Рашид Ғанӣ Абдулло, сиёсатшинос ва таҳлилгари тоҷик, ки солҳо барои “Азия-Плюс” назар медиҳад ва матолиби таҳлилӣ менависад, ба табрики расонаи мо, ки имсол 30-солагиашро таҷлил мекунад, омад ва дар бораи нақши он дар фазои расонаӣ ва саҳмаш дар муаррифии кишвар андешаашро баён кард.
Рашид Ғанӣ Абдулло аз сиёсатшиносон ва коршиносони матраҳи Тоҷикистон аст. Солҳои дароз дар Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон кор кардааст. Ҳамчунин, дар Ироқ, Либия ва Сурия ба ҳайси тарҷумон низ кор кардааст. Ӯ аз аввалин коршиносон ва муаллифони “Азия-Плюс”буд, ки дар масоили сиёсӣ матолиби таҳлилӣ менавишт ва дар робита ба мавзӯҳои сиёсии минтақа ва ҷаҳон назари коршиносона медод. Ҳоло ҳам барои таҳлили равандҳо ё масоили сиёсӣ назар медиҳад ва бо расонаҳо ҳамкорӣ дорад.


