Имрӯз дар Тоҷикистон иди Рамазон таҷлил мешавад. Ҳайати кормандони Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" расидан ба як иди дигари мубораки Фитрро ба Шумо муборакбод мегӯянд
Бигзор ҳар рӯзи рӯзгоратон ба андозаи ин моҳ пурбаракат ва ба масобаи ин иди мубораку нуронӣ пур аз хушиву фараҳу шодмониву шодкомӣ бод!
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2007 – Дар пойтахт бинои нави маҷмааи “Vefa Center” кушода шуд.
Соли 2013 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бинои нави Осорхонаи миллии Тоҷикистонро расман боз кард.
Соли 2018 – Дар Тоҷикистон қарор қабул шуд, ки ҳамасола 20-уми март Рӯзи фарҳанг ҷашн гирифта шавад.
Соли 2019 – Барқарорсозии НБО “Норак” оғоз ёфт.
Соли 2020 – Ба сокинони Тоҷикистон иҷозат дода шуд, ки пас аз танаффуси тӯлонӣ бинобар пандемия, намозҳои дастаҷамъонаро дар масҷидҳо анҷом диҳанд.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1931 – Мавлуди Файзулло Ансорӣ, шоир ва драматурги тоҷик.
Файзулло Ансорӣ пас аз хатми Донишкадаи омӯзгории Душанбе дар соҳаҳои гуногуни фарҳанг фаъолият кардааст.
Ансорӣ бо шеър ва драмаҳои манзумаш шинохта шудааст. Китоби аввалини ӯ "Калхот ва кабӯтарон" ва маҷмӯаи "Гулдастаи дӯстӣ" мавқеи ӯро дар адабиёти муосири тоҷик устувор намуданд. Драмаҳои ӯ дар рушди театри тоҷик нақши муҳим доштанд.
Файзулло Ансорӣ 28 апрели соли 1980 дар Душанбе вафот кард. Ӯ ҳамчун шоири лирик ва драматург дар таърихи адабиёти тоҷик ҷойгоҳи махсус дорад.
Соли 1932 – Зодрӯзи Асадулло Сӯфизода, олим ва фолклоршинос.
Соли 1940 – Мавлуди Ҷӯрахон Обидпур, навозанда ва оҳангсози суннатии тоҷик.
Ҷӯрахон Обидпур соли 1960 Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Сталинобод ва соли 1965 факултаи созҳои халқии Консерваторияи давлатии Тошкандро хатм кардааст.
Ӯ дар рушди санъати навозандагӣ ва тарбияи мутахассисони созҳои миллӣ саҳми арзанда дорад. Вай зиёда аз 100 суруд, аз ҷумла сурудҳои бачагона эҷод кардааст. Ҳамчунин, муаллифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ, аз ҷумла "Дарси рубоб" мебошад.
Соли 1941 – Зодрӯзи Убайдулло Раҷабов, ҳунарпеша, ҳаҷвнигори саршиноси тоҷик.
Убайдулло Раҷабов ҳунарманди маъруфи театру синамои тоҷик буда, яке аз бунёдгузорони театри мазҳакавӣ ва ҳаҷвии муосир дар кишвар дониста мешавад.
Ӯ фаъолияти ҳунарии худро дар театри академӣ оғоз карда, бо нақшҳои ҷолиб ва таҳамтанаш дар саҳна ва синамо шуҳрати зиёд пайдо намуд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ театри мазҳакавии мустақили худ бо номи “Оина”-ро таъсис дод, ки дар рушди ҳаҷви иҷтимоӣ саҳми муҳим гузошт.
Раҷабов бо иҷрои нақшҳои хотирмон, ки ҳам мардумро механдонд ва ҳам ба андеша водор мекард, дар ду низоми сиёсӣ – шӯравӣ ва истиқлолият – маҳбубияти васеъ пайдо кард. Ӯ дар бораи ҷомеа ва мушкилоти он бо ҷасорат сухан мегуфт ва тавассути санъати худ паёмҳои муҳим мерасонд.
Ин ҳунарманди пуровоза 1-уми июли соли 2021 ба синни 80 расид ва чанде баъд бар асари беморӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт. Нақшҳо ва фаъолияти ӯ дар таърихи театру синамои тоҷик мероси арзанда боқӣ мемонад.
Дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ин ҳунарпеши шинохтаи тоҷик дар ин маводи "Азия-Плюс" шинос шавед: Убайдулло Раҷабов: Эҷодкор бе озодӣ мемирад.
Соли 1942 – Мавлуди Парвонахон Ҷамшедов, доктори илмҳои филологӣ.
Соли 1953 – Зодрӯзи Эшони Нуриддинҷон, воъиз, яке аз рӯҳониёни шинохтаи Тоҷикистон, бародари Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода.
Соли 1958 – Мавлуди Ҷумъа Қуддус, нависанда, драматург ва тарҷумони тоҷик.
Ӯ соли 1979 факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, дар соҳаҳои гуногуни фарҳангӣ, аз ҷумла матбуот, телевизион ва театр фаъолият кардааст.
Муаллифи зиёда аз сад асари саҳнавӣ ва китобҳои гуногун, аз ҷумла "Кори нотамом" (1982), "Мардҳо намегирянд" (1991), "Воқеа, вақт, одамон" (1997), "Роҳи наҷот" (2003) мебошад. Ҳамчунин, дар ҳаммуаллифӣ бо Муҳаммадкарими Карим романҳои таърихии "Ҳасрати Зардушт" ва "Биҳишти гумшуда"-ро иншо кардааст.
Намоишномаҳояш борҳо дар озмунҳои драманависон ва ҷашнвораҳои театрӣ сазовори ҷоиза гардидаанд. Илова бар ин, силсилафилми машҳури "Ширин" ба қалами ӯ тааллуқ дошта, аз машҳуртарин филмҳои тоҷикии аввали солҳои 2000-ум маҳсуб мешавад.
Соли гузашта "Азия-Плюс" ба ифтихори 66-солагии Ҷумъа Қуддус оид ба зиндагӣ ва фаъолияти ӯ мусоҳиба анҷом дод, ки метавонед дар ин пайванд хонед.
Соли 1958 – Зодрӯзи Зайд Саидов, ходими давлатӣ ва сиёсатмадори зиндонии тоҷик.
Зайд Саидов соҳибкори маъруф ва сиёсатмадори тоҷик мебошад. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1976 ба факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, онро дар соли 1983 бо ихтисоси иқтисодчӣ ва тахассуси банақшагирии саноат хатм намуд.
Дар давоми солҳои 1992–1997 Зайд Саидов дар фаъолияти соҳибкорӣ машғул буд ва баъдан ба хизмати давлатӣ гузашт. Ӯ аз соли 2002 то 2007 вазири саноати Тоҷикистон буд.
Ӯ дар моҳи апрели соли 2013 эълон кард, ки ҳизби нави сиёсӣ бо номи "Тоҷикистони нав" таъсис медиҳад, ки ба ислоҳоти иқтисодӣ тамаркуз дошт. Пас аз ин, ӯ бо фишорҳо рӯбарӯ шуд ва дар моҳи майи ҳамон сол боздошт гардид.
Дар моҳи декабри соли 2013 бо иттиҳомоти қаллобӣ, бисёрзанӣ ва алоқаи ҷинсӣ бо ноболиғ ба 26 соли зиндон маҳкум шуд. Баъдан, бо иловаи иттиҳомоти дигар, муҳлати зиндони ӯ ба 29 сол расид.
Соли 1989 – Мавлуди Дамирбек Олимов, овозхони ҷавони шинохтаи тоҷик.
Дамирбек Олимов, ки яке аз овозхонҳои маъруф дар кишвар хатмкардаи донишкадаи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд буда, фаъолияти овозхонии худро аз соли 2009 оғоз кардааст. Дар ансамбли шашмақомхонии “Нури Хуҷанд” зери роҳбари Ҷӯрабек Муродов ва ҳамзамон дар ансамбли созу овози “Садои Суғд” кор мекард.
Таронаҳои “Зулфони майда дорӣ” ва дуэтҳои “Ҷон бачаи хола” ва “Мавригӣ” бо Нигина Амонқулова ва дертар таронаи “Дунё” Дамирбекро ба тоҷикистониён машҳур кард.
Дамирбек Олимов шаби 5-уми феврали соли 2022, дар мавзеъи “Боғи миллии Ваҳдат”-и роҳи Сомғор-Хуҷанд дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расид.
Дар бораи фаъолияти ин ҳунраманди ғурамарг, ки маргаш "ба мотами миллӣ бадал шуду тоҷикон аз тамоми гӯшаву канори дунё дар сӯги ӯ ба паҳнаи рухсор мегиристанд", дар ин мавод хонед.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ таҷлил мегардад. Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ин рӯзро соли 2012 бо мақсади эътирофи аҳамияти хушбахтӣ дар зиндагии ҳар як инсон ва дастгирии андешае, ки талош барои хушбахтӣ эҳсоси умумии тамоми мардуми сайёра аст, эълон кардааст.
Рӯзи 20-уми март бо ташаббуси СММ дар тамоми ҷаҳон Рӯзи Замин ҷашн гирифта мешавад. Дар тақвими ҷашнҳои байналмилалӣ ду Рӯзи Замин мавҷуд аст: яке, ки бо Рӯзи баробаршавии баҳорӣ (эътидоли баҳорӣ) 20-уми март рост меояд ва дигаре 22-юми апрел. Аввалӣ хусусияти сулҳпарварӣ ва башардӯстона дорад, дувумӣ –хусуситяи экологӣ.
Аз соли 2010 инҷониб 20 март ҳамчун Рӯзи забони фаронсавӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз бо Рӯзи байналмилалии Франкофония рост меояд. Франкофония созмони байналмилалии ҳамкории кишварҳои фаронсавизабон буда, 88 узвро дар бар мегирад. Забони фаронсавӣ яке аз шаш забони расмии СММ мебошад ва онро тақрибан 320 миллион нафар дар саросари ҷаҳон истифода мебаранд.
Имрӯз инчунин Рӯзи байналмилалии бидуни гӯшт аст. Аз соли 1985 инҷониб дар бисёр кишварҳо 20 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии бидуни гӯшт ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз мағозаҳо ва тарабхонаҳо аз фурӯши гӯшт худдорӣ мекунанд ва фаъолон тарзи ҳаёти гиёҳхӯриро тарғиб мекунанд.
Ҳар сол 20 март бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии стоматология (FDI) дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии саломатии даҳон ҷашн гирифта мешавад.
Ҳадафи ин рӯз ҷалби бештари таваҷҷуҳи ҷомеа ба мушкилоти ҷаҳонии марбут ба саломатии даҳон, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи роҳҳои пешгирӣ, муайянсозии барвақт ва табобати бемориҳои даҳон, инчунин омилҳои хавфноке мебошад, ки боиси рушди онҳо мегарданд.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 17+22º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 5+10º гарм, дар водиҳо шабона 4+9º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3+8º гарм.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда рӯзонаи ҳавои бебориш дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ баъзан борон ва барф меборад ва дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 16+21º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 7+12º гарм, дар водиҳо шабона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 6+11º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона -4+1º, дар баъзе минтақаҳо то 8+10º гарм, дар ғарби вилоят шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 11-16º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат борида, рӯзона ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 17+19º гарм, шабона 6+8º гарм.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 5+7º гарм.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 7+9º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 9+11º гарм, шабона 1+3º гарм.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 20 ба 21-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.



