Додгоҳи шаҳри Норак Сироҷиддин Боев ва Муҳиддин Ядгоров, сармуҳосиб ва мудири анбори Кумаки аввалияи тиббиву беҳдоштии ин шаҳрро, ки ба тасарруфи беш аз 530 ҳазор сомонӣ пули буҷет гумонзад буданд, аз 45 то 52 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима бастааст.
Дирӯз,15-уми апрел Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон хабар дод, ки Сироҷиддин Боев тайи солҳои 2022-2025 дар умум 530 ҳазору 50 сомонӣ пули буҷетро, дар ҳисоботҳо ҳамчун пардохтҳои иттифоқи касаба ва суғуртаи кормандон навишта, ин пулро ба суратҳисоби Муҳиддин Ядгоров гузаронида, бо кумаки ӯ ин маблағро аз худ кардааст.
Аз Додгоҳи шаҳри Норак имрӯз, 16-уми апрел ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳукми онҳо рӯзи 10-уми марти имсол содир шуда, додгоҳ онҳоро ба азхудкунӣ ё исрофкорӣ ва сохтакории хидматӣ (моддаҳои 245, қисми 4 банди “б” ва 323-и КҶ) гунаҳкор дониста, нисбати Боев 52 ҳазору 500 ҳазор сомонӣ (700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо- бо ҳисоби 2025) ва Ядгоров 45 ҳазор сомонӣ (600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо – бо ҳисоби 2025), ҷарима таъин кардааст.
Намояндаи додгоҳ илова кард, ки ҳарду муттаҳам маблағи тасарруфшударо ба буҷети кишвар баргардонидаанд. Вале маълум нест, ки онҳо маблағи ҷаримаро ҳам пардохтаанд ё не.
Назари онҳо дар робита ба ҳукми додгоҳ маълум нест.
Бояд гуфт, ки фасодкорӣ ва қаллобӣ дар сохторҳои тандурустии Тоҷикистон ҳодисаи нав набуда, қаблан низ борҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, чанде пеш Оҷонсии зиддифасод хабар дод, ки Бахтовар Сиддиқов, сармуҳосиби беморхонаи марказии Варзоб ба тасарруфи беш аз 1,1 млн сомонӣ пули буҷет гумонзад аст. Рӯзи 6-уми март Додгоҳи ноҳияи Варзоб, Сиддиқовро гунаҳкор дониста ба 11 соли зиндон маҳкум кард.
Пештар, Фаррух Мақсудзода, сардори пешини Раёсати тандурустии вилояти Суғд, бо иттиҳоми гирифтани пора, се моҳ ҳабс ва бо пардохти 300 ҳазор сомонӣ ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шуд.
Тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасод, соли гузашта 1 ҳазору 979 ҷинояти коррупсиониро нисбати 1 ҳазору 207 нафар ошкор кардаанд, ки дар натиҷаи он 819 парвандаи ҷиноӣ алайҳи 1 ҳазору 59 тан оғоз ва барои баррасӣ ба додгоҳҳо ирсол шудааст.


