Душанбе. 12-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Тоҷикистон фаъолияти намояндагии созмони байнулмилалии хайрияи ORA International аз нав барқарор шуд.
Тавре сардори Раёсати бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳзоби сиёсии Вазоарти адлияи ҷумҳурӣ Давлат Сулаймонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, бо назардошти далели якчанд сол ба Тоҷикистон расонидани кӯмаки башардӯстона аз ҷониби ин созмон, бо пешниҳоди додгоҳи шаҳрӣ ахири моҳи январ Вазорати адлияи ҶТ ва созмони ORA International оид ба аз нав барқарор крдани фаъолияти созмон тавофуқ ҳосил карданд.
Ба гуфтаи Д.Сулаймонов, ба идомаи фаъолияти созмон бо иҷрои як қатор шартҳо, аз ҷумла боздошти фаъолияти шӯъбаҳои ғайриқонунӣ таъсисдодаи созмон дар қаламрави ҷумҳурӣ, ҳар семоҳа пешниҳод намудани ҳисобот дар бораи фаъолият ва ҳайати кормандон ва манъи таблиғоти динӣ иҷозат дода мешавад. «Дар сурати иҷро нагардидани шартҳои мазкур фаъолияти созмон пурра қатъ хоҳад шуд», – таъкид сохт Д.Сулаймонов.
Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2008 додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт даъвои Вазоарти адлияи ҷумҳуриро қонеъ сохта, фаъолияти намояндагии созмони хайрияи ORA International дар Тоҷикистонро ба муддати се моҳ боздошта буд.


