Тоҷикистони рақамӣ: аз онлайн-хадамот то иқтисоди нав

Равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

asia+

Ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон ба марҳилаи ҳалкунандаи рақамисозӣ ворид мешаванд. Шаҳрвандон хидматрасониҳои тезтару содатар ва шаффофтарро интизор буда,  соҳибкорон ва сармоягузорон самаранокӣ, пешгӯишавандагӣ ва дастрасии қулайи рақамиро талаб мекунанд.

Рақамисозии хидматрасониҳои давлатӣ аллакай самаранокии худро ҳамчун воситаи ҳалли ин вазифаҳо исбот кардааст. Бо бознигарии равиш ба таҳия ва пешниҳоди хидматрасониҳо бо истифода аз технологияҳои рақамӣ, давлатҳо метавонанд самаранокии идоракуниро баланд бардоранд, эътимоди ҷомеаро таҳким бахшанд ва рушди устувори иқтисодиро ҳавасманд намоянд.

Дар Тоҷикистон марҳилаи ибтидоии рақамисозӣ ба гузаронидани хидматрасониҳои аз ҳама серталаби давлатӣ ба шакли онлайн равона шуда буд. Ба туфайли платформаҳои миллии ҳукумати электронӣ, шаҳрвандон ва корхонаҳо ба садҳо хадамоти рақамӣ дастрасӣ пайдо карданд — аз бақайдгирии ҳолатҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ то анҷоми расмиёти иҷозатнома ва муҷаввизҳо, хидматрасониҳои пардохти андоз ва пардохтҳои иҷтимоӣ.

Тавре ки коршиноси масоили рақамисозӣ Фаридун Яъқубов зикр мекунад, равандҳое, ки қаблан чандин бор ҳузури шахсиро талаб мекарданд, акнун фосилавӣ иҷро мешаванд, ки хароҷотро ба таври назаррас кам мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷаҳон босуръат тағйир меёбад ва Тоҷикистон аз ин раванд дар канор намемонад. Бо ворид шудан ба «Давраи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия (солҳои 2025–2030)», кишвар аз қарорҳои ҷузъӣ ба табдили системавии рақамӣ мегузарад.

«Имрӯз рақамисозӣ на танҳо бартарии иловагӣ, балки зарурати стратегӣ ва муҳимтарин омили баланд бардоштани сифати зиндагӣ мебошад. Ҳадафи мо таъмин намудани хонандаи як деҳаи дурдасти кӯҳӣ бо ҳамон имкониятҳои рақамӣ аст, ки хонандае дар Аврупо дорад. Маҳз ҳамин тавр рушди ҳақиқӣ ва устувор ба даст оварда мешавад», — таъкид мекунад Яъқубов.

Ба гуфтаи ӯ, ҷорисозии технологияи Starlink як пешрафти ҷиддӣ гардид, ки дастрасӣ ба интернетро дар минтақаҳои дурдасту душворгузар ба таври куллӣ тағйир медиҳад. Тӯли солҳои зиёд сокинони ноҳияҳои дурдаст бо маҳдудиятҳо дар пайвастшавӣ рӯ ба рӯ мешуданд, аммо интернети моҳвораӣ имкон медиҳад, ки ин монеа қариб фавран бартараф карда шавад.

«Мактабу муассисаҳои тиббӣ, ки қаблан бахусус дар давраи зимистон ҷудошуда буданд, акнун метавонанд дастрасии устувор ва баландсуръат ба шабакаро дар сатҳи марказҳои шаҳрӣ дошта бошанд», — мегӯяд Яъқубов.

Ҳамгироии минбаъда бо дигар пойгоҳҳои додаҳои давлатӣ, рушди хидматрасониҳо дар асоси ҳуши маснӯӣ (зеҳни сунъӣ), васеъ намудани имкониятҳои барномаҳои мобилӣ ва равандҳои комилан худкоришуда дар оянда ба омили калидии рушди устувори иқтисодии кишвар ва баланд бардоштани эътимод байни давлат, тиҷорат ва ҷомеа табдил хоҳанд ёфт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Оҷонсии зиддифасод мудир ва сармуҳосиби Маркази саломатии №2 дар Кӯлобро ба тасарруфи беш аз 233 ҳазор сомонӣ пули беҷет айбдор мекунад

Гумонбари асосии ин қазия роҳбари як корхона аст, ки марказҳои тиббиро бо таҷҳизоту лавозимот таъмин мекард.

Маҳдудиятҳои аврупоӣ нисбат ба ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон” бекор карда шуданд

Маҳдудиятҳои аврупоӣ, ки қаблан нисбат ба ҶСК "Коммерсбонк Тоҷикистон" амал мекарданд, расман бекор гардиданд.

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,