Миёни Душанбе ва Тошканд хатсайри автобус роҳандозӣ шуд

Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хатсайри нави автобус роҳандозӣ шуд, ки ҳафтае ду маротиба аз Душанбе ба Тошканд ва баръакс ҳаракат мекунад. Ба иттилои нашрияи Vaib.uz, равуои автобусҳо дар ин масир дирӯз, 25-уми феврал оғоз шудааст. Гуфта мешавад, автобус аз Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе соати 13:00 ва аз Тошканд рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 17:00 ба роҳ мебарояд. Ҳамзамон, […]

Asia-Plus

Миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хатсайри нави автобус роҳандозӣ шуд, ки ҳафтае ду маротиба аз Душанбе ба Тошканд ва баръакс ҳаракат мекунад. Ба иттилои нашрияи Vaib.uz, равуои автобусҳо дар ин масир дирӯз, 25-уми феврал оғоз шудааст.

Гуфта мешавад, автобус аз Душанбе рӯзҳои чоршанбе ва шанбе соати 13:00 ва аз Тошканд рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа соати 17:00 ба роҳ мебарояд.

Ҳамзамон, сафар дар ин масир тақрибан 15-17 соат давом карда, автобус дар миёни роҳ дар шаҳраки Сариосиё таваққуф мекунад.

Ба иттилои манбаъ, аз мусофирон барои убур аз марз шиносномаи хориҷӣ талаб карда мешавад. Манбаъ илова кардааст, ки нархи билет 300 ҳазор сӯми ӯзбекӣ (тақрибан 233 сомонӣ) аст.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хатсайрҳои нави автобус боз мешаванд

Зимнан зикр мегардад, ки дар оянда вобаста ба талабот хатсайрҳои иловагӣ ба роҳ монда мешаванд.

Ба навиштаи манбаъ, яке аз вижагии автобус бо ҷойҳои хоб барои мусофирон муҷаҳҳаз будани он аст.

Интизор меравад, ки бо роҳандозии ин хатсайр равуои мардум байни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон осонтар шуда, шароити беҳтари сафар барои мусофирону сайёҳон фароҳам оварда мешавад.

Бояд гуфт, моҳи сентябри соли 2024 миёни шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон ва шаҳри Олмалиқи Ӯзбекистон як хатсайри автобус роҳандозӣ шуда буд. Он замон аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба “Азия-плюс” гуфта буданд, ки хатсайр аз ҷониби ширкати “Olmaliq Isuzu Trans”-и Ӯзбекистон дар шарикӣ бо ширкати “Khujand Trans Service”-и Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Ширкати “Khujand Trans Service” низ он замон гуфта буд, “кам будани мусофирон боиси нигаронии ҷонибҳо гардидааст”.

Ҳамон вақт ширкати “Asian Express”-и Тоҷикистон, ки пештар бо Ӯзбекистон чанд хатсайри автобус дошт, шарҳ дода буд, ки “бо сабаби набудани талабот ва ё кам будани мусофирон” танҳо дар як ҳафта як маротиба хатсайри гардишгарӣ сафар мекунад.

Вале ин хатсайрҳо ҳоло амал мекунанд, ё не, маълум нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.