Реҷаи фаъолияти марказҳои савдо ва хидматрасонии маишӣ дар шаҳри Душанбе нав шудааст. Дар ин бора пулиси пойтахт иттилоъ дода, гуфтааст, ки соҳибони ин марказҳо бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.
Раёсати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе субҳи 16-уми апрел эълон кард, ки қарори шаҳрдори Душанбе “Дар бораи муқаррарсозӣ ва мувофиқа кардани реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ” рӯзи 14-уми апрел ба тасвиб расидааст.
Бар асоси он, ба гуфтаи манбаъ, моликони марказҳои савдо ва хидматрасонии маишӣ, “новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, уҳдадоранд, ки реҷаи кории худро бо тартиби муқарраргардида аз нав мутобиқ кунанд”.
Пулиси Душанбе гуфтааст, ки соҳибкорон барои пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва гирифтани мувофиқаи расмии реҷаи корӣ метавонанд ба комиссияе, ки дар назди шаҳрдорӣ ташкил шудааст, муроҷиат кунанд.
“Бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои истеъмолкунандагон ва пешгирии халалдор гардидани оромиву осоиши шаҳрвандон, аз ҷониби мақомоти милитсияи пойтахт реҷаи кории марказҳои савдо ва хидматрасонӣ, мунтазам мавриди санҷиш қарор дода мешаванд”,-таъкид кардааст РВКД дар пойтахт.
Тартиби нави фаъолияти марказҳои савдо ва хидматрасониро дар баргаҳои мо бубинед:



Бояд гуфт, ки моҳи августи соли 2020 қарори Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар хусуси тартиби муқаррар кардани реҷаи кории марказҳои савдо ва хидматрасонӣ дар ҳудуди пойтахт баромад.
Тибқи ин қарор, дар пойтахт реҷаи кории тамоми ташкилоту объектҳои савдо ва хидматрасонии маишӣ аз ҷониби Комиссияи шаҳрдории Душанбе муқаррар ва мувофиқа карда мешавад. Дар ин замина пулиси пойтахт вазифадор шудааст, ки иҷрои ин қарорро назорат карда, барои пешгирии халалдор шудани оромии шаҳрвандон чора андешад.
Бояд гуфт, сокинону меҳмонони пойтахт бештар аз кори марказҳои дилхушӣ ва марказҳои бозии компютерӣ шикоят карда, мегӯянд, ки онҳо реҷаи муқарраршударо риоя намекунанд, боиси халалдор шудани оромиии онҳо мегардад.
Дар пайи ин шикоятҳо моҳи октябри соли 2025 пулиси пойтахт барои танзими фаъолияти марказҳои дилхушӣ “рейд” гузаронида зимни санҷиши фаъолияти 17 маркази дилхуширо боздоштанд.
Ин ниҳод қаблан низ аз риоя нашудани реҷаи корӣ дар аксари марказҳои дилхушӣ изҳорот нашр карда буд.


