Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хатсайри нави автобус роҳандозӣ шуд, ки ҳафтае ду маротиба аз Душанбе ба Тошканд ва баръакс ҳаракат мекунад. Ба иттилои нашрияи Vaib.uz, равуои автобусҳо дар ин масир дирӯз, 25-уми феврал оғоз шудааст.
Гуфта мешавад, автобус аз Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе соати 13:00 ва аз Тошканд рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 17:00 ба роҳ мебарояд.
Ҳамзамон, сафар дар ин масир тақрибан 15-17 соат давом карда, автобус дар миёни роҳ дар шаҳраки Сариосиё таваққуф мекунад.
Ба иттилои манбаъ, аз мусофирон барои убур аз марз шиносномаи хориҷӣ талаб карда мешавад. Манбаъ илова кардааст, ки нархи билет 300 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (тақрибан 233 сомонӣ) аст.
Зимнан зикр мегардад, ки дар оянда вобаста ба талабот хатсайрҳои иловагӣ ба роҳ монда мешаванд.
Ба навиштаи манбаъ, яке аз вижагии автобус бо ҷойҳои хоб барои мусофирон муҷаҳҳаз будани он аст.
Интизор меравад, ки бо роҳандозии ин хатсайр равуои мардум байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон осонтар шуда, шароити беҳтари сафар барои мусофирону сайёҳон фароҳам оварда мешавад.
Бояд гуфт, моҳи сентябри соли 2024 миёни шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон як хатсайри автобус роҳандозӣ шуда буд. Он замон аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-плюс” гуфта буданд, ки хатсайр аз ҷониби ширкати “Olmaliq Isuzu Trans”-и Ӯзбекистон дар шарикӣ бо ширкати “Khujand Trans Service”-и Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ширкати “Khujand Trans Service” низ он замон гуфта буд, “кам будани мусофирон боиси нигаронии ҷонибҳо гардидааст”.
Ҳамон вақт ширкати “Asian Express”-и Тоҷикистон, ки пештар бо Ӯзбекистон чанд хатсайри автобус дошт, шарҳ дода буд, ки “бо сабаби набудани талабот ва ё кам будани мусофирон” танҳо дар як ҳафта як маротиба хатсайри гардишгарӣ сафар мекунад.
Вале ин хатсайрҳо ҳоло амал мекунанд, ё не, маълум нест.

