Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026

Asia-Plus

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 33-солагии Артиши миллии Тоҷикистон чорабинии асосии идона баргузор мешавад.

– Имрӯз соати 10:00 дар Мактаби бачагонаи санъат ба номи Одина Ҳошим бо иштироки сарбозону афсарон ва намояндагони ҳуқумати шаҳр ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ чорабинии асосии шаҳрӣ доир мешавад.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи 23-юми феврали соли 1993 Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон таъсис ёфт. Дар ин рӯз аввалин гузашти низомии Артиши миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҳамасола, 23-юми феврал дар Тоҷикистон расман ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ таҷлил мешавад.

Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муборак бод!

Соли 1925 – Дар Душанбе аввалин беморхонаи ҷумҳуриявӣ – “Беморхонаи ҷарроҳии чашм” кушода шуд.

Соли 1965 – Аввалин маротиба Заводи яхдони Душанбе мавриди истифода қарор гирифт.

Соли 2010 – Бо қарори Маҷмаи умумии СММ ҷашни "Наврӯз" мақоми байналмилалӣ гирифт.

Соли 2017 – Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон соҳиби иншооти нави таълимӣ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1931 – Мавлуди Шароф Маҳмудов, ҳуқуқшинос, собиқ вазири адлия ва раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон.

Аз Шароф Маҳмудов ҳамчун охирин раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистони Шӯравӣ ва аввалин раиси Додгоҳи олии Тоҷикистони соҳибистиқлол ном мебаранд, ки зери Эъломияи истиқлоли Тоҷикистон имзо гузошт ва онро расмӣ кард.

Ӯ факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти худро ба ҳайси додраси Додгоҳи шаҳри Хуҷанд оғоз карда, солҳои 1971-1978 муовини вазири адлия ва солҳои 1978-1990 вазири адлияи Тоҷикистон буд.

Вай соли 1990 раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон таъин гардид ва то соли 1994 дар ин вазифа кор кард. Баъд  бознишаста шуд.

Шароф Маҳмудов 25 -умиавгусти соли 2020 дар синни 90-солагӣ даргузашт.

Соли 1935 – Ином Бобоҷонов, химик, номзади илмҳои физика ва математика 91 сола шуд.

Ином Бобоҷонов яке аз поягузорони таҳқиқоти физикаи ҳастаӣ дар Тоҷикистон буда, дар ташкили кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ ва Эксперименти машҳури "Помир" саҳми арзанда доранд. Муаллифи мақолаву китобҳои зиёде ҳастанд, ки барои донишҷӯёну муҳаққиқон арзишманд аст.

Ӯ хатмкардаи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин бо ихтисоси физика буда, аз соли 1959 дар Маркази байналмиллалии таҳкикоти ҳастаӣ дар назди Пажуҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи Умарови Академияи илмҳои Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2013 то 2017 ходими пешбари илмии Институти физикаю техникаи ин Институт буд.

Ӯ дар соҳаи физикаи ҳастаии атом, физикаи зарраҳои бунёдӣ ва физикаи нурҳои кайҳонӣ дар солҳои 1962 – 2012 дар маҷаллаҳои илмӣ 170 мақола чоп кардааст.

Соли 1936 – Мавлуди Исроил Исмоилов, забоншиноси тоҷик.

Соли 1938 – Зодрӯзи Амон Нуров, донишманд, луғатшиноси варзидаи тоҷик.

Амон Нуров яке аз пуркортарин олимони соҳаи луғатшиносии тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ дар таҳияи илмии “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ҳамчун яке аз мураттибон саҳми арзанда гузоштааст.

Саҳми ӯ дар баргардон ва таҳияи фарҳангҳои классикӣ ба хати сириллик хеле бузург аст. Аз ҷумла, “Фарҳанги осори Ҷомӣ”, “Фарҳанги осори Рӯдакӣ”, “Ғиёс-ул-луғот”, “Чароғи ҳидоят”, “Бурҳони қотеъ” бо кӯшиши ӯ ба нашр расидаанд.

Инчунин, ӯ муаллифи силсиламақолаҳои илмӣ дар ҷилдҳои “Энсиклопедияи советии тоҷик” аст.

Ӯ худ дар факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсили илм намуда, солҳои 1959-1966 ходими илмии Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакии Академияи илмҳо ва дар як вакт наттоқи теливизиони навбунёди тоҷик буд.

Сипас як муддат дар яке аз мактабҳои ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун муаллим дарс гуфта, соли 1969 ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик ба кор омад ва чун муҳаррири калон фаъолият мекард.

Ӯ 9-уми августи соли 2020 дар 82-солагӣ даргузашт.

Соли 1946 – Мавлуди Шариф Назаров, футболбоз (ҳимоятгар) ва муррабии шинохтаи тоҷик.

Шариф Назаров ҳамчун футболбоз кам дар майдон буд, вале аз мутахассисони маъруфи футболи тоҷик ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, зери сармураббигии ӯ дастаи миллии Тоҷикистон соли 2006 Ҷоми даъвати КФО-ро соҳиб шудааст.

Ҳамчунин, таҳти роҳбарии ин мутахассис дастаи “Помир”-и Душанбе дар замони Иттиҳоди шӯравӣ соли 1988 дар лигаи якум ғолиб омада, ба лигаи олии Иттиҳоди Шӯравӣ роҳ ёфта буд.

Бо роҳбарии Шариф Назаров “Помир” ду бор қаҳрамони Тоҷикистон (1992 ва 1995) ва барандаи Ҷоми кишвар (1992) шуд. Ӯ дар солҳои 1994-1995 сармураббии дастаи “Навбаҳор” –и Ӯзбекистон буд.

Соли 1997 ба Тоҷикистон баргашт ва сармураббии “Помир” таъйин шуд. Зери роҳбарии ӯ, ҳамчунин, дастаи “Варзоб”-и Душанбе ду бор (1999 ва 2000) қаҳрамони Тоҷикистон ва як бор (1999) барандаи Ҷоми кишвар шудааст.

Солҳои 2001-2002 сармураббии дастаи “Фаррух”-и Ҳисор, солҳои 2003-2005 сармураббии “Авиатор” (баъдан “Парвоз”)-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2006-2007 сармураббии “Хима”-и Душанбе буд.

“Авиатор” бо роҳбарии ин мураббии пуртаҷриба ду бор (2003, 2004) соҳиби медали биринҷӣ шуда, як дафъа (2004) Ҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст.

Шариф Назаров хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва мактаби олии мураббиёни шаҳри Маскав ва мураббии шоистаи Тоҷикистон буд. Ӯ ягона намояндаи аз кишварҳои Осиёи Марказӣ буд, ки унвони “Мураббии шоистаи СССР”-ро дошт.

Шариф Назаров аз моҳи июни соли 2009 раиси бошгоҳи футболи “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода буд. Баъдан дар Душанбе мактаби футболи Шариф Назаров таъсис ёфт, ки ӯ ҳамроҳи шогирдонаш ба тарбияи футболбозони наврас машғул буд.

Ӯ 30-юми декабри сооли 2025 дар 80-солагӣ даргузашт.

Соли 1947 – Зодрӯзи Назарбек Абдолов, адабиётшиноси тоҷик.

Соли 1961 – Зодрӯзи Шариф Ҳакимзода, вакили парлумони кишвар дар ду даъвати охир.

Соли 1963 – Мавлуди Лола Азизова, овозхони шинохтаи тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Лола Азизова, ки яке аз сарояндагони пешгоми “Шашмақом” аст, Омӯзишгоҳи мусиқии ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷандро хатм кардааст.

Ӯ фаъолияти ҳунарии худро соли 1982 ҳамчун овозхони дастаи бонувони рубобии Филармонияи давлатии Тоҷикистон оғоз карда, минбаъд ба ҳайси сарояндаи ансамбли мақомхонони Кумитаи телевизион ва радио ва овозхони дастаи ҳунарии “Дарё” фаъоляият кардааст.

Лола Азизова офарандаи маҷмӯи таронаҳои халқию касбии “Афсонаи ишқ”, “Нилуфар”, “Рубоиҳои саргаҳи Зарафшон”, “Наврӯз”, “Ганҷи дил”, “Шаби борон”, “Алла” аст.

Пиромуни корнома ва эҷоди Лола Азизова дар мусоҳибаи "Азия-Плюс" бахшида ба 60-солагии сароянда дар матлаби Лола Азизова: Дар ҷодаи санъат худамро қурбон кардам мутолиа кунед.

Соли 1967 – Зодрӯзи Абдумалик Давлатов, доктори илмҳои тиб.

Соли 1970 – Алоуддин Баҳоуддинов, файласуф, доктори илмҳои фалсафа дар синни 58-солагӣ даргузашт.

Соли 1984 – Мавлуди Бахтовар Раҳмонзода, директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон.

Бахтовар Раҳмонзода аз соли 2023 роҳбари Филармонияи давлатии Тоҷикистон буда, аз рӯйи тахассус коргардон аст. Ҳамчунин, дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ва Академияи идоракунии давлатӣ бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва идоракунии давлатӣ таҳсил намудааст.

Фаъолияти ӯ соли 2003 дар Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ оғоз шуда, беш аз даҳ сол – то соли 2014 мутахассиси студияи сабти овоз буд. Аз соли 2015 муовини аввали директори Иттиҳодияи давлати гурӯҳҳои эҷодию консертӣ, баъдан аз соли 2017 то соли 2023 директори Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ буд.

Бахтовар Раҳмонзода моҳи сентябри соли 2023 директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон таъйин шуд ва то ҳол дар ин мақом ифои вазифа мекунад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар ин рӯзи соли 2010 дар 64-умин сессияи Маҷмаи умумии СММ "Наврӯз" ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид.

Ин таъкид мекунад, ки "Наврӯз" рамзи эҳёи табиат, эҳтиром ба фарҳангҳи гуногун ва ҳамдилии мардум аст. Ҷашни "Наврӯз" соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ расман ба феҳристи ЮНЕСКО  дохил гардида буд.

Ҳамасола дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо "Наврӯз"  дар сатҳи байналмилалӣ истиқбол гирифта мешавад.

23 феврали соли 1874 барои майдони бозии теннис патент гирифта шуд. Он ба таъсиси аввалин клуби ин бозӣ дар майдони Лимингтон, ки соли 1872 таъсис ёфта буд, рабт мегирад. Онро Хоа Перейра, Фредерик Хейнс ва Уэлсли Томкинсон, ки португалӣ буданд, таъсис доданд. Онҳо майдони теннисро тарҳрезӣ карданд, ки соли 1874 барои он патент гирифтанд.

Имрӯз теннис яке аз намуди варзиши олимпӣ аст.

Соли 1959 дар ҳамин рӯз дар Страсбург аввалини сессияи Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон кушода шуд. Ин додгоҳ як дастгоҳи додгоҳӣ буда, ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон дар саросари давлатҳои узви Шӯрои Аврупо масъул аст.

Додгоҳи Аврупоии ҳуқуқи инсон имрӯз аз 47 додрас иборат аст, ки ҳар яки онҳо ба муддати 9 сол интихоб мешаванд ва метавонанд танҳо як маротиба ба ин вазифа интихоб шаванд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 2+7º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -3+2º, дар баъзе минтақаҳо то 5-7º сард, дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 33-35º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 15+17º гарм, шабона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 21+23º гарм, шабона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 6+8º гарм, шабона 4-6º сард.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 23 ба 24-уми феврал ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...