Дар Тоҷикистон лоиҳаи миллии таълимии "Омӯзгор барои Тоҷикистон" ("Teach For Tajikistan") оғоз мешавад. Ин на танҳо як имкони хуб барои омӯзгорон ҷиҳати андӯхтани таҷриба, балки имкони омӯзишу гирифтани маълумот барои кӯдаконест, ки дар минтақаи онҳо дастрасӣ ба таълими босифат маҳдуд аст.
Барномаи таълимии "Teach For All — Global Network" дар зиёда аз 60 кишвар фаъолият мекунад. Акнун дар Тоҷикистон лоиҳаи "Teach For Tajikistan"-ро, ки ба такмили низоми маорифи кишвар нигаронида шудааст, амалӣ мекунад. Бо ин мақсад, дар марҳилаи шарикӣ бо "Teach For All" ташаббуси миллӣ аллакай аз лиҳози стратегӣ ва омӯзгорӣ дастгирӣ ёфт, то ки лоиҳа дар кишвари мо муваффақона оғоз шавад.
Моҳияти "Teach For Tajikistan" чист?
Созмони ҷамъиятии хайриявии "Teach For Tajikistan" 31-уми декабри соли 2024 ба қайд гирифта шуд. Моҳи марти соли 2025 он бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расонид. Аз ҳамон вақт барнома бо ин ниҳод амалӣ мешавад.
"Teach For Tajikistan" барномаи омӯзишу таълимиест, ки тариқи омодагӣ ва дастгирии омӯзгорони тайёр барои кор дар мактабҳои минтақа амалӣ мешавад.
Мақсади асосии он, додани имкон ба кӯдакони деҳот ҷиҳати таҳсил ва гирифтани маълумот на танҳо аз омӯзгорони ҳирфаӣ, балки аз муаллимоне, ки дар синф муҳити дӯстона эҷод мекунанд ва мавзӯи худро ҷолиб таълим медиҳанд.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба STEM-самт (риёзӣ, физика, информатика ва кимиё), инчунин забонҳои хориҷӣ (англисӣ, русӣ) дода мешавад.
Матлуба Солеҳова, ҳаммуассис ва мудири кулли "Teach For Tajikistan" гуфт:
“Хатмкардагони барнома метавонанд роҳҳои мухталиф дошта бошанд. Касе дар мактаб монда, таълим медиҳад. Яке директор ё методист мешавад. Нафари дигар лоиҳаҳои таълимӣ ва иҷтимоӣ роҳандозӣ намуда, бо имконоти фарогир кор мекунад. Чанде ба дастгирии кӯдакони лаёқатманд, технологияҳо ва таҳқиқот машғул мешавад. Яке ба сохтори идоракунии давлатӣ ё ба корҳои таҳлилӣ ба соҳаи маориф меравад. Дар ҳамаи ин самтҳо онҳо ба рушди низоми таълим саҳм мегузоранд. Вижагии "Teach For Tajikistan" маҳз дар ҳамин нигоҳи дарозмуҳлат аст. Мо бо кори иштирокчӣ дар мактаб маҳдуд нашуда, огоҳона онро ба рушди минбаъда сармоягузорӣ мекунем".

Фёдор Шеберстов, намояндаи минтақавии "Teach For All — Global Network" дар Осиёи Марказӣ мутмаин аст, ки заҳмати муаллим дар минтақаҳои дурдаст ба фидокорӣ баробар аст ва чунин омӯзгорон барои шогирдон намунаи ибрат мешаванд.
“Ҳадафи аслӣ, тайёр кардани захираи оянда барои низоми маориф аст. На танҳо муаллимоне, ки бо тарзи нав таълим дода тавонанд, балки кадрҳои нави омодагардида, ки ба таълими насли наврас саҳми худро мегузоранд”, – гуфт ӯ.
Кӣ метавонад иштирокчии "Teach For Tajikistan" шавад?
Шаҳрванди Тоҷикистон, ҳама гуна хатмкарда ё донишҷӯи курсҳои охири мактабҳои олӣ метавонанд иштирокчии ин барнома шаванд. Доштани маълумоти омӯзгорӣ ҳатмӣ нест: дар ҷараёни омодагӣ ба иштирокчиён асосҳои таълим, методика, кор бо кӯдакон ва технологияҳои муосири таълим омӯзонида мешавад.
Аз ҳама муҳим, хоҳиши кор кардан дар мактабҳо ва гузоштани саҳм ба низоми маориф, бахусус дар минтақаҳои деҳот дошта бошанд.

Иштирок бар асоси озмун
Барои ширкат бояд аз чанд марҳила гузашт:
– пешниҳоди онлайн-дархост;
– гузаштан аз мусоҳиба ва музокираи муайян кардани ҳадафҳо;
– гузаштан аз марҳилаи амалӣ бо модел кардани машғулиятҳо;
– гузаштан аз мусоҳибаи хотимавӣ.
"Teach For Tajikistan" шумори маҳдуди ҷойҳо пешниҳод мекунад: ба ҳар як мавқеъ, 30-40 номзад.
Омӯзиш чӣ гуна сурат мегирад?
Барномаи таълимӣ 2 сол давом ёфта, аз донишкадаи тобистона, таълим, омӯзгорӣ ва кор бо ҷомеа иборат аст.
Донишкадаи тобистона. Ин марҳилаи омодагӣ пеш аз оғози таълим буда, моҳиятан марҳилаи охири интихоб мебошад. Он 5 ҳафта давом мекунад. Дар ҳафтаҳои 1-3-юм таълими босуръати тарзу равишҳои омӯзгорӣ, асосҳои равоншиносӣ ҷараён гирифта, иштирокчиён ҳамчунин низоми маорифи Тоҷикистон, мушкилоти рӯзмарра ва дигар масоили муҳими ин соҳаро меомӯзанд.
Дар идома урдӯгоҳ (лагер)-и таълимӣ ташкил мешавад, ки 2 ҳафта идома меёбад. Давоми ин муддат иштирокчиён бо кӯдакони мактабҳое, ки дар онҳо оянда дарс медиҳанд, ба таври воқеӣ машғулият мегузаронанд. Онҳо малакаҳои роҳбарии худро дар амал нишон дода, комиссияи коршиносон ба он баҳо мегузорад. Сипас, иштирокчиён тасдиқи расмии иҷоза ба таълим доданро дарёфт мекунанд.

Таълим дар мактабҳо. Пас аз донишкадаи тобистона иштирокчиён ба таҷрибаи 2-солаи омӯзгорӣ фиристода мешаванд. Онҳо ба сарбории пурраи омӯзгорӣ кор карда, дар тренингҳои мунтазами касбӣ, семинарҳо, давраҳои такмили ихтисос иштирок мекунанд ва ба платформаҳои пӯшидаи таълимӣ дастрасӣ пайдо карда, барои худ масъули шахсӣ, муаллими касбӣ ва дигар шахсони заруриро доранд.
Хатмкардагони "Teach For Tajikistan" дар куҷо кор мекунанд?
Аксаран дар мактабҳои деҳот ва дурдаст кор мекунанд Хатмкардагон ҳамчунин, метавонанд дар мақомоти давлатӣ, соҳаи маориф низ кор карда, лоиҳаҳои "EdTech" роҳандозӣ кунанд. Ғайр аз ин, метавонанд созмонҳои ғайриҳукуматӣ ё ҷамъиятӣ таъсис дода, ташаббусҳои иҷтимоӣ зоҳир намоянд.
“Баъди 2 сол, хатмкунандагони мо мактабро бо таҷрибаи нодир тарк мекунанд. Онҳо медонанд, ки низоми таълим дар минтақаҳо воқеъан чӣ гуна кор мекунад, кӯдакону омӯзгорон бо кадом мушкилот дучор мешаванд ва чӣ чиз воқеан кӯмак мекунаду чӣ чизҳо як расмият боқӣ мондаанд. Ин донишро наметавон дар як донишгоҳ ё барномаи идоракунии таълимӣ дарёфт, зеро онро метавон танҳо дар таҷриба омӯхт”, – зикр кард Матлуба Солеҳова.
Оё барои иштирокчиён ягон хел дастгирӣ ҳаст?
Бале, идропулӣ ва ҷуброни хароҷоти заминавӣ, дастгирии моҳонаи омӯзгор, дастгирии методӣ ва маънавӣ, кумак дар рушди касбӣ ва дастрасӣ ба таҷрибаи байнулмилалӣ.

Дар куҷо метавон барои иштирок дархост дод?
Дар сомонаи расмии "Teach For Tajikistan" – teachfortajikistan.org.
Шумо ҳам метавонед ба барнома кумак кунед
"Teach For Tajikistan"-ро метавон бо тарзҳои гуногун дастгирӣ кард: дастгирии молиявӣ, ризкорӣ, дастгирии иттилоотӣ ва шарикии соҳавӣ.
Ҳамчунин метавон таҷҳизот, мебел, китоб, бино барои дарсҳои фарогир (инклюзивӣ) ва STEM-синфҳо пешниҳод кард ё аз лиҳози масоили техникӣ ва логистика кумак кард.
Суроға: Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 13/1
Телефон: (+992) 48 701 7010 ( аз соати 10:00 то 16:00).



