Душанбе. 24-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Ҳафтаи сипаригашта аз ҷониби вазири маорифи ҷумҳурӣ Абдуҷаббор Раҳмонов ва намояндаи шӯъбаи тоҷикистонии созмони байнулмилалии «Оперейшн Мерси» Андреа Вогт Ёддошти ҳамкорӣ дар бахши маориф ба имзо расид.
Тавре сухангӯи вазорат Ноилшо Нуралиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи барномаи ҳамкорӣ, созмони мазкур ҷиҳати таъминоти макотиби деҳот ва шаҳрҳои Хуҷанду Хоруғ бо асбобу лавозимоти мактабӣ, дастгоҳҳои тасфияи об ва таҷҳизоти варзишӣ кӯмак расонида, ҳамчунин дар таъмир ва ивази мебели кӯҳнаву фарсудаи мактабҳо низ саҳм хоҳад гирифт.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи татбиқи барнома барои такмили ихтисос ба омӯзгорони забони англисӣ, мураббияҳои мактабҳои махсус ва кӯдакистонҳо кӯмак расонида шуда, дар мавсими тобистон ташкили истироҳатгоҳҳо барои кӯдакони ятим ва ғайра дар назар аст.



