Арзиши хидматрасонии “Почтаи тоҷик” боз гарон шудааст

  Аз 1-уми июни соли ҷорӣ арзиши хадамоти КВД “Почтаи тоҷик” 10% гарон шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар идораи почта хабар доданд. Давоми соли охир нархномаи почта бори дуюм тағйир меёбад.  Ба гуфтаи масъулони почта, нархномаи нав аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ шуда, аллакай мавриди амал қарор гирифтааст. Тибқи нархномаи нав, арзиши ирсоли номаи […]

Меҳрангез Султонзода, Asia-Plus

 

Аз 1-уми июни соли ҷорӣ арзиши хадамоти КВД “Почтаи тоҷик” 10% гарон шудааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” дар идораи почта хабар доданд. Давоми соли охир нархномаи почта бори дуюм тағйир меёбад. 

Ба гуфтаи масъулони почта, нархномаи нав аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ шуда, аллакай мавриди амал қарор гирифтааст.

Тибқи нархномаи нав, арзиши ирсоли номаи вазнаш то 100 гр барои аҳолӣ, вобаста ба вазну навъ, дар дохили кишвар аз 40 дирам то 1,75 сомонӣ ва ба хориҷ аз 4,40 сомонӣ то 15,20 сомонӣ муқаррар шудааст. 

Фиристодани бастаҳои вазнашон то 100 гр ба минтақаҳои Тоҷикистон аз 1,90 сомонӣ то 2,30 сомонӣ ва ба кишварҳои хориҷӣ 16,30 сомонӣ арзиш дорад.

Ба гуфтаи масъулони “Почтаи тоҷик”, ин навъи хидматрасонӣ, яъне қабули номаву бастаҳои вазнашон то 100 гр имтиёзнок буда, аз аҳолӣ бо арзиши камтар қабул мешавад. 

Фиристодани номаи вазнаш аз 100 гр то 1 кг, вобаста ба вазну навъ, дар дохили ҷумҳурӣ аз 5,10 то 18,80 сомонӣ ва ба хориҷи кишвар аз 42,90 то 141,20 сомонӣ арзиш дорад. 

Нархи ирсоли бастаҳои вазнашон аз 100 гр то 2 кг бошад, ба минтақаҳои кишвар аз 6 то 40,20 сомонӣ ва ба кишварҳои дигар аз 65, 40 то 201,70 сомонӣ аст.

Бояд дар назар дошт, ки ҳангоми ирсол ба кишварҳои хориҷӣ, вобаста ба минтақаи ирсол, таърифаҳо гуногун мешаванд ва арзиши хидматрасонӣ метавонад тағйир ёбад. Ҳамчунин, ба ин ҳисоб арзиши ҳисоббаробаробаркунии байнидавлатӣ илова мешавад.

Масалан, барои аз Тоҷикистон ба Русия фиристодани 1 кг бор, бояд 68,44 сомонӣ барои ирсоли бор ва 44,95 сомонӣ ҳаққи ҳисоббаробаркунии байнидавлатӣ, дар умум тақрибан 114 сомонӣ пардохт кард. 

Бо нархномаи навшудаи “Почтаи тоҷик” метавонед ин ҷо шинос шавед.

Имрӯз дар саросари кишвар 480 нуқтаи қабули номаву бастаҳои фаъолият дошта, “Почтаи тоҷик” ба беш аз 80 кишвари дунё муросилот мефиристад. 

Почта номаву бастаҳои вазнашон аз 20 гр то 10 кг-ро қабул мекунад ва тамоми муросилот тариқи роҳи ҳавоӣ фиристода мешаванд. Барои ирсоли бори вазнаш беш аз 10 кг арзиши дучанд ситонида мешавад.

Давоми тақрибан як соли охир аллакай бори дуюм арзиши хидматрасонии “Почтаи тоҷик” гарон мешавад. Қабалан, арзиши хадамоти почта охири моҳи марти соли 2024-ум 15% гарон шуда буд.

Бояд гуфт, “Почтаи тоҷик” қариб як сол ба Русия нома ва баста ирсол намекард ва танҳо чанде пеш дар бораи дигарбора оғоз кардани ин хадамот ба Русия хабар дод. 

Дар ин миён, моҳи ноябри соли 2024 хонандагон бо ирсоли мактуб ба идораи “Азия-Плюс” нигаронӣ карда буданд, ки “Почтаи тоҷик” ба Русия мактуб ё ҳар гуна бори дигар равон намекунад.

Аммо он замон, Фаридун Қурбонов, директори “Почтаи тоҷик” дар суҳбати телефонӣ ин мушкилро рад карда, изҳор дошта буд, ки “мактубҳо ба Русия фиристода мешаванд”.

Ба гуфтаи муроҷиаткунандагон, дар “Почтаи тоҷик” тавсия додаанд, ки ба хадамоти хусусии “Почтаи аср” муроҷиат кунанд, аммо нархи ин почтаи хусусӣ чанд маротиба гаронтар аст. Мо он вақт кӯшиш кардем фаҳмем, ки чаро почтаи давлатӣ ин хидматрасониро иҷро карда наметавонад, аммо почтаи хусусӣ метавонад – ҷузъиётро дар ин матлаб мутолиа кунед.

Дертар, моҳи январи соли ҷорӣ, Исфандиёри Саъдулло, раиси нави Хадамоти алоқа тасдиқ кард, ки ҳоло  “Почтаи тоҷик” ба Русия мактуб ё бор намефиристад ва гуфт, ки байни ин корхона ва "Почтаи Русия" “баъзе мушкилот” ва “ихтилофи назар” вуҷуд дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.