Дар Душанбе оид ба масъалаи дастгирии ҳуқуқи занон ва кӯдакон аз ҷониби ВАО семинар баргузор мешавад

Date:



Душанбе. 23-юми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи лоиҳаи «Сафарбарии ВАО-и Осиёи Марказӣ ба дастгирии ҳуқуқи занон ва кӯдакон» семинари серӯза ба кор шурӯъ намуд.






Тавре ҳамоҳангсози хадамоти мониторинги Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон Абдуфаттоҳ Воҳидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, семинари мазкур аз ҷониби Бунёди трастии ВВС дар ҳамдастӣ бо Ассотсиатсияи миллии ВАО-и мустақили Тоҷикистон ва Маркази захираҳои ВАО-и Қирғизистон дар шаҳри Ош созмон дода мешавад.





Ба гуфтаи А.Воҳидов, шунавандагони семинар дар асоси озмун аз миёни журналистони васоити ахбори умуми чопӣ ва рӯзноманигорони ҷавон аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ интихоб гардидаанд ва ба ҳайати ҳар як гурӯҳ рӯзноманигор, аксбардор ва коршиноси ташкилоти ғайриҳукуматӣ шомил мебошанд. «Вижагии кори семинар дар он ифода мегардад, ки шунавандагон воқеан ба фаъолият пардохта, ҳангоми таҳияи мавод ба сафарҳои корӣ мераванд ва пас аз анҷоми семинар, тибқи озмун маводи онҳо баррасӣ хоҳад гардид», – гуфт ӯ.





А.Воҳидов мегӯяд, ғолибон имкони дар мактаби рӯзноманигории шаҳри Екатеринбург таҳсил намуданро пайдо хоҳанд кард. «Минбаъд баргузории чунин семинар барои рӯзномнигорони телевизион ва радио низ дар назар аст», – изҳор дошт А.Воҳидов.





Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳа доир сохтани чунин семинарҳо дар шаҳри Хуҷанд низ пешбинӣ шудааст.



ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...