Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” маркази логистикӣ бунёд мешавад

Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" бо дастгирии  ширкати “Samil PwC”-и Кореяи Ҷанубӣ Маркази логистикӣ бунёд мешавад. Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо  Ок Донг Ю, намояндаи ин ширкат ва мудири лоиҳаи Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таъсиси ин марказ мулоқот кардааст. Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, лоиҳа, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалии "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма" ҷойгир аст, имкон медиҳад, ки ин марказ ҳамчун маркази логисткии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб" бо дастгирии  ширкати “Samil PwC”-и Кореяи Ҷанубӣ Маркази логистикӣ бунёд мешавад. Дар ин бора Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо  Ок Донг Ю, намояндаи ин ширкат ва мудири лоиҳаи Асосноккунии техникӣ-иқтисодии таъсиси ин марказ мулоқот кардааст.

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, лоиҳа, ки дар шафати шоҳроҳи байналмилалии "Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Қулма" ҷойгир аст, имкон медиҳад, ки ин марказ ҳамчун маркази логисткии минтақавӣ хизмат намуда, ба он тавассути долони чандваҷҳӣ (мултимодалӣ)-и "Чин-Тоҷикистон-Ӯзбекистон-Туркманистон-Эрон-Туркия ва кишварҳои Аврупо" молу коло интиқол дода шавад.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни мулоқот лоиҳаи таъсиси Маркази логистикиро муҳим хонда, таъкид кардааст, ки лоиҳаи мазкур бо шумули лоиҳаи муқаддимавӣ ва "Basic Design" барои рушди низоми логистика ва беҳбуди имконоти логистикии Тоҷикистон аҳаммияти стратегӣ дорад.

 

Ба навиштаи манбаъ, дар Тоҷикистон сохтмону таҷдиди роҳҳои оҳан ва мошингард, нақбу пулҳо ва дигар зерсохтҳои зарурӣ барои ба кишвари ҷолиби транзитии минтақа табдил додани ҷумҳурӣ идома дорад.

“Аммо бе мавҷуд будани марказҳои логистикии муосир ва дар маҷмуъ инфрасохтори логистикии зарурӣ ин кор душвор аст, – омадааст дар хабари Вазорат. – Аз ин лиҳоз, лоиҳакашӣ ва таъсиси марказҳои логистикӣ дар кишвар  амри муҳим ва талаботи замон арзёбӣ мешавад”, — навиштааст манбаъ.

Ҳамчунин, Ок Донг Ю, мудири ин лоиҳа дар бораи раванди татбиқи лоиҳа ва корҳое, ки дар доираи  он ба нақша гирифта шудаанд, маълумот додааст.

"Samil PwC" (Samil PricewaterhouseCoopers или PwC Korea) ширкати бузурги хадамот дар Кореяи Ҷанубӣ мебошад, ки дар соҳаҳои аудит, машварат дар соҳаи андоз ва тиҷорат хидматрасонӣ пешниҳод мекунад. Он ширкати узви шабакаи ҷаҳонии "PricewaterhouseCoopers" (PwC) – яке аз бузургтарин иттиҳодияи байналмилалии ширкатҳо оид ба аудит ва хадамоти машваратӣ маҳсуб меёбад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.