси ҷумҳури Қирғизистон бо барканории Тошиев ба таври возеҳу рушан ба нухбагони кишвараш ин паёмро дод, ки дигар ду конуни қудрат вуҷуд надорад ва ҳар касе дар сохтори ҳокимиятӣ боқӣ монданӣ бошанд, бояд қоидаи нави бозиро пазиранд.

 

Оё нооромӣ имконпазир аст?

Яке аз нигарониҳои асосӣ ин аст, ки барканории ногаҳонии Тошиев аз қудрат ба суботи дохилии Қирғизистон чӣ таъсире хоҳад дошт? Зеро дар ин кишвар риояи мувозинаи манфиатҳои шимолу ҷануб ҳамеша масъалаи ҳассос буда, агар ба барканории Тошиев ба унвони “аз қудрат дур кардани ҷанубиҳо” доман зада шавад, мумкин аст дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳури шакли муборизаи байни ду минтақаро ба худ гирад.  

Мусоҳибаи ёдшудаи Ҷаборов бо хабаргузории "Кабар" нишон медиҳад, ки ӯ ба ин масъала таваҷҷуҳ дошта, саъй мекунад то аз қудрат канор гузошта шудани Тошиев, ба истилоҳ, рангу бӯи минтақаӣ ба худ нагирад. Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат барои роҳ надодан ба истифодаи омили минтақаӣ дар муборизаҳои сиёсӣ талошҳои зиёде анҷом додааст, ки яке аз иқдомоти муҳим таъйини роҳбарони вилоятӣ, шаҳриву ноҳиявии “шимолӣ” дар ҷануб ва “ҷанубӣ” дар шимол мебошад. Ҷаборов мехоҳад ин иқдомро дар сатҳи сохторҳои дигари маҳаллии кишвараш низ роҳандозӣ кунад.

То кунун барканории Тошиев ҳеч гуна вокунишҳои ҷиддии сиёсӣ, аз ҷумла эътирозҳои хиёбониро дар пай надоштааст. Ин масъала пеш аз ҳама ба он иртибот дорад, ки пойгоҳи идорӣ аз ихтиёри Тошиев хориҷ шудааст. Аммо кафолати адами чунин тасмим дар оянда ҳам нест.

 

Манфиатҳои бозигарони хориҷӣ

Кишварҳои хориҷӣ ба сурати табиӣ барканории Тошиевро як масъалаи сирфан дохилии Қирғизистон медонанд, аммо нисбат ба таъсири эҳтимолии он ба муносибатҳояшон бо ин кишвар бетаваҷҷуҳ нестанд.

Бетардид кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳазф шудани як конуни қудрати мувозии дар ҳоли табдил шудан ба рақиби раиси ҷумҳури Қирғизистон истиқбол мекунанд. Русия низ ба унвони яке аз шарикони муҳимму роҳбурдии Қирғизистон аз поён ёфтани дугонагии қудрат дар ин кишвар ва тақвияти мавқеи раиси ҷумҳури он эҳсоси ризоят дорад.

Барои Чин низ ба сурати калон суботу амнияти Қирғизистон ва коромадии сохторҳои он муҳим аст, то дар иҷрои ҳамкориҳои дуҷониба ва минтақаии Пекин халале ворид нагардад.

Туркия бархилофи Чин ба равобити хусусӣ бо иртибот чеҳраҳои калидии қудрат дар ҳар кишваре таваҷҷуҳ дорад, ки ин масъала ба Қирғизистон низ марбут мешавад. Аммо аз вуруд ба ихтилофоти дохилии қудрат дар кишварҳое, ки мумкин ба раванди ҳамгироии туркӣ халал ворид кунад, парҳез менамояд. Шояд минбаъд тамаркузи ин кишвар ба тақвияти ҳамкорӣ бо Ҷаборов бештар мушоҳида шавад.

ИМА ва Иттиҳоди Аврупо ба эҳтимоли зиёд ба таҳаввулоти дохилии Қирғизистон аз зовияи рақобати худ бо Маскав ва Пекин нигоҳ мекунанд. Барои ҳардуи ин бозигар нуктаи муҳим ва роҳбурдӣ пойбандии Бишкек ба уҳдадориҳо дар мавриди ҳамкорӣ дар заминаи истифода аз захираҳои табиии ҳаётист, ки ба он ба унвони фурсати муқовимат бо нуфузи Русия, Чин ва Эрон нигоҳ мекунанд.

 

Хулоса

Барканории Қамчибек Тошиев ба як давраи чолишбарангезу хабарноки қудрати мувозӣ дар Қирғизистон поён дод. Ин иқдом нишон медиҳад, ки дар шароити кишварҳои Осиёи Марказӣ мавҷудияти ду маркази қудрат зуд ё дер ба буҳрон меанҷомад. Ҷаборов бо ин тасмим на танҳо мавқеи шахсии худро уствортар кард, балки ба нухбагони сиёсӣ ин паёми равшанро фиристод, ки қоидаҳои бозӣ дигар шуда ва аз ин ба баъд танҳо як конуни қудрат вуҷуд дорад. Сарнавишти Тошиев бори дигар ҳаққонияти зарбулмасали маъруфро собит кард, ки “Бозӣ макун ба арбоб, арбоб занад ба ҳар боб…”

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.