Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Asia-Plus

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1936 – Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб ба номи Саидалӣ Вализода таъсис ёфт.

Соли 1997 – Бо мақсади тақвияти мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти миллӣ дар Тоҷикистон, фармони президент “Дар бораи чораҳо оид ба тақвияти мубориза бо терроризм” ба имзо расид.

Соли 2005 – Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии “Сангтуда-1” оғоз гардид. Ин нерӯгоҳ 31-уми июли соли 2009 расман ба истифода дода шуд.

Соли 2013 – Дар шаҳри Душанбе нахустин ҷашнвора-намоиши мошинҳои нодири коллексионӣ бо номи “Авто ретро Душанбе” доир шуд. Ин чорабинӣ дар доираи таҷлили Рӯзи пойтахт баргузор шуда, дар он зиёда аз 70 мошин ва мотосикли нодири солҳои 1931-1970 ба намоиш гузошта шуданд.

Соли 2020 – Низоми пардохтии “BLIZKO” фаъолияти худро дар Тоҷикистон қатъ кард. Литсензияи фаъолияти ин низом, ки ба Бонки байниминтақавии алоқа ва рушди иттилоотӣ дода шуда буд, бо дархости хаттӣ бекор гардид. “BLIZKO” як низоми пардохтии байналмилалӣ буд, ки тавассути он интиқоли маблағҳо бе кушодани суратҳисоб имконпазир буд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, файласуф, шоири форсигӯи Ҳиндустон дар 61-солагӣ даргузашт

Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ яке аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳангӣ, фалсафӣ ва сиёсӣ дар ҷаҳон аст. Ӯ на танҳо шоири тавоно, балки андешаманд, файласуф ва сиёсатмадоре буд, ки бо сухану афкор ва асарҳояш миллионҳо инсонро ба сӯи худшиносӣ ва бедории миллӣ раҳнамун сохт.

Ӯ дар шаҳри Сиёлкӯти Панҷоб таваллуд шуда, дар донишгоҳҳои Лоҳур, Кембриҷ ва Мюнхен таҳсил кардааст. Доктори фалсафа буд ва дар соҳаи илму ҳикмат асарҳои гаронбаҳое навишт.

Шеъри ӯ омезае аз ирфон, фалсафа ва бедории миллӣ аст. Иқбол ба забонҳои форсӣ ва урду шеър мегуфт. Девонҳои маъруфи форсии ӯ “Асрори худӣ”, “Румузи бехудӣ”, “Паёми Машриқ”, “Забури Аҷам” ва “Ҷовиднома” ном доранд.

Муҳаммад Иқбол 21-уми апрели соли 1938 дар Лоҳур даргузашт. Мақбараи ӯ дар назди масҷиди шоҳии Лоҳур ҷойгир буда, яке аз маҳалли зиёрати дӯстдорони адаб ва фарҳанг аст.

Соли 1950 – Мавлуди Баҳодур Миралибеков, ҳунарпеша ва коргардони театр.

Баҳодур Миралибеков баъди хатми Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода дар Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Ӯ намоишномаҳои зиёди мондагор офаридааст. Аз ҷумла намошномаҳои “Ғуруби аҷам”, “Кабки қафас”, “Сайхуни мафтуншуда”, “Куруш ва Томирис” аз ин қабиланд. Ӯ дар Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский намоишномаҳои “Шабпаракҳои озод”, “Бедонаҳо”, “Соҳибаи меҳмон­хона”, “Тахайюли бешагӣ”, “Шаби охирини Суқрот”, “Ишқи аввали Хоҷа Насриддин”, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Хоруғ “Отелло”, “Амир Исмоил”, “Шоҳ Носири Хусрав”-ро ба саҳна гузошт.

Дар синамо бошад, дар филмҳои “Садои суруди рӯи барф”, “Ашк ва шамшер”, “Ҷанҷолҳои хурди шаҳри калон” нақш офаридааст.

Соли 1951 – Маликушшуаро Баҳор, шоир, адиб ва сиёсатмадори эронӣ дар синни 64 аз ҷаҳон даргузашт.

Маликушшуаро Баҳор адиб, рӯзноманигор, муҳаққиқ, таърихнигор ва сиёсатмадори барҷастаи Эрон буд, ки дар таърихи адабиёти муосири форсӣ ҷойгоҳи вижа ва мондагор дорад. Ӯ аз ҷавонӣ ба корҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ рӯ оварда, соли 1906 ба ҳаракати миллиён дар Хуросон ҳамроҳ шуд. Вай дар солҳои ҷавонӣ рӯзномаи “Хуросон”-ро таъсис дода, шеърҳои бедоргаронаи сиёсӣ менавишт. Нахустин шеъри маъруфи ӯ бо номи “Кори Эрон бо Худост” соли 1909 нашр гардид, ки рамзи бедорӣ ва муборизаи мардумии Эрон дар он замон дониста мешавад.

Баҳор аз муассисони Ҳизби демократии Эрон (1910) буд ва рӯзномаи “Навбаҳор”-ро ҳамчун минбари ин ҳизб ба роҳ монд. Дар натиҷаи мавқеи сиёсӣ ва танқидҳояш нисбати сиёсати Русия ва давлатдорони дохилӣ, борҳо рӯзномааш баста ва худ ба табъид ё зиндон маҳкум гардид. Дар солҳои 1913-1925 чанд бор вакили Маҷлиси миллии Эрон интихоб шуда, дар муборизаҳои сиёсӣ фаъолона ширкат варзид.

Ӯ аз аввалин шоироне буд, ки шеърро аз маҳдудияти дарбор берун оварда, ба миёни мардум ва мушкилоти замона овард. Мавзӯъҳои асосии ашъори ӯ ватан, озодӣ ва адолат буданд. Сабки шеърии Баҳор бештар хуросонӣ аст. Вай қасидаҳои ҳамосаву иҷтимоиро бо рӯҳи нав ва мазмунҳои замонавӣ омехт ва бо ин сабаб дар таърихи назми муосир “шоири миллат ва озодӣ” унвон гирифт.

Дар солҳои охири умр Баҳор дар Донишгоҳи Теҳрон ҳамчун профессори забон ва адабиёти форсӣ фаъолият дошт, инчунин раиси Ҷамъияти эронии тарафдорони сулҳ ва муддате вазири фарҳанг буд. Ӯ зиёда аз 36 ҳазор байт шеър ба мерос гузоштааст.

Соли 1957 – Зодрӯзи Сурайё Қосимова, сароянда, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

Сурайё Қосимова аз соли 1970 дар Театри мазҳакаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода фаъолият дошта, аз соли 2004 роҳбари ансамбли “Фалак”-и назди идораи фарҳанги вилояти Хатлон будааст. Ӯ бештар сурудҳои халқӣ, бадеҳа, сурудҳои тӯёна месарояд. Сурайё Қосимова бо сурудҳои “Ба ман ояд”, “Бахтномаи мо”, “Ватан”, “Медонам”, “Дидори ёр” байни халқ маъруф гардидааст.

Ӯ дар як қатор намоишномаҳо ва як филм – “Бозгашт” низ нақш бозидааст.

Сурайё Қосимова модари Шабнами Сурайё ва Фарзонаи Хуршед, ду овозхони шинохтаи Тоҷикистон мебошад. 

Соли 1980 – Суҳроби Сипеҳрӣ, яке аз шоирони муосири Эрон, ки дар Тоҷикистон ҳам ҳаводор дорад, дар синни 51 даргузашт.

Суҳроби Сипеҳрӣ аз шоирони барҷастаи муосири Эрон буда, бо сабки хоси худ шеъри порсиро ба ҷаҳони тозаи зебоиву ирфон ворид кардааст.

Сипеҳрӣ таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи худро дар Кошон гирифта, пас аз хатми мактаб ба омӯзгорӣ машғул шуд, вале ишқу шавқи ӯ ба ҳунар ӯро ба Донишкадаи ҳунарҳои зебо дар Теҳрон бурд, ки дар он ҷо дар риштаи наққошӣ таҳсил намуд.

Дар оғоз Сипеҳрӣ мисли бисёр аз навҷӯёни ҳамасри худ аз шеъри Нимо Юшиж ва Меҳдӣ Ахавони Солис таъсир гирифта, бо сабки нимоӣ шеър менавишт. Вале ба тадриҷ роҳи худро ёфт ва забону андешаи шеъраш ранги дигар гирифт.

Ошноии амиқи ӯ бо ирфон, асотири шарқӣ, табиат ва фалсафаи инсонӣ, ҳамчунин шиносоӣ бо санъати модерни Ғарб, ӯро ба офаридани сабки наве водошт, ки на комилан суннатист ва на пурра навгароёна, балки омезае аз ҳарду.

Сипеҳрӣ бо нашри китобҳои “Садои пойи об”, “Мусофир” ва “Ҳаҷми сабз” ба қуллаи шӯҳрат расид.

Ғайр аз шеър, Сипеҳрӣ наққоши тавоно ҳам буд. Ӯ аз техникаҳои наққошии муосир истифода мекард, ки ҳамин таҷриба ба забони шеъраш низ таъсир расонд.

Соли 2015 – Бахтиёр Худойназаров, коргардони саршиноси тоҷик дар синни 49-солагӣ аз олам даргузашт.

Бахтиёр Худойназаров фаъоляити кориашро соли 1983 ба ҳайси рӯзноманигори радио ва телевизион оғоз намуда, баъдан, дар киностудияи “Тоҷикфилм” ҳамчун ассистент ва коргардон фаъолият кардааст. Аввалин филми офаридаи ӯ ба ҳайси коргардон “Бародар” ном дорад.

Ҳамчунин, филмҳои “Қош ба қош”, “Падари маҳтобӣ”, “Дар интизории баҳр”, Танкер “Танго”, “Набераи Гагарин”, “Шик” аз ҷумлаи беҳтарин филмҳои офаридаи ин коргардонанд.

Охирин филми ӯ силсилаи (сериали) телевизионии “Гетераҳои майор Соколов” (“Гетеры майора Соколова”) аст. Бахтиёр Худойназаров солҳои охир дар Маскав ва Берлин истиқомат мекард. Баъд аз бемории вазнин 21-уми апрели соли 2015 дар Берлин вафот кард.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии эҷодкорӣ ва фаъолиятҳои навоварона таҷлил мегардад. Ташкилкунандагони  ин рӯз онро ба Рӯзи байналмилалии замин, ки ҳар сол 22-юми апрел ҷашн гирифта мешавад ва инчунин ба зодрӯзи олим, мутафаккир ва ихтироъкори бузург Леонардо да Винчи, ки 15 апрел аст, марбут медонанд.

21 апрели соли 1972 киштии кайҳонии амрикоии “Аполлон-16” ба моҳ фуруд омад. Ин дуюмин (пас аз “Аполлон-15”) ва нахустин фуруди илмии киштӣ дар минтақаи кӯҳи Моҳа буд. Дар ҳамин рӯз, шахсе дар либоси сафеди кайҳонӣ аз зинаҳои модули моҳии “Орион” поён фаромад. Ин шахс Ҷон Янг (John Young), фармондеҳи “Аполлон-16” буд. Гирду атрофи капсулаи моҳӣ бо қабати хок пӯшонида шуда буд. Баъди ӯ, Чарлз Дюк (Charlie Duke) низ поён омад, вале ногоҳ як дастгоҳро афтонд, ки боиси бархостани чангу ғубори зиёд шуд, гӯё ки бомба таркида бошад.

Киштии “Аполлон-16” се рӯз дар моҳ қарор дошт. Экипаж рӯзи 27 апрели соли 1972 ба Замин баргашт.

21 апрел Рӯзи байналмилалии кулчақанд (пряник) аст. Номи “пряник” аз калимаи “пряжение” гирифта шудааст, ки ба усули тайёр кардани он дахл дорад.

Ҳамчунин, 21 апрел Рӯзи чемоданҳо (ҷомадонҳо) низ таҷлил мешавад. Ин ҳамсафари содиқи ҳар як мусофир на ҳамеша чунин шакл дошт. Чемодани аввал дар асри 19 пайдо шудааст.

Пайдоиши чемодан аз сандуқи сафарӣ маншаъ гирифтааст. Онро одатан аз чӯбҳои гаронбаҳо, чун санавбар ё дуб месохтанд, бо тасмаҳои металлӣ қавӣ карда, бо мехҳои зебо ва қулфҳо оро медоданд. Аз намуди зоҳирии сандуқ маълум мешуд, ки соҳибаш ба кадом ҷойҳо сафар кардааст. Дар ҷараёни сафар ба он нишонаҳо ва тамғаҳои киштиҳо часпонда мешуданд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳию кӯҳӣ баъзан борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 26+31º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 17+22º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо охири рӯз  дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борон меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 5+10º гарм, дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона 0-5º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 24+26º гарм, шабона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 10+12º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 29+31º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона ҳавои бебориш дар назар аст. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 8+10º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 21 ба 22-юми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?

“Ба мактаб баред, вале дар вақти дарс истифода накунед”. Вазорати маориф корбурди телефонро дар мактабҳо шарҳ дод

Баҳси бурдан ва ё истифодаи телефон дар мактаб ва ё вақти дарс солҳост идома дорад.

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.