Душанбе. 27-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» – Рӯзҳои 28-30-юми июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон гуфтушунидҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Покистон, Афғонистон ва Русия доир мегарданд.
Пагоҳ, 28-уми июл президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари серӯзаи расмӣ вориди Тоҷикистон мегардад.
Бино ба гуфтаи роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев, субҳи рӯзи 29-уми июл нахуст мулоқоти як ба яки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ доир гардида, сипас гуфтушуниди ҳайати васеъи кишварҳо баргузор мешавад. «Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои як қатор асноди ҳамкорӣ, аз ҷумла изҳороти муштарак дар бораи таҳкими муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Покистон дар назар аст», – гуфт ӯ.
Д.Назриев изҳор дошт, ки нимаи дуввуми рӯзи 29-уми июл президенти Афғонистон Ҳомид Карзай бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, худи ҳамон рӯз бо сарвари давлати Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Мувофиқи маълумоти ВКХ ҶТ, ташрифи президенти Русия Дмитрий Медведев ба Тоҷикистон дар нимаи дуввуми рӯзи 30-юми июл пешбинӣ шудааст. Шоми ҳамон рӯз Д.Медведев бо Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, рӯзи 31-уми июл иштироки ӯ дар маросими ба истифода додани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба нақша гирифта шудааст.
Д.Назриев афзуд, нимаи аввали рӯзи 30-юми июл вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир гардида, дар нимаи дуввуми рӯз ба мулоқот президенти Русия низ ҳамроҳ хоҳад шуд.