Аз ба фаъолият оғоз кардани “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он рӯзи 7-уми апрели соли 2025 бо иштироки Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва намояндагони ширкатҳои фанноварии дохилӣ ва хориҷӣ дар потйтахти кишвар расман ба кор оғоз кард. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, маълум кунад, ки дар як соли кор, ин муаасиса ба чӣ дастовардҳо ноил шуд.
Дар “IT Park” чанд ширкат фаъолият мекунанд?
Имрӯз дар он зиёда аз 70 ширкати фанновариҳои иттилоотӣ (IT) кор мекунанд. Ин ширкатҳо аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ аз имтиёзҳо бархурдоранд.

Масъулин мегӯянд, аъзои “IT Park Dushanbe” яке аз муҳаррикони иқтисоди рақамӣ табдил ёфта, на танҳо дар дохили кишвар кор мекунанд, ҳамчунин ба муаррифии бахши фанновариҳои иттилоотии Тоҷикистон дар берун аз ҳудуди он оғоз кардаанд.
Тавре аз “IT Park Dushanbe” гуфтанд, рушди ин муассиса дар робита ва ҳамкорӣ бо сохторҳои давлатӣ пешбинӣ гардида буд, ки дар татбиқи он ҷонсии навовариҳо ва фанновариҳои рақамии Тоҷикистон нақш дорад. Ин ниҳод ба амалисозии сиёсати давлат дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва навовариҳо масъул аст.
“Дастгирӣ аз ҷониби Оҷонсии мазкур ташаббуси якдафъаина набуда, ҳамоҳангсозии доимист. Маҳз аз ҳамин ҳисоб заминаи устуворе фароҳам меояд, ки парк дар он метавонад бидуни ҷаҳишҳои ногаҳонӣ рушд кунад”, – гуфтанд аз “IT Park Dushanbe”.

Акс аз сомонаи “IT park Dushanbe“
Чӣ гуна чорабинӣ ва вохӯриҳо баргузор мешаванд?
Майдони “IT Park” барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла чорабиниҳои СҲШ, ИДМ, инчунин ҳамоишҳои гуногуни байнулмилалӣ истифода мешавад. Чунин чорабиниҳо ҷиҳати роҳандозии робитаҳо бо шарикони хориҷӣ, баррасии лоиҳаҳои муштарак ва ба сурати умум, нишон додани он, ки Тоҷикистон барои сармоягузорӣ ва рушди навовариҳо дар иқтисод омода аст, имкон медиҳанд.
Ҳаҷми содироти хидматрасонии фанновариҳои иттиллотӣ дар соли 2025 ба 23 млн сомонӣ расид. Ширкату корхонаҳои аъзои “IT Park Dushanbe” аллакай, бо бозорҳои беруна кор мекунанд. Ин маънои онро дорад, ки маҳсулот ва хидматрасониҳое, ки дар дохили кишвар истеҳсолу роҳандозӣ мешаванд, аллакай дар берун аз ҳудуди он талабот доранд.
“Чунин натиҷа мустақиман ба сатҳи омодагии мутахассисон ва омиле марбут аст, ки дар дохили парк кор чӣ гуна роҳандозӣ шудааст. Аслан ин ҷо сари оғози рақобати сармояи инсонии Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ сухан меравад”, – гуфтанд аз ин ниҳод.

Мутахассисон чӣ гуна омода мешаванд?
Дар як сол дар ин ҷо Мактаби ҳуши маснӯӣ (AI School) боз шуд. Ин самти таълимиест, ки ба тайёр кардани мутахаасисони насли нав нигаронида шудааст. Гап сари мутахассисоне меравад, ки бо технологияҳои муосир кор карда тавониста, ба муҳити хеле зуд тағйирёбандаи рақамӣ муобиқ шуда тавонанд. Чунин тарзу равиш ба ҳаллу фасли яке аз талаботи асосии бозор – камбуди кадрҳои ҳирфаӣ ёрӣ мерасонад.

Ҳамчунин, дар ин ҷо чорабинии “Woman in Tech” роҳандозӣ шуд, ки он ба ҷалби ҳарчӣ бештари занон ба соҳаи фанновариҳои иттилоотӣ, дастрасии онҳо ба имконот ва рушд дар дохили ин соҳа равона шудааст.
Чаро ҳозир ба IT бештар таваҷҷуҳ зоҳир мешавад?
Моҳи январи соли 2025 дар Тоҷикистон “2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақмӣ ва инноватсияҳо” эълон шуд. Ин як ҳушдорест, ки самти IT акнун аз ҷумлаи афзалиятҳо маҳсуб меёбад.
Тавре ки аз “IT Park Dushanbe” гуфтанд, соли аввали фаъолият нишон дод, ки амалисозии лоиҳа мувофиқи мақсад ва иқдоми оқилона аст.
“Ифтихор дорем, ки дар соли аввал ба дарёфти эътимоди доираи васеи мутахасисони ҷавон ва соҳибкорону шарикон ноил гардидем. Соли аввал ин танҳо оғоз аст. Имрӯз “IT Park Dushanbe” рамзи рушди устувор, шаффофият ва ояндаи рақамии Тоҷикистон аст. Мо ба пешрафт ва даст ёфтан ба дастовард ва имконоти нав идома медиҳем!”.


