Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Афсона дар бораи харгӯшак ва рӯбоҳак” ба саҳна гузошта мешавад. Архиши чипта барои вуруд 25 сомонӣ буда, метавон аз сомонаи ticketon харидорӣ кард. 

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2001 – Дар парлумони Тоҷикистон ду гурӯҳи вакилони мардумӣ сабти ном гардиданд: фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва гурӯҳи “Ваколатдори мардум”.

Соли 2007 – Байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар бораи сохтмони хатти интиқоли барқи 220 кВ аз Нерӯгоҳи барқӣ-обии "Вахш" то "Шерхон-Бандар", воқеъ дар марзи Афғонистон созишнома ба имзо расид.

Соли 2018 – Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон маркази савдои маҳсулоти Тоҷикистон, ки аз ҷониби гурӯҳи ширкатҳои “Ғаюр” таъсис ёфтааст, ифтитоҳ гардид.

Соли 2018 – Аввалин луғати онлайнии тоҷикӣ бо номи “Вожаҷӯ” дар шабакаи интернет тавассути суроғаи vazhaju.com дастрас гардид. Ин важанома бо мақсади фароҳам овардани имконияти ҷустуҷӯ ва омӯзиши вожаҳои забони тоҷикӣ барои доираи васеи истифодабарандагон таҳия шудааст.

Cоли 2018 – Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Президенти Тоҷикистон” ба имзо расид.

Соли 2019 – Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

Соли 2019 – Ба Додгоҳи олии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноии беш аз 30 гумонбари иштирокчии ошӯб дар муассисаи ислоҳии низомаш сахти №3/3-и шаҳри Хуҷанд ирсол шуд, ки сири “маҳфӣ” дошт.

Шаби 7 ба 8-уми ноябри соли 2018, дар ин муассиса ошӯби хунине рух дод, ки дар натиҷаи он, 25 нафар, аз ҷумла ду корманди маҳбас ба ҳалокат расиданд. Мақомоти расмӣ ин ҳодисаро ба аъзои гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ” нисбат доданд. Пас аз таҳқиқоти муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон, парвандаҳои ҷиноятии беш аз 30 иштирокчии ин ошӯбро бо нишони “махфӣ” ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол карданд.

Соли 2020 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи бахшида ба 27-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъкид намуд, ки фарзандони аъзои ҳукумат бояд дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хидмат кунанд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1932 – Зодрӯзи Ҳомид Аҳмадов, муаррихи тоҷик, доктори илми таърих.

Соли 1945 – Ҳабиб Юсуфӣ, шоир, мунаққид, ва адабиётшиноси тоҷик дар синни 29-солагӣ дар яке аз муҳорибаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) дар назди Полша ба ҳалокат расид.

Ӯ 14 феврали соли 1916 дар Самарқанд таваллуд шуда, баъди хатми факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба омӯзиш ва таҳқиқи адабиёт машғул гардид. Соли 1942 ихтиёрӣ ба ҷанг рафта, 22-юми феврали соли 1945 дар деҳаи Вешкуви назди Варшаваи Полша ҳалок шуд.

Вай бо навиштаҳои ҷаззоби худ собит кардт, ки дар қолаби лирикаи ишқӣ ҳам ҳисси баланди шаҳрвандӣ ва ватандустиро инъикос кардан имкон дорад.

Ватану ватанпарастӣ аз мавзӯъҳои умдаи шеъри ӯст. Шеърҳои “Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар”, “Аз ҳавою обу замин”, “Интиқом” “Ишқи Ватан”, “Ба ҳар куҷот равам, дил диёри ман гӯяд” аз беҳтарин намунаҳои лирикаи ватандӯстӣ дар адабиёти тоҷиканд.

Соли 1948 – Зодрӯзи Хайрулло Сайфуллоев, забоншиноси тоҷик, омӯзгори забони олмонӣ.

Соли 1951 – Зодрӯзи Исмоил Назрӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистон.

Исмоил Назрӣ, овозхон ва оҳангсози тоҷик, фарзанди Абдуллоҳ Назрӣ, Ҳофизи халқии Тоҷикистони шӯравӣ буда, соли 1951 дар Дарвоз ба дунё омадааст.

Ӯ барои таронаҳояш асосан аз осори классикон суруд интихоб мекунад ва пайрави равия, усул ва мактаби падараш Абдуллоҳ Назрӣ мебошад.

Номбурда хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Институти давлатии педагогии Душанбе буда, баъди анҷоми таҳсил дар ҳамин ҷо ба таълими шогирдон оғоз кард ва ҳамзамон роҳбарии дастаи ҳаваскорони донишкадаро ба ӯҳда дошт. Бо ибтикори ӯ он ҷо дастаи ҳунарии “Наргис” таъсис ёфт, ки миёни дастаҳои ҳунарии макотиби олии ҷумҳурӣ соҳиби мақом гардид.

Бо таъсиси Консерваторияи миллии Тоҷикистон (соли 2004) дар ин ҷо ба сифати устоди кафедраи овозхонии анъанавӣ фаъолияташро шурӯъ намуд ва чанд сол муовини ректори ҳамин боргоҳи ҳунар буд.

Соли 1952 – Зодрӯзи Ҷумъабой Сангинов, пизишк, муовини пешини раиси вилояти Суғд.

Фаъолияти коришаро дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии №1-и шаҳри Душанбе оғоз кард. Минбаъд аз соли 1976 то соли 1980 дар Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳ ба ҳайси духтури ҷарроҳ фаъолият кардааст. 

Аз соли 1985 то соли 1987 сардори шӯъбаи кадрҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон буд. Солҳои 1987-1991 дар вазифаи сардухтури Диспансери ҷумҳуриявии саратоншиносӣ, аз соли 1991 то соли 1996 сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе буд.

Баъдан, аз соли 2000-ум то 2011-ум 3 даъвати Маҷлиси Олӣ – даъватҳои II, III, IV, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон интихоб шудааст. Роҳбари фраксияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон буд.

Дар ин замон ҳамеша бо ҷомеа ва расонаҳои кишвар иртибот дошт. Аз вакилони ҲХДТ буд, ки аз суҳбат бо расонаҳо худдорӣ намекард. 

Соли 2011 муовини аввали раиси вилояти Суғд таъйин гардид. Дар ин солҳо лаҳзаҳои ҳассоси баҳсҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон идома дошт. Ҷумъабой Сангинов дар ин давра низ аз чеҳраҳои матраҳ буд. Соли 2015 аз вазифаи муовини якуми раиси вилояти Суғд ба нафақа рафт. 

Ҳоло машғули фаъолияти тиббӣ ва тадриси донишҷӯён мебошад.

Соли 1953 – Зодрӯзи Абдуалӣ Абдуманнонов, физикдони тоҷик, доктори илмҳои физикаю математика.

Соли 1967 – Зодрӯзи Марат Мамадшоев, яке аз рӯзноманигорони шинохта ва аз муҳаррирони варзидаи Тоҷикистон.

Ӯ солҳо дар Оҷонсии иттилоотии "Азия-Плюс" аввал ба ҳайси рӯзноманигор ва солҳои дароз ба сифати муҳаррир ва сармуҳаррир кор кардааст. Ӯ яке аз рӯзноманигорони шинохта ва муҳаррирони варзидаи Тоҷикистон аст. Ҳоло дар IWPR дар Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррир кор мекунад. 

Соли 2011 – Сафармуҳаммад Аюбӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, драманавис дар синни 65-солагӣ даргузашт.

Сафармуҳаммад Айюбӣ аз сухансароёни нуктасанҷест, ки асосан бо эҷоди асарҳои саҳнавӣ дар адабиёти тоҷик номи худро сабт кардааст. Ӯ муаллифи беш аз 200 асари саҳнавӣ буда, беш аз 40 адади онҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он саҳнагузорӣ шудаанд.

Ӯ таҳсилкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, рӯзноманигорӣ низ кардааст. Як муддат сармуҳаррири шуъбаи фарҳангу адабиёти телевизиони "Сафина", сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанг ва мудири шуъбаи фарҳанги шаҳрдории Душанбе будааст.

Айюбӣ муаллифи маҷмӯаҳои “Гули гандум”, “Роҳи  сафар”, “Шохаи барқ”, “Фалаки   роғӣ”,  достонҳои “Хоҳиши  дарё”, “Мунзим”, “Вафои Зарробӣ”, “Маснавии мирӣ” ва “Шаҳриёрнома” аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Ҳамасола, 22-юми феврал дар бисёр кишварҳои ҷаҳон Рӯзи дастгирии қурбониёни ҷиноятҳо таҷлил мешавад, ки он ғайрирасмӣ буда, бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳ ба одамони аз амалҳои ҷиноятӣ зарардида таҷлил карда  мешавад. Имрӯз, дар ҷаҳон бештар аз 200 барнома барои кӯмак ба қурбониёни ҷиноятҳо фаъолият мекунад.

Ҳамчунин, 22-юми феврал дар ИМА Рӯзи таваллуди Ҷорҷ Вашингтон – аввалин президенти ИМА ва яке аз асосгузорони кишвар таҷлил мешавад. Ҷорҷ Вашингтон 22-юми феврали соли 1732 таваллуд шудааст ва дар истиқлолияти Амрико, таъсиси ҳукумати федералӣ ва рушди ибтидоии кишвар нақши калидӣ доштааст.

То соли 1971, 22-юми феврал дар ИМА ҳамчун “Рӯзи Вашингтон” (Washington's Birthday) ҷашн гирифта мешуд ва баъд он ба таври ғайрирасмӣ “Рӯзи президентҳо” (Presidents' Day) номгузорӣ шуд, гарчанде ки тибқи қонун номи расмии он ҳамоно “Рӯзи Вашингтон” боқӣ монд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -3+2º, дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 33-35º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 3+5º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 20+22º гарм, шабона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 3-5º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 22 ба 23-юми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...