Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

asia+

Дафтари барномаҳои Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс”-ро бо ҷашни 30-солагиаш табрик гуфт.

Дар паёми табрикотӣ аз номи Татяна Суркан, иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари САҲА дар Душанбе зикр мешавад, ки тайи се даҳсолаи сипаришуда “Азия-Плюс” худро як қисмати муҳими фазои расонаҳои Тоҷикистон муаррифӣ карда, ба таъмини дастрасии ҷомеа ба иттилооот ва рушди рӯзноманигории касбӣ мусоидат кард.

“Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҳамкорӣ ва муколамаро бо васоити ахбори умум дар Тоҷикистон қадрдонӣ карда, саҳми “Азия-Плюс”-ро дар рушди бахши расонаҳо таъкид месозад.

Ба шумо комёбиҳои минбаъда, рушду шукуфоӣ ва дастовардҳои касбӣ таманно дорем!”, – зикр мешавад дар нома.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Русия ҳудуди 6 ҳазор муҳоҷирро аз қаламраваш ихроҷ мекунад

Онҳо пас аз рейдҳои мақомоти Русия аз ин кишвар ронда мешаванд.