Дастаи футболи «Парвоз» дар Ҷоми президенти Туркманистон ширкат меварзад

Душанбе. 16-уми феврал – Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, дар Ҷоми президенти Туркманистон ширкат хоҳад кард. Понздаҳумин давраи ин мусобиқаи байнулмилалӣ аз 19-ум то 28-уми феврал дар шаҳри Ишқобод баргузор хоҳад шуд. Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб соҳиби Ҷоми президенти Туркманистон ва […]

root


Душанбе. 16-уми феврал – Дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, дар Ҷоми президенти Туркманистон ширкат хоҳад кард.




Понздаҳумин давраи ин мусобиқаи байнулмилалӣ аз 19-ум то 28-уми феврал дар шаҳри Ишқобод баргузор хоҳад шуд.



Маблағи умумии ҷавоизи мусобиқа 35 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дастаи ғолиб соҳиби Ҷоми президенти Туркманистон ва 20 ҳазор доллар мешавад. Ба дастае, ки ҷои дуввумро мегирад, 10 ҳазор доллар супурда хоҳад шуд. Дастае, ки севум мешавад, бо 5 ҳазор доллар сарфароз мегардад.



Воқеъан, дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров соли 2005 бо ҷоизаи севум мукофотонида шуда буд, ки ин то ҳоло беҳтарин дастоварди футболбозони тоҷик дар Ҷоми президенти Туркманистон мебошад. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,