Аз қатъи маблағгузории PEPFAR як сол гузашт. Тоҷикистон тавонист роҳи бурунрафт аз ин буҳронро пайдо кунад?

Як соли пеш Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико фармонеро имзо кард, ки тамоми кумакҳои хориҷии кишвараро якбора мутаваққиф сохт. Аз ҷумла, маблағгузории PEPFAR ҳам қатъ шуд. Барои Тоҷикистон ин тасмим ба маънои аз даст додани тақрибан панҷяки буҷаи барномаи миллии мубориза бо ВНМО буд, барномаи бузурге, ки дар тӯли зиёда аз 20 сол ба ҳазорон бемор […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, asia+

Як соли пеш Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико фармонеро имзо кард, ки тамоми кумакҳои хориҷии кишвараро якбора мутаваққиф сохт. Аз ҷумла, маблағгузории PEPFAR ҳам қатъ шуд. Барои Тоҷикистон ин тасмим ба маънои аз даст додани тақрибан панҷяки буҷаи барномаи миллии мубориза бо ВНМО буд, барномаи бузурге, ки дар тӯли зиёда аз 20 сол ба ҳазорон бемор умеб мебахшид.

Пас аз гузашти як сол, мо паёмадҳои қатъи маблағгузорӣ ба зиндагии беморонро баррасӣ кардем: чаро ин тасмим гирифта шуд, оё ҳукумати Тоҷикистон тавонист роҳи бурунрафт аз ин буҳронро пайдо кунад ва агар вазъ бетағйир монад, то соли 2030 кишвари моро чӣ интизор аст?

 

Таърихча: PEPFAR чист ва кай ба Тоҷикистон расид?

Барномаи PEPFAR (Нақшаи фавқулодаи раисҷумҳури Амрико барои мубориза бо Синдроми пайдошудаи норасоии масуният (СПИД)) соли 2003 аз ҷониби Ҷорҷ Буш, раисҷумҳури вақти ИМА, таъсис ёфтааст.

Дар он замон Вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) ва Синдроми пайдошудаи норасоии масуният (СПИД), ки ҳолати охирини ҳамон беморист, дар Африқои Ҷанубӣ ва Осиё мисли тӯфон паҳн мешуд ва ҷомеаи ҷаҳониро нигарон мекард.

PEPFAR бузургтарин барномаи ёрии Амрико барои мубориза бо бемории вахиме дар таърихи башарият ба ҳисоб мерафт. Тоҷикистон аз ибтидо дар рӯйхати кишварҳои гирандаи ин кумакҳо қарор дошт. Маблағи ёрирасони PEPFAR тавассути ду роҳ ба кишвари мо мерасид: Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико (USAID) ва Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC).

Акси марбут аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Дар маҷмӯъ, тибқи гузоришҳои USAID, барои мубориза бо ин беморӣ дар тӯли беш аз 20 сол дар саросари ҷаҳон зиёда аз 120 миллиард доллар маблағгузорӣ шудааст ва аз он беш аз 26 миллион бемор истифода кардаанд.

Аз соли 1992 то соли 2025 Тоҷикистон аз USAID дар маҷмӯъ зиёда аз 2 миллиард доллар ёрӣ гирифтааст. Дар соли 2024 – охирин соли маблағгузорӣ USAID ба Тоҷикистон 58,5 миллион доллар ҷудо карда, ки аз ин маблағ тақрибан 920 ҳазору 600 доллараш тавассути CDC/PEPFAR маҳз барои барномаи мустақими мубориза бо ВНМО сарф шудааст.

Гузоришгарони USAID гуфтаанд, ин рақам шояд хурд ба назар расад, аммо нақши он барои кишваре чун Тоҷикистон хеле бузург будааст: таъмини маоши 78 корманд, хизматрасонӣ ба 17 ҳазору 200 истифодабарандаи маводи мухаддири тазриқӣ (гурӯҳи дорои хатари баланд), татбиқи барномаи PrEP (пешгирии дучоршавӣ ба ВНМО) ва фаъолияти 5 нуқтаи табобати бемориҳои вобаста ба опиоид – ОАТ (опиоид доруест, ки ба мағзи сар таъсир карда, дардро кам мекунад ва ҳисси оромӣ мебахшад).

Дар зер ҳаҷми пули гирифтаи Тоҷикистонро дар 10 соли охир бубинед:

Ин маблағ асосан барои маоши кормандон, кори марказҳои ҷамъиятӣ ва барномаҳои пешгирӣ аз ВНМО сарф мешудаанд. Доруҳоро Фонди ҷаҳонӣ – як созмони байналмилалии мустақил харидорӣ мекард ва ҳоло ҳам мекунад. Маҳз ба ҳамин хотир, пас аз қатъи PEPFAR таъмини доруҳо қатъ нашуданд, аммо мутахассисоне, ки бояд онҳоро ба ниёзмандон мерасонданд, аз кор рафтаанд.

Бубинем, ки вазъи беморон дар 10 соли охир чӣ гуна буд:

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, дар солҳои охир сатҳи сироятёбӣ коҳиш меёбад, кӯдакон беҳтар табобат мегиранд ва интиқоли вирус аз модар ба кӯдак ба ҳадди ақал расидааст.

Аммо дар Барномаи муштараки Созмони Милали Муттаҳид оид ба ВНМО/СПИД (UNAIDS) таъкид шудааст, ки ин пешрафт маҳз дар давраи маблағгузории пурраи PEPFAR ба даст омад. Пас аз қатъи маблағгузорӣ дар моҳи январи 2025, натиҷаи хуби бадастомада метавонад тағйир ёбад, яъне шумори сирият афзояд.

 

Чаро маблағгузорӣ қатъ шуд?

Фармони Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар хусуси маблағгузории хориҷии кишвараш, ки рӯзи аввали кориаш – 20-уми январи соли 2025 имзо шуд, бештар як амали стратегии сиёсӣ буд, на иқтисодӣ. Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар паси ин тасмим 3 далели асосӣ меистод:

1. Маъмурияти нав кумакҳои хориҷиро умуман “исрофи беҳудаи пул” медонист. PEPFAR бо буҷаи солонаи беш аз 7 миллиард доллар барои коҳиши хароҷот қатъ шуд.

2. Дар дохили Ҳизби ҷумҳурихоҳ ва созмонҳое мисли “Heritage Foundation” даъвоҳое садо доданд, ки PEPFAR гӯё “исқоти ҳамл”-ро тарғиб кардааст. Дар Мозамбик, ки дар қисми ҷанубу шарқии Африқо ҷойгир аст, чор ҳамшира бо маблағи 4 ҳазору 100 доллар 21 исқоти ҳамл анҷом додаанд. Он маблағ ба PEPFAR марбут буд, ки тибқи қонунҳои ИМА истифодаи ин пул барои исқоти ҳамл манъ аст. Ин ҳодиса баъдан дар баҳсҳои сиёсӣ ҳамчун далел барои маҳдуд кардани барнома истифода шуд.

3. Барномаи DOGE (Департаменти самаранокии давлатӣ) таҳти роҳбарии Илон Маск, сармоядори  амрикоӣ, PEPFAR-ро ба рӯйхати тарҳҳои “камсамар” ворид кард.

Дар натиҷа, пас аз фармони раисҷумҳури нави Амрико, рӯзи 24-уми январи соли 2025 Вазорати хориҷаи ИМА ҳам қатъи расмии маблағгузориро эълон кард. Дар ин миён, Тоҷикистон бидуни огоҳии пешакӣ ва нақшаи гузариш, якбора 20 дарсади маблағи барномаи миллии мубориза бо ВНМО-ро аз даст дод.

 

Қатъи маблағгузорӣ чӣ таъсир дошт?​​​​​​​

Дар рӯзҳои аввал коршиносон мегуфтанд, ки ҳарчанд маблағгузорӣ қатъ шуд, вале таъмини доруҳо аз ҷониби Фонди ҷаҳонӣ мисли пешин идома дорад, аз ин рӯ, мушкиле пеш намеояд. Аммо воқеият дигар шуд. Табобати АРТ (табобати зиддиретровирусӣ, ки вирусро дар хун безарар нигоҳ медорад) идома ёфт, вале тамоми роҳҳое, ки беморро ба табобат мерасонданд, аз ҷумла хизматрасониҳои ҷамъиятӣ, мушовараи ройгони равонӣ ва дигар амалҳои пешгирикунанда, маҳдуд ё комилан қатъ шуданд.

Дар чунин вазъият, тибқи гузоришҳои Барномаи муштараки СММ оид ба ВНМО/СПИД (UNAIDS) ва Ассотсиатсияи коҳиши зарар дар АвруОсиё / Ташкилоти байналмилалии коҳиши зарар (EHRA/HRI), танҳо то моҳи марти 2025 дар Тоҷикистон тақрибан 1 ҳазору 700 нафар дастрасӣ ба барномаҳои дастгирии иҷтимоиро аз даст доданд ва зиёда аз 2 ҳазор кас аз ташхиси ВНМО дур монданд.

Манзараи воқеиро муфассал ва дақиқ дар тасвирбаёни мо бубинед:

Чаро маблағгузорӣ муҳим аст? Назари масъулин​​​​​​​

Дар ниҳодҳои байналмилалӣ бар ин боваранд, ки танҳо бо дору таъмин кардани бемор ҳалли мушкил нест: ин як назари зоҳирӣ ва ҳатто хатарнок аст. Зеро дору вақте таъсири мусбат дорад, ки бемор ба низом онро истеъмол кунад ва аз тарси тамғазании ҷомеа (табъиз) дар паси дарҳои баста намонад. Ин “пули эътимод”-ро марказҳои PEPFAR месохтанд, ки ҳоло нестанд.

Азиза Ҳамидова, роҳбари UNAIDS дар Тоҷикистон дар мусоҳибае соли 2025 мегӯяд, “агар маблағгузорӣ барқарор нашавад, пешрафти мо аз байн хоҳад рафт”.

“Тоҷикистон метавонад ба замонҳои гузашта баргардад, ки дастрасӣ ба ташхис ва табобат ниҳоят маҳдуд буд”, – чунин назар дорад Ҳамидова.

Ба гуфтаи ӯ, ин ҳушдор хеле ҷиддист, зеро дар Тоҷикистон 97 дарсади занони мубталои ВНМО бемории худро пинҳон медоранд, вале бо ин вуҷуд, 64 дарсади онҳо аз табъиз шикоят мекунанд.

Барои ин гуна одамон, ба гуфтаи роҳбари UNAIDS дар Тоҷикистон, марказҳои PEPFAR ҷое буданд, ки метавонистанд бидуни тарсу шарм ёрӣ пурсанд. Акнун ин дарҳо баста шуданд. Ин дар ҳолест, ки бинобар мавҷудияти табъиз, эътимоди ин афрод ба муассисаҳои давлатӣ ҳанӯз дар сатҳи зарурӣ нест.

Азиза Хамидова
Акс аз сомонаи UNAIDS

Ҳукумати Тоҷикистон чӣ кард?​​​​​​​

Сарфи назар аз ин, ҳатто пеш аз қатъи PEPFAR, ҳукумати Тоҷикистон ба таври мустақил барои муайянкунии ҳолаки кунунӣ ва роҳҳои пешгириву табобати ВНМО ва СПИД чораҷӯӣ кардааст.

Аз ҷумла, соли 2024 бо дастгирии UNAIDS дар Тоҷикистон, дар кишвари мо тадқиқоти “Арзёбии миллии харҷи СПИД” (National AIDS Spending Assessment – NASA) гузаронида шудааст. Азиза Ҳамидова дар ин бора мегӯяд, “арзёбӣ нишон дод, ки зиёда аз 60 дарсади барномаи миллии ВНМО аз маблағи беруна – асосан аз Фонди ҷаҳонӣ ва ҳукумати Амрико маблағгузорӣ мешавад”.

Бар асоси ин тадқиқот, ба қавли Ҳамидова, аввалин барномаи гузариш ба худмаблағгузории мубориза бо ВНМО дар Тоҷикистон таҳия шудааст, ки ҳадафаш то соли 2030 мустақил кардани барномаи миллии ВНМО аз кумаки беруна мебошад.

Соли 2025 бошад, ҳукумат бори аввал аз буҷети давлатӣ барои харидории 10 дарсади доруҳои зиддиретровирусӣ маблағ ҷудо кардааст. Рамшед Холназаров, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирии СПИД, ба “Азия-Плюс” гуфт, нақша доранд, ки ҳар сол аз 10 то 20 дарсад маблағи хариди доруҳои зиддиретровирусиро зиёд кунанд.

Ба гуфтаи Холназаров, ҳоло норасоии дору вуҷуд надорад, вале бо ин вуҷуд Тоҷикистон расман ба харидории мустақилонаи доруҳои марбут ба ВНМО гузаштанист.

Рамшед Холназаров
Акс аз сомонаи afif.tj

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ҳам менависад, бо мақсади амалӣ намудани маҷмӯи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии ВНМО, пешгирии паҳншавии сироятпазирии ин беморӣ, кам кардани таъсири мубталошавӣ ва сабук гардонидани оқибати он, аз соли 1997 аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон барномаҳои миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи ВНМО қабул ва татбиқ мегарданд.

“Дар даврони соҳибистиқлолии давлатӣ дар кишвар 7 барнома ва нақшаҳои стратегӣ дар самти муқовимат бо эпидемияи ВНМО қабул ва амалӣ карда шудаанд”, – гуфтааст Вазорат.

Раванди гузаришро қадам ба қадам дар зер бубинед:

Коршинос: Тоҷикистон воқеан роҳи бурунрафтро пайдо кард?​​​​​​​

Шӯҳрат Латифӣ, коршиноси созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Шабакаи тоҷикистонии занони мубталои ВНМО”, бар ин назар аст, ки пас аз қатъи маблағгузории PEPFAR, низоми ҳимояи иҷтимоии беморон ба дастгирии иловагӣ ниёз пайдо кардааст.

Таҳлилҳои ахири созмони онҳо дар лоиҳаи “Пойиши дастрасӣ ва сифати хидматрасонӣ аз ҷониби ҷомеа (CLM)”, ки дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он гузаронида шудааст, нишон додааст, ки танҳо таъмини доруворӣ аз ҷониби давлат барои ҳалли пурраи масъала кофӣ нест. Ба гуфтаи коршинос, ҷиҳати беҳтар кардани сифати хидматрасонӣ, ба вижа дар ташхису табобати сироят тариқи робитаҳои ҷинсӣ, зарур аст, ки низоми нави давлатӣ пиёда карда шавад.

Латифӣ мегӯяд, ки бо баста шудани лоиҳаҳои созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳоло беморон бештар ба клиникаҳои хусусӣ муроҷиат мекунанд, ки дар он ҷо баъзан бо муносибати на чандон хуб, мушкилоти сунъӣ ва бо табъиз рӯбарӯ мешаванд.

“Сарбории аз ҳад зиёди табибон дар бемористонҳои давлатӣ на танҳо сифати табобатро паст мекунад, балки хатари фош шудани сирри тиббиро низ ба вуҷуд меорад. Созмонҳои ҷамъиятӣ миёни табиб ва бемор “пули эътимод” месохтанд, дар ин кор нақши калидӣ доштанд. Акнун бидуни иштироки онҳо, низоми тиббӣ бештар ба паҳлӯҳои техникӣ тамаркуз карда, метавонад ҷанбаҳои муҳими иҷтимоиву равониро, ки барои табобати муваффақ заруранд, нодида гиранд”, – таъкид мекунад ҳамсӯҳбати мо.

Ба андешаи Шӯҳрат Латифӣ, эътимоди миёни табиб ва бемор, ки тӯли 20 сол бо заҳматҳои зиёд бунёд ёфтааст, имрӯз ба дастгирии бештар ниёз дорад. Барои ҳифзи ин пайванд ва нигоҳ доштани дастовардҳои кишвар дар самти мубориза бо ВНМО, лозим аст, ки давлат пеш аз пеш чораҷӯӣ кунад. Ин иқдом заминаи устуворе барои оянда хоҳад шуд.

Шӯҳрат Латифӣ
Акс аз саҳифаи фейсбуки Ш.Латифӣ

Ду пешбинӣ ва як нигаронӣ: то соли 2030​​​​​​​ чӣ хоҳад шуд?

Тақдири мубориза бо ВНМО дар Тоҷикистон имрӯз дар дуроҳа қарор дорад ва интихоби роҳ асосан ба маблағгузорӣ вобаста аст.

Пешбинии аввал: агар PEPFAR ва дигар донорҳо дастгириро идома диҳанд, Тоҷикистон метавонад пешрафти бадастовардаашро ҳифз карда, ҳатто барои мубориза бо ВНМО то соли 2030 ба мустақилияти комил расад. Дар ин сурат, фарогирии табобати АРТ аз 90 дарсад гузашта, интиқоли вирус аз модар ба кӯдак то ҳадди ақал (0.5%) коҳиш меёбад. Азиза Ҳамидова, роҳбари UNAIDS дар Тоҷикистон муътақид аст, ки дар сурати ҳамкории зичи давлату ҷомеа, ин пешрафт комилан имконпазир аст.

Пешбинии дуввум: дар сурати барқарор нашудани маблағ, чӣ тавассути буҷети ҷумҳурӣ ва чӣ маблағгузории хориҷӣ, вазъ хеле нигаронкунанда хоҳад шуд. Ҳисоботи мутахассисони UNAIDS нишон медиҳад, ки камбуди маблағ метавонад боиси 135 дарсад зиёд шудани ҳолатҳои нави сироят ва афзоиши фавт гардад. Дар ин ҳолат, Тоҷикистон ба даврони маҳдудияти ташхис бармегардад ва теъдоди беморон дар як сол аз 2 ҳазору 300 нафар ҳам мегузарад. Ҳамидова ҳам ҳушдор медиҳад, бидуни таъмини маблағгузорӣ, тамоми дастовардҳои мо аз даст хоҳанд рафт.

Ва як нигаронӣ: ҳарчанд ҳукумат барои хариди дору аз буҷет маблағ ҷудо мекунад, аммо гузоришгарони байналмилалӣ таъкид доранд, ки дору бидуни хидматрасониҳои иҷтимоӣ наметавонад занҷираи сироятро бишканад.

Бино ба хулосаи нозирони EHRA/HRI, пешрафти соҳаи ВНМО асосан ба сатҳи таҳаммулпазирии ҷомеа вобаста аст. Агар табъиз пурра решакан шавад, монеаи асосие, ки беморонро аз табобат дур нигоҳ медорад, аз байн хоҳад рафт.

Аммо имрӯз маҳз ҳамон созмонҳои ҷамъиятие, ки бо гурӯҳҳои осебпазир кор карда, табъизро мешикастанд, дар бунбасти молиявӣ қарор доранд. Ин халои маблағгузорӣ метавонад тамоми низоми муборизаро заиф созад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 апрели соли 2026

Аз ҷорӣ гардидани хати лотинӣ дар Тоҷикистон то зодрӯзи Садриддин Айнӣ ва Рӯзи ҷаҳонии фарҳанг

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.