Хадамоти алоқа барои беҳтар кардани кори почта бо як ширкати хусусӣ $5 млн созишнома бастааст

Хадамоти алоқа бо мақсади рушди хидматрасонии почта, аз ҷумла, рушди худкорсозии ҷараёни номанигорӣ (муросилот) бо ширкати хусусии “Сервис ва технология” ба маблағи 5 млн доллар созишнома ба имзо расонидааст. Ин ниҳод гуфтааст, лоиҳаи мазкур пурра аз ҳисоби ин шаркат сармоягузорӣ мешавад. Ба навиштаи хадамот, созишномаи мазкур рӯзи 23-юми феврал имзо шуда, он ба рушди инфрасохтори соҳаи почта ва […]

Asia-Plus

Хадамоти алоқа бо мақсади рушди хидматрасонии почта, аз ҷумла, рушди худкорсозии ҷараёни номанигорӣ (муросилот) бо ширкати хусусии “Сервис ва технология” ба маблағи 5 млн доллар созишнома ба имзо расонидааст. Ин ниҳод гуфтааст, лоиҳаи мазкур пурра аз ҳисоби ин шаркат сармоягузорӣ мешавад.

Ба навиштаи хадамот, созишномаи мазкур рӯзи 23-юми феврал имзо шуда, он ба рушди инфрасохтори соҳаи почта ва ҷорӣ кардани низоми муосири худкорсозии ҷараёни номанигорӣ мусоидат мекунад.

“Татбиқи лоиҳа имкон медиҳад, ки сифати хидматрасониҳо беҳтар гардида, равандҳои коркард, ирсол ва назорати муросилот мутобиқ ба стандартҳои муосири байналмилалӣ ба роҳ монда шаванд”, – навиштааст манбаъ.

Хадамоти алоқа гуфтааст, ки хидматрасониҳои логистикӣ ва иҷрои фармоишҳо низ беҳтар шуда, барои рушди харидуфурӯш дар интернет ва густариши бахши рақамӣ шароит фароҳам оварда мешавад.  

Ин ниҳод навиштааст, ки “дар натиҷаи татбиқи лоиҳа беш аз 150 ҷойи кори нави доимӣ таъсис ёфта, зиёда аз 500 корманди соҳаи почта ба ин кор ҷалб мешаванд”.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Арзиши хидматрасонии “Почтаи тоҷик” боз гарон шудааст

Бояд гуфт, ки дар асоси қарори ҳукумат се корхонаи низоми алоқа – КВД “Почтаи Тоҷик”, КВД “Алоқаи махсус” ва КВД “Маркази марка” ба як корхона – Корхонаи воҳиди давлатии “Почтаи Тоҷикистон” муттаҳид карда мешаванд.

Почта номаву бастаҳои вазнашон аз 20 гр то 10 кг-ро қабул мекунад ва тамоми муросилот тариқи роҳи ҳавоӣ фиристода мешаванд. Барои ирсоли бори вазнаш беш аз 10 кг арзиши дучанд ситонида мешавад.

Аз 1-уми июни соли 2025 арзиши хадамоти КВД “Почтаи тоҷик” 10% гарон шуда, ирсоли номаи вазнаш то 100 гр барои аҳолӣ дар дохили кишвар аз 40 дирам то 1,75 сомонӣ ва ба хориҷ аз 4,40 сомонӣ то 15,20 сомонӣ муайян гардид.

Фиристодани бастаҳои вазнашон то 100 гр ба минтақаҳои Тоҷикистон аз 1,90 сомонӣ то 2,30 сомонӣ ва ба кишварҳои хориҷӣ 16,30 сомонӣ арзиш дорад. Бо нархномаи навшудаи “Почтаи тоҷик” метавонед ин ҷо шинос шавед.

Бояд гуфт, сатҳи хидматрасонии шуъбаҳои почтаи Тоҷикистон аз сӯйи шаҳрвандон интиқод мешаванд. Дар бештари ҳолат, дер қабулу ирсол кардани баста, гум шудани бор ва гаронии нархи хидматрасонӣ расонаӣ мешавад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.