Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

admin

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март “бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи бархе иншоот” ба вилояти Суғд рафт ва чанд иншоотро ба истифода дод. Сафари раисҷумҳури кишвар ба ин вилоят то 31-уми март идома мекунад.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1960 – Палатаи савдои Тоҷикистони Шӯравӣ таъсис дода шуд.

Соли 2007 –Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва Филармонияи давлатӣ ба номи Акашариф Ҷӯраев номгузорӣ шуданд.

Соли 2007 – Раиси Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) Ҷозеф Блаттер ва президенти Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) Муҳаммад Бин Ҳаммом дар шаҳрҳои Норак ва Данғара ду майдони муосири мини-футболро ифтитоҳ карданд.

Соли 2010 – Дар Душанбе мурофиаи аввалин оид ба даъвои додрасҳо бар зидди се нашрияи мустақил, аз ҷумла “Азия-Плюс” баргузор шуд.

Соли 2011 – Мурофиаи додгоҳӣ алайҳи маҳбусони фироркардаи боздоштгоҳи КДАМ дар Душанбе, ки моҳи августи соли 2010 гурехта буданд, оғоз шуд.

ШАХСИЯТҲО

Соли 1932 – Зодрӯзи Усмонҷон Тоҷибоев, рӯзноманигор, публисист, ходими адабӣ, сармуҳаррири вақти рӯзномаи “Ҳақиқати Ленинобод”.

Соли 1942 – Мавлуди Амирқул Азимов, собиқ Додситони кули Тоҷикистон, котиби пешини Шӯрои амнияти Тоҷикистон.

Амирқул Азимов

Амирқул Азимов яке аз шахсиятҳои калидии сиёсӣ ва амниятии Тоҷикистон буд, ки дар ташаккули сиёсати амниятӣ ва мудофиавии кишвар саҳми назаррас дорад.

Ӯ солҳои зиёд дар сохторҳои ҳукуматӣ, бахусус дар соҳаҳои амният ва қонунгузорӣ фаъолият кардааст. Аз ҷумла, солҳо котиби Шӯрои амнияти  Тоҷикистон буд.

Баъди хидмат дар Артиши Шӯравӣ, ба ҳайси муфаттиш, сармуфаттиши прокуратураи ноҳияи Марказӣ, сармуфаттиши прокуратураи шаҳри Душанбе, сармуфаттиш оид ба парвандаҳои махсусан муҳими назди Прокуратураи ҶШС Тоҷикистон ифои вазифа намудааст.

Ӯ солҳои 1978-1992 – сардори шуъбаи тафтишоти Раёсати тафтишоти Прокуратураи Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Ҳамзамон солҳои 1990-1991 – роҳбари Гурӯҳи тафтишотии Додситонии кулли Иттиҳоди Шӯравӣ оид ба тафтиши рӯйдодҳои моҳи феврали соли 1990 кор кардааст.

Азимов, ду сол – солҳои 1992-1994 – муовини вазири корҳои дохилии ҶТ, солҳои 1994-1995 – мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба масъалаҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ буд.

Ҳамчунин, аз апрели соли 1995- августи соли 1996 Додситони кулли Тоҷикистон кор кардааст. Аз моҳи августи соли 1996 то июли соли 2001 котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон буд.

Аз моҳи майи соли 2011 то моҳи марти соли 2015 – вакил, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии ҶТ оид ба мудофиа, амният ва тартиботи ҳуқуқӣ кор кардааст.

Дорои рутбаи генерал-лейтенант.

Соли 1942 – Зодрӯзи Шералӣ Раҷабалиев, табиб, доктори илмҳои тиб, профессор.

Соли 1964 – Зодрӯзи Хайринисо Юсуфӣ, собиқ муовини нахуствазири Тоҷикистон ва муовини пешини раиси ҲХДТ.

Хайринисо Юсуфӣ

Хайринисо Юсуфӣ соли 2003 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси забоншинос ва соли 2005 Академияи хидмати давлатии тобеъи Русияро хатм намудааст.

Ӯ солҳои 1987-1996 дар вазифаҳои дабирии якуми кумитаи комсомол ва раиси созмони ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент фаъолият дошт.

Солҳои 1996-2004 аввал ҳамчун муовини шаҳрдори Панҷакент ва баъд муовини раиси вилояти Суғд адои вазифа намудааст.

Солҳои 2004-2008 муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2008-2010 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон буд.

Ду давра (2010-2015, 2015-2020) вакили парлумони Тоҷикистон буд.

Соли 2019 муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таъин шуд ва қариб 5 сол дар ин мақом кор кард.

Соли 1970 – Зодрӯзи Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон.

Давлаталӣ Саид

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1993 ба сифати мутахассиси идораи экспертизаи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2005 дар вазифаи муовин, сардори Раёсати экспертиза ва сардори Идораи саҳҳомигардонӣ, қоғазҳои қимматнок ва фондҳои инвеститсионии Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 2005-2007 дар мансабҳои раиси Кумитаи кор бо ҷавонони Тоҷикистон ва раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2007-2009 дар вазифаи сафири Тоҷикистон дар Япония кор кардааст.

Аз соли 2009 то 2013 дар мансаби раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Аз аз 19-уми ноябри соли 2013 то январи соли 2023 ҳамчун муовини якуми сарвазири Тоҷикистон фаъоляит кардааст.

Аз 5-уми январи соли 2023 раиси вилояти Хатлон мебошад.

Соли 1999 – Сафаралӣ Кенҷаев, ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик ва муассиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон дар 57-солагӣ кушта шу

Сафаралӣ кенҷаев

Сафаралӣ Кенҷаев, раиси собиқи Шӯрои олӣ ва бунёдгузори Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон дар оғози солҳои навадум буда, аз чеҳраҳои матраҳ ва машҳур дар ин кишвар ба шумор мерафт. Аз ӯ ҳамчун муассис ва роҳбари “Фронти халқӣ” ном мебаранд, ки дар бақарор кардани сохти конститутсионии Тоҷикистон нақши калидӣ дошт.

Ӯ фаъолияти кориашро аз обмони одӣ дар колхози “Бурднок” оғоз карда, баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар вазифаҳои додситони ноҳияи Фрунзе (Фирдавсии имрӯза)-и Душанбе, додситони нақлиёти Тоҷикистон, муовини додситони Роҳи оҳан ва раиси Кумитаи назорати назди раисҷумҳури Тоҷикистон кор кардааст.

Сафаралӣ Кенҷаев ба саҳнаи сиёсат тавассути Шӯрои олӣ роҳ ёфт. Ӯ аввал вакили Шӯрои олӣ интихоб шуд ва баъди баргузории нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1991, вакилони парлумон бо пешниҳоди Раҳмон Набиев ӯро раиси Шӯрои олӣ интихоб карданд.

Ӯ то 22-юми апрели соли 1992 дар ҳамин вазифа фаъолият дошт. Сипас дар ҳодисаҳои муқовимати сиёсии солҳои 1992-1997 ҷонибдори ҳукумати Тоҷикистон буд. 24-уми октябри соли 1992 бо нерӯҳои ҳарбӣ аз самти ғарби Душанбе вориди пойтахт шуд ва чанде аз биноҳои маъмуриро ғасб карда, аз сӯйи ҷонибдоронаш тавассути садову симо раисҷумҳури кишвар эълон шуд. Аммо дар ниҳоят ин ҳамла ноком анҷомид ва Кенҷаев аз пойтахт хориҷ шуд.

Кенҷаев 30-юми марти соли 1999 замоне, ки роҳбари яке аз кумитаҳои парлумони Тоҷикистон буд, аз ҷониби ашхоси ношинос дар Душанбе ба қатл расонида шуд.

Соли 2001 – Ӯктам Бобоев, муаррих ва бостоншиноси тоҷик дар 68-солагӣ даргузашт.

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз дар Амрико Рӯзи миллии табибон таҷлил мегардад. Ин ид аз ҷониби Эодора Элмонд, ҳамсари доктор Чарлз Элмонд таъсис дода шудааст, то эҳтироми худро ба табибон изҳор кунад. Ин рӯз ба шарафи нахустин истифодаи наркози умумӣ аз ҷониби доктор Кроуфорд Лонг дар соли 1842 ҷашн гирифта мешавад.

30 март як иди ғайрирасмӣ Рӯзи гаштугузор дар боғ ҷашн гирифта мешавад. Табибон тавсия медиҳанд, ки ҳар рӯз 30 дақиқа бояд сайругашт кард, зеро он барои беҳтар кардани вазъи саломатӣ, пешгирии фарбеҳӣ, диабети навъи 2 ва ҳатто баъзе намуди саратон муфид аст.

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда. асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+4º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида баъзан борон борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 23+28º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 17+22º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8+13º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 20+25º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 14+19º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм,  дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 10+12 гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои   тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 20+22º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар ғарби вилоят шабона 4+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе минтақаҳо то 16-18º сард. 

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 12+14º гарм, рӯзона 22+24º гарм мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 12+14 гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, баъзан борон борида, эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 13+15º гарм, шабона 4+6º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 30 ба 31-уми март ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.