Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад

Ҳукумати Русия ба Дума ё парлумони ин кишвар лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки дар он барои кормандони хориҷӣ, махсусан муҳоҷирон маҳдудиятҳои нав муқаррар шудааст. Аз ҷумла, дар лоиҳа манъи додани патент ба муҳоҷироне, ки даромади паст доранд, зикр мешавад. Хабаргузории РБК менависад, ки матни лоиҳа дар пойгоҳи электронии парлумон нашр шудааст.  Ҳамчунин, дар санад пешбинӣ шудааст, ки фарзандони шаҳрвандони […]

Ҳукумати Русия ба Дума ё парлумони ин кишвар лоиҳаи қонунеро пешниҳод кардааст, ки дар он барои кормандони хориҷӣ, махсусан муҳоҷирон маҳдудиятҳои нав муқаррар шудааст. Аз ҷумла, дар лоиҳа манъи додани патент ба муҳоҷироне, ки даромади паст доранд, зикр мешавад. Хабаргузории РБК менависад, ки матни лоиҳа дар пойгоҳи электронии парлумон нашр шудааст. 

Ҳамчунин, дар санад пешбинӣ шудааст, ки фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ бо расидан ба синни 18 бояд қаламрави Русияро тарк кунанд ё барои ба кор машғул шудан патент ба расмият дароранд.

Яъне фарзандони ноболиғи муҳоҷирон танҳо дар сурате дар ин кишвар ҳақи иқомат пайдо мекунанд, ки волидайнашон андоз аз даромади шахсони воқеӣ (НДФЛ) ҳам барои худ ва ҳам барои фарзандонашон, ки дар қаламрави кишвар қарор доранд, пардохт кунанд.

"Пас аз расидан ба синни 18 барои тарк кардани қаламрави Русия ё додани ариза барои гирифтани иҷозаи кор барои худ, як моҳ муҳлат дода мешавад", -зикр мешавад дар лоиҳа.

Ғайр аз ин, дар лоиҳаи қонун ба хориҷиёне, ки даромадашон аз ҳадди ақалл (минимум)-и зист паст аст, додан ё дароз кардани муҳлати патент манъ карда мешавад.  Барои ин, мақомоти андоз ба таври худкор ҳар 3, 6, 9 ва 12 моҳ маълумот дар бораи даромади муҳоҷиронро ба ВКД мефиристанд.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Дар Русия пешниҳод доранд, ки муҳоҷирон дар соли аввал ҷои корашонро иваз накунанд

Патенти корӣ ҳуҷҷатест, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ барои фаъолияти қонунӣ дар Русия ҳуқуқ медиҳад.

Он барои шаҳрвандони кишварҳои дорои реҷаи бидуни раводид, аз ҷумла Тоҷикистон ҳатмист.

Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд.

Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши патент ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо машғули кор ба муҷҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.