Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико тасдиқ кард, ки кишвараш "амалиёти размии густурда алайҳи Эронро" оғоз кардааст. Ӯ ҳамагӣ чанд лаҳза баъд аз ҳамлаи Исроил ба чанд шаҳри Эрон аз оғози "амалиёти размӣ" хабар дод.
Доналд Трамп дар як муроҷиати видеоии худ, ки бештар аз 8 дақиқа идома мекунад, гуфт, ки "ҳадафи мо дифоъ аз мардуми Амрико аз тариқи аз байн бурдани таҳдидҳои қарибулвуқуъ аст”.
“Ҳадафи мо – маҳви таҳдидҳо аз сӯйи Эрон ва ҳимояи мардуми Амрико аст. Онҳо ба Иёлоти Муттаҳида, ҳамсоягони мо, пойгоҳҳои мо дар хориҷ ва муттаҳидони мо дар тамоми ҷаҳон таҳдид мекунанд”, – гуфт Трамп.
Дар ҳамин ҳол, “Ню-ЙоркТаймс” гузориш додааст, ки дар ҳамла ба Эрон ҳавопаймоҳои Амрико иштирок доранд. Ин расона навиштааст, ки ҳавопаймоҳои амрикоӣ, ки дар пойгоҳҳои Ховари Миёна ва новбарҳо ҷойгир шудаанд, ба Эрон зарба мезананд.
Ин паёми Трамп чанд лаҳза баъд аз хабари расонаҳо дар бораи ҳамлаи Исроил ба Эрон нашр шуд.
Ба гузориши хабаргузории “Ройтерз”, Вазорати дифои Исроил гуфтааст, ки ин кишвар чанд лаҳза пеш ҳамлаи пешгиронаи мушакие ба Эрон анҷом додааст.
Артиши Исроил эълон кардааст, ки дар саросари кишвар бонги хатарро ба садо даровардаст, то "мардумро барои эҳтимоли партоби мушакҳо ба Исроил омода созад".
Дар ҳамин ҳол, расонаҳои Эрон аз чанд таркиш дар Теҳрон гузориш додаанд. Хабаргузории “Форс” аз дасти кам се инфиҷор дар маркази Теҳрон хабар дода, навиштааст, ки гузоришҳои аввалия нишон медиҳанд, ки якчанд мушак ба хиёбони Донишгоҳва маҳудудаи Ҷумҳурӣ партофт шудааст.
Мақомоти Эрон то ҳол расман вокунише накардаанд. Ҳамин тар ҳоло паёмади ин таркишҳо маълум нест. Танҳо баъзе расонаҳои русӣ бо такя ба манобеи худ менависанд, ки "Эрон дар соатҳои наздик ба ин ҳамлаҳо посух мегӯяд".
Ҳоло Исроил фазояшро баста, ба посухи Эрон омода мешавад. Ироқ ҳам эълон кард, ки фазояшро бастааст.





