“Нешзанӣ”-и Путину “таъна”-и Пашинян. Баҳси тунди роҳбарони Русияву Арманистон дар ҳузури расонаҳо

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Равобити ин кишвар дар пайи радди дахолати СААД ба ҷанги Арманистону Озарбойҷон ба сардӣ гароидааст.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Никол Пашинян, сарвазири Арманистон рӯзи 1-уми апрел дар Маскав севуним соат рӯ ба рӯ нишастанд ва дар бораи масъалаҳои хеле ҳассос – аз интихоби байни Аврупо ва Русия то маҳбусони сиёсӣ, аз нархи газ то Қарабоғ ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) бо якдигар баҳси тунд карданд.

Путин аз оғоз фишор овард

Тавре Коммерсант менависад, Путин ҳанӯз аз аввали вохӯрӣ бевосита ба мавзӯъҳои ҳассос гузашт. Аввалин чизе, ки гуфт, ин буд, ки интихоботи наздики Арманистон набояд ба муносибатҳои ду кишвар зарар расонад.

“Байни Русия ва Арманистон муносибатҳои хос вуҷуд дорад, ин муносибатҳо на даҳсолаҳо, балки садсолаҳо давом кардаанд. Мо орзу дорем, ки ин тезутундиҳои пешазинтихоботӣ ба муносибатҳои мо зарар нарасонад”, – гуфт Путин.

Баъд аз он Путин ба масъалаи газ гузашт ва гуфт, ки Русия ба Арманистон газро бо нархи $177 медиҳад, дар ҳоле ки дар Аврупо нарх $600 аст.

“Фарқ калон аст, фарқ назаррас аст… Ин қарори шумост, бо кӣ ва дар кадом асос кор кунед”, – гуфт раисҷумҳури Русия.

Паёмаш равшан буд, агар ба сӯи Аврупо рӯ баред, нархи гази содиротии Русия ба Арманистон гарон мешавад.

Сипас Путин гуфт, ки Арманистон наметавонад ҳамзамон узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди Аврупо бошад ва бояд якеро интихоб кунад.

“Бояд росткорона, пешакӣ, гуфта шавад: дар айни замон узви Иттиҳоди гумрукии Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё будан ғайриимкон аст. Ин аз рӯи таъриф ғайриимкон аст!” – гуфт Путин.

Ҳамчунин, Путин гуфт, дар Арманистон баъзе сиёсатмадорони тарафдори Русия, аз ҷумла шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро доранд, дар зиндон нишастаанд ва хост, ки онҳо озод шаванд, то дар интихобот иштирок карда тавонанд.

Ҳарчанд Путин аз касе ном нагирифт, аммо расонаҳо менависанд, сухан аз ҷумла аз Самвел Карапетян аст. Ӯ соҳибкори бузурге, ки шаҳрвандии Русияро дорад ва дар Арманистон бо иттиҳоми “кӯшиши бо зӯрӣ ба даст гирифтани ҳокимият” дастгир шудааст.

Пашинян ҳам ором нанишаст

Пашинян ба гуфтаҳои Путин дар бораи маҳбусони сиёсӣ тунд ва бо садои нисбатан баландтар ҷавоб дод: “Дар Арманистон ягон маҳбуси сиёсӣ дар зиндон нест! Шабакаҳои иҷтимоӣ дар кишвари мо 100 дарсад озоданд. Ягон маҳдудият вуҷуд надорад!”.

Дар бораи шаҳрвандии Русия ҳам Пашинян посухи қонунӣ дод. Ӯ гуфт, “мувофиқи Конститутсияи Арманистон танҳо дорандагони шиносномаи арманӣ метавонанд дар интихобот иштирок кунанд. Ин на маҳдудияти сиёсӣ, балки қонун аст”.

Аммо тундтарин ҳарфи Пашинян дар бораи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ буд, ки гуфт: “Соли 2022 вазъияти мушаххас дошта будем ва механизмҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ бояд кор мекарданд, аммо накарданд. Мо то ҳол наметавонем ба шаҳрвандонамон шарҳ диҳем, ки чаро созмон вокуниш нишон надод”.

Путин ҷавоб дод, ки Арманистон худаш дар Прага Қарабоғро ҷузъи Озарбойҷон эътироф карда буд, пас дахолати созмон ғайриқонунӣ мешуд.

“Пас аз он ки Шумо соли 2022 дар Прага эътироф кардед, ки Қарабоғ ҷузъи Озарбойҷон аст, ин масъала кори дохилии Озарбойҷон шуда буд. Дахолати Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар ин раванд комилан нодуруст мебуд”, – гуфт Путин.

Аммо Пашинян ин далелро рад карда, Путинро пеши рӯи ҳама масъул донист: “Бале, мо Қарабоғро ҷузъи Озарбойҷон эътироф кардем, аммо танҳо пас аз он ки раҳбарияти олии Русия ду маротиба ошкоро ҳамин гапро гуфт”.

Бояд гуфт, СААД иттиҳоди низомии зери нуфузи Русия аст, ки дар он кишварҳои Тоҷикистон, Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд ва бар асоси оинномаи он, дар ҳолатҳои ҳуҷум ба қаламрави яке аз ин кишварҳо, ҳамаи кишварҳо дастаҷамъона ба дифоъ иқдом мекунанд. Арманистон дар муноқишаҳои низомии худ бо Озарбойҷон дар соли 2020 ва 2022 бар сари Қарабоғи кӯҳӣ ду маротиба ба ин созмон муроҷиат кард, то ба кумакаш раварад, аммо посухи рад гирифт. Дар пайи ин, иштироки худ дар ҷаласоти ин созмонро боздошт.

Поёни вохӯрӣ ва оғози гумонзадҳо

Пашинян дар охир гуфт, ки вақте лозим шавад байни Иттиҳоди Аврупо ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё якеро интихоб кунанд, ин кори мардуми Арманистон аст, на давлати дигаре.

Аммо ин суханҳо Путинро қаноатманд накард.

Рӯзи дигар муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ба ТАСС мусоҳиба дод ва вазъи муносибатҳои ду кишварро сахт танқид кард. Таҳлилгарони Echo FM ин мусоҳибаро нишони он медонанд, ки вохӯрӣ воқеан ҳам хуб нагузашт.

Чаро Арманистон дар ду созмон буда наметавонад?

Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Иттиҳоди Аврупо ҳар ду иттиҳоди гумрукии ҷудогонаанд. Яъне, ҳар яке қоидаҳои худро дорад: нархи молҳо, андозҳо, стандартҳои техникӣ ва санитарӣ. Агар як кишвар дар ҳарду бошад, ду маҷмӯи қоидаи зидду нақиз иҷро карданаш лозим мешавад.

Таҳлилгарон мегӯянд, барои Русия узвияти Арманистон дар Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё муҳим аст, зеро ба он нуфузи иқтисодӣ ва сиёсӣ медиҳад. Агар Арманистон ба Иттиҳоди Аврупо наздик шавад, ин нуфуз заиф мегардад.

Барои Арманистон бошад, узвият дар Иттиҳоди Аврупо бозорҳои калон, сармоягузорӣ ва стандартҳои баланди зиндагиро таъмин мекунад, аммо аз нархи арзони гази русӣ маҳрум мешавад.

Вохӯрии 1-уми апрел дар Маскав, ба қавли таҳлилгарон, бори дигар нишон дод, ки ин муносибатҳои сард ҳанӯз тағйир наёфтааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Қосиди меҳри кӯдакони Кобул дар кӯчаҳои Душанбе. Муҳаммад Ҷӯёи 9-сола кист ва чаро ба Тоҷикистон омад?

Фазои осоишта, кӯчаҳои пур аз одам ва холӣ аз садои тиру туфанги Тоҷикистон ба Муҳаммад Ҷӯё писанд омадааст.

Нусратулло Давлатзода: “Азия-Плюс” ҳамоно дар кишвар яке аз манбаъҳои серхонанда ва бонуфуз боқӣ мемонад

Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон "Азия-Плюс"-ро ба муносибати 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар радабандии нави ФИФА мавқеи Тоҷикистон се зина поин шуд

FIFA раддабандии дуюми тимҳои миллиро дар соли равон нашр кард.

Аз 6 то 12 соли зиндон ба 7 ноболиғ дар пайванд ба куштори ҳамсоли худ дар Душанбе

Ин наврас дар пайи ҷанҷоли ноболиғон моҳи ноябри соли гузашта кушта шуда буд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 59

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Ҳомиди Самад ва Қосими Бегмуҳаммад то рӯзи ихтирои телефони мобилӣ

Идомаи ҳамлаҳои шадиди тарафҳо ба Теҳрону Тел-Авив. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна

Муҳимтарин хабарҳо аз ҷанг алайҳи Эрон ва вазъи кишварҳои Ховари Миёна дар шабонарӯзи гузаштаро дар ин матлаби мо хонед.