“Ба зиндонбонҳо ҳуҷум карданд”. Мақомот ҷузъиёти тирпаронӣ дар “СИЗО”-и Хуҷандро дар СММ шарҳ доданд

Дар пайи ин ҳодиса бар зидди ду зиндонбон низ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

asia+

Мақомоти Тоҷикистон, ки ҳоло дар мавриди вазъи ҳуқуқи инсон ба Созмони миллали муттаҳид гузориш медиҳанд, дар бораи тирпаронии рӯзи 31-уми январ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд (СИЗО) маълумот дода, баъзе ҷузъиёти ин ҳодисаро ҳам гуфтанд.

Умед Каримзода, муовини аввали додситони кулли Тоҷикистон, рӯзи 15-уми апрел дар ҷаласаи 84-уми Кумитаи зидди шиканҷаи СММ дар Женева, дар посух ба пурсиши намояндагони ин кумита ҷузъиёти тирпаронӣ дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷандро шарҳ додааст.

Зимни ироаи маълумот дар бораи тирпаронӣ, ки навори он дар сомонаи расмии Кумитаи зидди шиканҷаи СММ нашр шудааст, мушаххасан аз рӯзе ном бурда намешавад, аммо аз суоли намояндагони Кумитаи СММ, посухи намояндагони Тоҷикистон ба он ва ҳамчунин, теъдоди “безараргардонидашудаҳо” бармеояд, ки зоҳиран сухан аз тирпаронии ахир дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд дар рӯзи 31-уми январи соли 2026 меравад.

Умед Каримзода бо такя ба натиҷаҳои тафтишот изҳор доштааст, ки ин ҳодиса аз ҷониби се маҳкумшудаи ҷиноятҳои экстремистиву террористӣ – Ғаюров, Халилзода ва Кавраков (номи онҳо зикр намешавад) тарҳрезӣ ва амалӣ шудааст. Бо кадом иттиҳом зиндонӣ шудани онҳо дақиқ гуфта намешавад.

“Ҳангоми сайругашт дар ҳудуди Боздоштгоҳи муваққатӣ ба кормандони ин муассиса – Дӯстматов, Авазбоқиев ва дигарон, инчунин ба маҳкумшуда Исобоев ҳамла карда, онҳоро бераҳмона латукӯб намуданд. Дар натиҷа, кормандони муассиса ва як маҳкумшуда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд”, – гуфтааст Каримзода.

Сипас, ба гуфтаи муовини аввали додситони кулл, Ғаюров ва шарикони ӯ бо нардбон ба болои боми бинои Боздоштгоҳи муваққатӣ баромада, роҳҳои хуруҷро баста, бо нидоҳои “Аллоҳу Акбар” ба самти кормандони муассиса хишт ва пораҳои бетон партофтаанд.

Умед Каримзода гуфтааст, “сарфи назар аз талабҳои роҳбарият ҷиҳати қатъ кардани амалҳои ғайриқонунии худ ва тирҳои огоҳкунанда ба ҳаво, маҳкумшудагони номбурда ба кормандоне, ки қасди ба бом баромадан доштанд, ҳуҷум мекарданд”.

Дар чунин шароит, тавре Каримзода зикр кардааст, “бо истифода аз силоҳи оташфишон Ғаюров, Халилзода ва Кавраков безарар гардонида шудаанд”.

Муовини аввали додситони кулл мегӯяд, ки мақомоти тафтишотӣ на танҳо амали ошӯбгарон, балки саҳлангории масъулини Боздоштгоҳи муваққатиро низ мавриди санҷиш қарор додаанд.

Каримзода гуфтааст, ки дар натиҷаи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, вале шарҳ надодааст. Қаблан Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон, гуфта буд, ки дар робита ба ин ҳодиса бо моддаи 332 ва 365- и Кодекси ҷиноятӣ парванда оғоз шудааст.

Дар ҷараёни тафтишот, инчунин, ба гуфтаи Умед Каримзода, муайян шудааст, ки “ба содир шудани ин ҷиноят амалҳои хунукназаронаи кормандони Боздоштгоҳи муваққатӣ Рустамов ва Бойбутаев мусоидат кардаанд”.

Ба гуфтаи ӯ, нисбати ҳар ду зиндонбон низ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, аллакай, ба додгоҳ ирсол шудааст. Аммо дақиқ гуфта намешавад, ки “амалҳои хунукназарона”-и зиндонбонҳо чӣ будааст ва бар зиддашон бо кадом моддаи қонун парванда боз шудааст.

Бояд гуфт, ки ошӯб дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд рӯзи 31-уми январ рух дода, ҳамон шабу рӯз расонаӣ шуд, вале мақомоти марбута беш аз 10 рӯз дар бораи ин ҳодиса расман ҳеҷ гуна шарҳе надоданд.

Аз ҷумла, Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар, ки зиндонҳои кишвар зери тобеияти ниҳоди зери роҳбарии ӯ аст, аз гуфтани сабабу ҷузъиёти ин ҳидиса ба рӯзноманигорон худдорӣ кард.

Пас аз 14 рӯз, танҳо Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кул, рӯзи 13-уми феврал дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, се маҳкумшудае, ки барои содир кардани ҷинояти террористӣ – экстремистӣ ба муддати аз 12 то 14 соли зиндон маҳкум шудаанд, “дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ чандин бор низоми адои ҷазоро вайрон кардаанд, барои ҳамин бо қарори додгоҳ нисбати онҳо низоми маҳбасӣ муқаррар карда шуд”.

Аммо ӯ он вақт ҳувияти маҳкумшудагону ҷузъиёти комили ҳодисаро ифшо накарда ва нагуфта буд, ки зидди ду зиндонбон ҳам парванда боз шудааст.

Ин аввалин ҳодисаи задухӯрд ё ошӯб дар маҳбасҳо, махсусан дар муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд нест. Шаби ноябри соли 2018 дар муассисаи ислоҳии низомаш сахти 3/3 дар маҳаллаи 16-уми шаҳри Хуҷанд маҳбусон ба ошӯб даст заданд. Ба иттилои расмӣ, дар ҷараёни ошӯб 21 маҳбус ва 2 корманди зиндон кушта шуда, панҷ посбон ҷароҳатҳои вазнин гирифтанд.

Инчунин 3-юми феврали соли гузашта дар зиндони маъруф ба “Кирпичний” ё муассисаи ислоҳии №3/2 дар шаҳри Ваҳдат ошӯб сар зад, ки дар натиҷа, ба иттилои расмӣ 3 маҳбус кушта ва 3 нигаҳбони муассиса аз ҷумла, сардори муассисаи мазкур захмӣ шуданд.

Пештар аз ин, шоми 19-уми майи соли 2019 дар ҳамин муассиса ошӯб бархоста буд, ки 30 маҳбус бо корду асбобҳои бурандаю халанда се корманди муассисаро гаравгон гирифта, куштанд. Ҳамчунин, бо мақсади тарсонидан панҷ маҳкумшударо низ ба қатл расониданд.

Дар умум, бар асари ин ҳодиса ва саркӯби омилони ҷиноят, 29 маҳбус ҳалок шуд. Барои ташкили ошӯб Додгоҳи олии Тоҷикистон муҳлати ҳабси 28 маҳбуси муассиса дар Ваҳдатро дароз кард.

Солҳои пешин низ якчанд бор ҳодисаҳои кӯшиши фирор аз зиндонҳои Тоҷикистон рух дода буданд. Қариб ҳамаи онҳо барои ташкилкунандагону иҷрокунандагони онҳо ноком анҷом ёфтанд: онҳо ё кушта шуданд ва ё боздошту паси панҷара баргардонида шуданд.

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мақоми иборат аз 10 коршиноси мустақил мебошад, ки иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муомила ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шарафро аз ҷониби давлатҳои узв назорат мекунад.

Кумитаи зидди шиканҷа барои масъулиятпазирии давлатҳо дар мавриди нақзи ҳуқуқи инсон фаъолият бурда, гузоришҳо дар бораи шиканҷаро мунтазам таҳқиқ мекунад, то ин ҷиноятро боздорад ва пешгирӣ кунад.

Ин ҷаласаи 84-уми Кумитаи зидди шиканҷа буда, он 13-уми апрел оғоз шуд ва то 1-уми майи соли 2026 давом мекунад.

Тибқи Конвенсия, кишварҳои узв бояд ҳар 4 сол як маротиба гузориши навбатии худро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон пешниҳод кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.