Пас аз қариб 50 рӯз аз оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ва дар пайи он, баста шудани тангаи Ҳурмуз, ҳамчунин, эълони оташбас миёни Исроил ва Лубнон, зӯҳри дирӯз Теҳрон эълом кард, ки тангаро барои киштиҳои тиҷорӣ боз кардааст, аммо онҳо вақти убур бояд иҷозаи мақомоти Ҷумҳурии Исломиро бигиранд. Дар пайи ин иқдоми Эрон, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико аз Теҳрон изҳори сипос кард, вале гуфт, “муҳосираи Эрон” то имзои созиши сулҳ идома мекунад.
Баъди эълони оташбаси 10-рӯза миёни Лубнон ва Исроил, ки ду рӯзи пеш эълон шуд, дирӯз Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон хабар дод, ки “рафтуомади тамоми киштиҳои тиҷорӣ тариқи тангаи Ҳурмуз то боқимондаи давраи оташбас (миёни Эрон ва Амрико, ки барои 2 ҳафта ҳосил шудаву рӯзи 22-юми апрел поён меёбад) комилан озод эълом мешавад”.
Ӯ имрӯз дар нигоштае дар саҳифаи “Х”-и худ навишт, ки “ин равуо бояд аз роҳи ҳамоҳангшудае анҷом шавад, ки аз қабл тавассути Созмони бандарҳо ва дарёнавардии Ҷумҳурии Исломии Эрон эълом шуда буд”.

Ба қавли мақомоти Эрон, киштиҳои тиҷорӣ метавонанд аз танга убур кунанд, аммо барои ин бояд иҷозаи мақомоти Ҷумҳурии Исломиро бигиранд.
Оташбас миёни Лубнон (дар асл Ҳизбуллоҳ мавриди назар аст) ва Исроил як талаби бунёдии Эрон барои иҷрои бандҳои оташбас миёни Амрикову Исроил ва Ҷумҳурии Исломӣ буд, ки Вашингтону Телавив дар оғоз нодида гирифтанд, аммо баъд аз истодагарии Теҳрон даст ба иқдом шудаву ниҳоят эълон карданд.
Дар пайи бозгушоии тангаи Ҳурмуз, Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар саҳифаи “Truth Social”-и худ навишт, “Эрон ҳамин ҳоло эълом кард, ки тангаи Эрон кушода шуда, омодаи рафтуомади озоди киштиҳо аст. Сипосгузорам”. Маълум нест, ки ӯ барои чӣ ба ҷойи “тангаи Ҳурмуз” аз “тангаи Эрон” корбурд кардааст, аммо дар гузашта ӯ аз ҷонибдорони “Халиҷи Араб” хондани “Халиҷи Форс” буд, ки дар ниҳоят ноком шуд.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп гуфт, ки то имзои созишномаи сулҳ миёни Амрико ва Ҷумҳурии Исломӣ “муҳосираи Эрон”-ро идома медиҳад ва ба ҳеҷ киштӣ иҷозаи убури онро нахоҳад дод.
Ба ин навиштаи раисҷумҳури Амрико Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси парлумони Эрон посух дод ва дар шабакаи Х навишт: “Бо идомаи муҳосира, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад монд. Убуру мурур дар танга бар асоси “масири таъйиншуда” ва бо “муҷаввизи Эрон” анҷом хоҳад шуд. Боз ё баста будани танга ва муқаррароти онро майдон (-и ҷанг) мушаххас мекунад, на шабакаҳои иҷтимоӣ”.
Аммо расонаҳо аз убури чандин киштии Эрон аз ин танга пас аз эълони муҳосираи он аз сӯйи Амрико хабар доданд.
Коршиносон тангаи Ҳурмузро яке аз муҳраҳои аслӣ ва пуртаъсири Эрон дар қиболи фишору таҳдиди Амрико медонанд, ки бо бастани он метавонад ба иқтисоди ҷаҳон зарбаи назаррас занад.
Бояд гуфт, Эрон тангаи Ҳурмузро, ки ҳудуди як панҷуми нафти содиротии ҷаҳон аз он мегузарад, пас аз ҳамлаи Амрикову Исроил ба хокаш барои рафтуомади нафткашҳои марбут ба ин ду кишвар маҳдуд кард. Баъди ин арзиши нафт дар ҷаҳон якбора боло рафт. Ва ҳамакнун, пас аз эълони бозгушоии он, нархи нафт ба таври назаррас коҳиш меёбад.


