Маркази миллии патенту иттилоот мегӯяд, то ҳол дар Тоҷикистон қариб 3 ҳазору 600 ихтироъкорро ба қайд гирифтаанд, ки онҳо дар соҳаҳои тиббу кишоварзӣ, металургия, саноату нақлиёт, барқу сохтмон навоварӣ кардаанд. Танҳо соли 2025-ум 173 ариза дар бораи ихтироъот ба ин ниҳод пешниҳод гардидааст, ки ба 88 – тои он нахустмуҷаввиз додаанд.
Мирзо Исмоилзода, роҳбари ин Марказ ба “Азия-Плюс” гуфт, шумораи аризаҳои воридшуда нисбат ба соли 2024-ум (118 ариза) 55 адад ва нахустпатент 20 (108) адад зиёд мебошад.
Номбурда афзуд, ки бархе ихтироот дорои чанд муаллиф аст, вале танҳо ба худи ихтироъ як патент ва ба дигарон ҳуқуқи муаллифӣ медиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, ихтироъкорони тоҷик бештар ба соҳаҳои тиб, кишоварзӣ, дорусозӣ таваҷҷуҳ доранд.
“Қисме аз ихтироъҳо аллакай дар бахшҳои гуногун истифода мешаванд. Аз ҷумла, бештари асбобҳои махсусе, ки дар соҳаи тиб ихтироъ шудаанд, духтурон дар беморхонаҳо дар амалиётҳои ҷарроҳӣ истифода мекунанд”,-гуфт номбурда.
Онҳо чӣ ихтироъ кардаанд?
Тибқи маълумоти ин ниҳод ихтироъкорони тоҷик аз соли 2012 то 2023-юм 1 ҳазору 8 навоварӣ кардаанд, ки ҳамагӣ беш аз 260 адади он дар амал татбиқ гардидаасту халос. Боқимонда навовариҳо ҳоло дар марҳилаи омӯзиш ва ҷустуҷӯи сармоягузор қарор доранд.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло бештари ихтироъи олимони тоҷик дар соҳаҳои тиб, металлургия, саноати хӯрокворӣ, сохтмон, химия, физика, гармидиҳӣ, механика, барқ, мошинсозӣ, байторӣ ва хоҷагии қишлоқ истифода мешаванд.
Мирзо Исмоилзода таъкид кард, бештари ихтироъҳо ҳоло танҳо дорои санади татбиқи озмоишӣ буда, ҷиҳати пурра дар истеҳсолот амалӣ гардидани онҳо, сармоягузорӣ зарур аст.
Номбурда илова кард, ки раванди фурӯши ихтироъҳо тавассути бастани шартномаи дуҷониба байни ихтироъкор ва харидор анҷом дода мешавад.
“Аммо мушкиле, ки дар ин самт вуҷуд дорад, ки набудани нархгузорони касбии соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад. Аз ин сабаб нархи ихтироъро худи ихтироъкор вобаста ба аҳамият ва хароҷоти сарфшуда мустақилона муайян мекунад. Барои ҳалли ин мушкил бо ибтикори Идораи патентии Тоҷикистон мутахассисон дар риштаи нархгузории объектҳои моликияти зеҳнӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таҳсил карда истодаанд”, – иброз дошт ӯ.
Намунаи ихтироъи олимони тоҷик дар соли 2025
Ба иттилои мақомот, соли гузашта, олимон ва ихтироъкорони тоҷик дар соҳаҳои тиб, кишоварзӣ, химия, саноати хӯрокворӣ ва металургия дастовардҳо ба даст оварданд, ки ҳашт намунаи онҳоро дар зер меоварем:
1. Сӯзани махсус барои дӯхтани захмҳои ҷарроҳӣ. Ин асбоб дар амалиётҳои ҷарроҳӣ истифода мешавад ва кори духтурро осонтар мекунад.
2. Усули нави ба даст овардани нури минералии гуминдор. Ин кашфиёт дар соҳаи химияи минералӣ ва энергетика татбиқ мешавад.
3. Биопардаи зиддимикробӣ барои маҳсулоти хӯрокворӣ. Ин парда хӯрокҳои тозаро аз бактерияҳо муҳофизат мекунад ва мӯҳлати нигоҳдории онҳоро дароз мекунад.
4. Усули беҳтар кардани хокҳои шӯр. Ин тарз хоки шӯрро барои зироат мувофиқ мекунад ва ҳосилнокии заминро меафзояд.
5. Хӯроктақсимкунаки пневматикӣ. Дастгоҳест, ки хӯрок ва дигар маводҳоро дар истеҳсолот зуд ва самаранок тақсим мекунад.
6. Иловаи зиддидудӣ. Ин модда аз ифлосшавии ҳаво пешгирӣ мекунад ва ба муҳофизати муҳити зист кӯмак мерасонад.
7. Усули электрохимиявии сайқалдиҳии маснуоти нуқрагӣ. Бо ёрии ин усул маснуоти нуқрагӣ ва металлҳои дигарро равшан ва зебо мекунанд.
8. Дастгоҳи ба даст овардани гази гидроген тавассути электролизи об. Ин дастгоҳ аз об гази гидроген истеҳсол мекунад ва барои энергияи тоза ва сабз кор мебарад.
Чанд соли охир, мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, ки соҳаи ихтироъкорӣ дар кишвар рушд карда, таваҷҷӯҳи наврасону ҷавонон ба илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ бештар гардад. Ҳоло дар кишвар ҳар сол озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ва дар ду сол як маротиба озмуни ҷумҳуриявии “Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон” баргузор мегардад.
Соли гузашта дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” 156 нафар ғолиб дониста шудаанд, аз ҷумла 26 нафар соҳиби ҷойи аввал, 52 нафар ҷойи дуюм ва 78 нафар ғолиби ҷойи сеюм гардидаанд. Ду соли охир бинобар набудани довталаби арзанда “Шоҳҷоиза”-и озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ба касе дода нашуд.



