Амрикоиҳо тоҷикӣ меомӯзанд. Қиссаи тоҷике, ки дар Донишгоҳи Канзас дарси забони тоҷикӣ медиҳад

Тадриси забони тоҷикӣ дар кишварҳои аврупоӣ ё Амрико кори ғайримаъмул нест. Дар баъзе донишгоҳҳои кишварҳои аврупоӣ мутахассисоне ҳастанд, ки барои хоҳишмандон забони тоҷикӣ дарс медиҳанд. Дар Амрикову баъзе кишварҳои осиёӣ ҳам нафароне ҳастанд, ки забони тоҷикӣ меомӯзанд ё дарс медиҳанд. Аммо нуктаи боиси зикр ин аст, ки дар аксар ин давлатҳо ва донишгоҳҳо забони тоҷикӣ чун забони форсӣ ва бо ҳуруфи ниёгон тадрис мешавад.

Замоне Бозор Собир, шоири шаҳири тоҷик ҳам гуфта буд, ки вақте дар Амрико дар ҳиҷрат буд, дар донишгоҳе ба донишҷӯён забони форсӣ бо ҳуруфи ниёкон дарс медод. Аз ин ҷост, ки вақте сафирони баъзе давлатҳо ба Тоҷикистон меоянд, бо форсӣ ва бо шеваи эронӣ суҳбат мекунанд.

Вале мо бо Бахтиёр Давлатмуродов, як зодаи Тоҷикистон суҳбат кардем, ки дар Донишгоҳи Канзаси ИМА (The University of  Kansas) забони тоҷикиро бо шеваи тоҷикистонӣ дарс медиҳад.

Ӯ ҳафтае 3 маротиба як соатӣ забони тоҷикиро аз рӯи китоби “Забони тоҷикӣ барои хориҷиён”-и муаллими шинохтаи забони тоҷикӣ Азим Байзоев ва маводи таълимии таҳиякардаи худ дарс медиҳад. Дарси таълимӣ дар барномаи донишгоҳӣ бо унвони Survival Tajik (Асосҳои забони тоҷикӣ барои муошират) ворид шудааст.

Бахтиёр Давлатмуродов қиссаи дар Амрико муаллими забони тоҷикӣ шуданашро ба “Азия Плюс” нақл кард.

 

Омӯзгори забони англисӣ, ки тоҷикӣ дарс медиҳад

Давлатмуродов аслан омӯзгори омӯзгорони забони англисӣ аст. Ӯ дар Тоҷикистон ба рӯзноманигорон забони англисӣ дарс додааст. Ин дарсҳо аз сӯйи Сафорати Амрико дар Душанбе ташкил шуда буд. Ӯ ҳамчунин, роҳбари минтақавии лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни марз” дар пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ буда, дар як қатор ташкилот фаъолият кардааст.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

“Дар асл ман муаллими забони англисӣ ҳастам, аммо ба тадриси забони тоҷикӣ рағбати беандоза дорам. Дар омӯзиши забони тоҷикӣ кори ман танҳо бо луғат ва грамматика маҳдуд намешавад. Донишҷӯёнро бо фарҳангу санъат, расму ойин ва зиндагии тоҷикон низ ошно месозам”, – мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи Бахтиёр, ҳатто чанде аз донишҷӯёни Донишгоҳи Канзас мехоҳанд забони тоҷикиро то дараҷаи олӣ омӯзанд. Сабаби асосии таваҷҷуҳи онҳо таҳқиқоти илмӣ, кор дар минтақаи Осиёи Марказӣ, дипломатия ё фаъолияти ризокорӣ будааст.

Ӯ мегӯяд, яке аз шогирдони амрикоиаш бо номи Ҷон ба хотире, ки тарзи қироати шеъри тоҷикӣ барояш писанд аст, ба омӯзиши забони тоҷикӣ пардохтааст.

“Ҷон хеле зуд тоҷикиро меомӯзад. Шогирди дигарам Майло низ, ки шаҳрванди Амрико аст, аз сабаби завқ ба фарҳанги тоҷикон, забони тоҷикӣ меомӯзад. Майло инчунин нақшаи сафар ба Тоҷикистон дорад”, – мегӯяд Бахтиёр.

 

Фарҳанги нуҳуфта

Бахтиёр мегӯяд, чун дар Амрико фанҳои таълимиро худи донишҷӯён интихоб мекунанд, ҳатто баъзе забонҳои ба барномаи таълимӣ воридшуда, аз ҷониби касе интихоб намешавад. Аммо дар Донишгоҳи Канзас дӯстдорони забони тоҷикӣ таҳсил мекунанд. Зеро ҳар рӯзи панҷшанбе Бахтиёр бо иштироки 15-20 нафар донишҷӯ ба таври ҳузурӣ, дарси кушод дар бораи фарҳанги тоҷикон мегузаронад.

“Рӯзе яке аз мавзӯҳои дарсӣ Фалак буд. Фалак бештар хоси фарҳанги мардуми минтақаи Хатлон аст. Барои донишҷӯён то тавонистам фалаксароӣ кардам, ки барояшон ҷолиб буд”, – таъкид ӯ.

Ӯ гуфт, ки вақти таҷлили рӯзи байналмилалии забонҳо иштирокчиёнро бо лафзи тоҷикӣ – “салом”, “раҳмат”, “номи шумо чист”, “забони тоҷикиро медонед?” ва мисли ин, ошно кардааст.

Инчунин, дар чорабинии “Фарҳанги нуҳуфта” (Hidden Culture) рақси бадахшӣ карда, маънои ҳаракатҳоро фаҳмонидааст.

“Баъд ба иштирокчиён гуфтам, як рақси дигар мекунам то ҳаракатҳоямро такрор кунанд. Зиёда аз сад нафар зери навои суруди бадахшӣ рақс карданд”, – зикр кард ӯ.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бахтиёр нақша дорад, ки ба навбат фарҳангу одатҳои ҳар минтақаи Тоҷикистонро ба донишҷӯёнаш ва хоҳишмандони дигар нишон диҳад.

Ӯ мегӯяд, асосан меҳмоннавозии тоҷикон, мусиқӣ, тарзи қироати шеър ва ҷашни Наврӯз диққати хориҷиёнро ҷалб кардааст. Ин таваҷҷуҳро Бахтиёр имконияти таблиғи забону фарҳанг медонад.

“Бо бештар шудани таваҷҷуҳ ба Осиёи Марказӣ, омӯзиши забони тоҷикӣ рушд хоҳад кард, агар барномаҳои грантӣ, омӯзгорони соҳибтаҷриба ва маводи босифат бештар шавад”, – таъкид кард ӯ.

Ба қавли Бахтиёр, забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи Канзас дар доираи барномаи Fulbright FLTA (Ёвари омӯзгори забони хориҷӣ) омӯзонда мешавад. Ин барнома одатан як соли академӣ давом ёфта, мақсади асосии он таблиғи забону фарҳанги камомӯзишшуда, рушди малакаи касбии омӯзгори хориҷӣ ва баъди бозгашт қисмат намудани таҷриба бо муаллимони ватанӣ мебошад.

 

Бахтиёр кист?

Бахтиёр мегӯяд, қаблан ба кормандони Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва чанде аз хориҷиёни хоҳишманд аз забони тоҷикӣ таълим додааст. Таҷрибаҳои ӯ сабаб шудааст, ки дар барномаи Fulbright FLTA пирӯз ва ҳамчун иштирокчии барнома сафири фарҳанги Тоҷикистон интихоб шавад. Вазифаҳои ӯ ҳамчун сафир таълими забони тоҷикӣ, муаррифӣ ва ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ мебошад.

 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Бахтиёр худ дар оилаи коргар ба воя расидааст. Аммо ба омӯзиши забонҳо, аз ҷумла забони тоҷикӣ завқу шавқи беандоза доштааст. Ӯ гуфт, аз кӯдакӣ дар олимпиадаҳои фанни забони тоҷикӣ иштирок карда, ғолиб омадааст.

“Аз методика ва грамматикаи забони тоҷикӣ хуб огоҳам. Ҳатто хоҳаркалонам, ки худ забоншинос аст, аз ман хоҳиш мекард, ки барои навиштани матни аз ҷиҳати грамматикӣ бехато барояш кумак кунам”, – мегӯяд қаҳрамони мо.

Бахтиёр нақша дорад, ки моҳи марти соли ҷорӣ рӯзи фарҳанги Тоҷикистонро дар сатҳи донишгоҳ ташкил кунад. Бо ин мақсад аз ҳоло омодагиро оғоз кардааст.

Баъд аз анҷоми барнома ва бозгашт ба Тоҷикистону қисмати таҷриба бо омӯзгорони ватанӣ, ӯ мехоҳад боз ба Амрико баргардад ва таҳсилашро дар зинаи докторантураи PhD -и Донишгоҳи Канзас идома диҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

spot_imgspot_img

Популярное