Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

asia+

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1958 – Нахустин анҷумани рассомони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ ёфт. Ин анҷуман барои рушди санъати тасвирӣ ва қолабҳои гуногуни ҳунар дар кишвар муҳим буд ва барои рассомон имкони баррасии масоили санъати рассомиро фароҳам овард.

Соли 2019 – Эмомалӣ Раҳмон қарори боло бурдани нархи интернети мобилиро бекор кард. 

Соли 2024 – “Қалъаи Хуҷанд” дарҳои худро ба рӯйи меҳмонон боз кард. Корҳои таъмиру азнавсозӣ дар маҷмаа 6 сол давом кард.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1937 – Зодрӯзи Садрӣ Саъдиев, адабиётшинос, доктори илмҳои филологӣ.

Соли 1946 – Мавлуди Фазоил Атоуллохонов, олим, биофизики тоҷик, доктори илмҳои биология.

Соли 1955 – Зодрӯзи Толибҷон Бобоев, ҳунарпешаи театр.

Толибҷон Бобоев

Толибҷон Бобоев, ки яке аз намоишҳои хотирмонаш “Очаи Бика ва Зика” аст, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ва курсҳои театрии шаҳри Маскавро хатм карда, солҳои 1985-1987 дар Театри ба номи Моссовети шаҳри Маскав таҷриба омӯхтааст.

Баъди ба Тоҷикистон омадан муддати 25 сол дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ш. Кӯлоб ҳамчун ҳунарпеша, роҳбари бадеӣ ва директор фаъолият кард. Аз соли 2000 дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи М. Турсунзода ба дарсгӯӣ пардохт. Як муддат директори Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов буд. Дар намоишномаҳои “Мулки меросӣ”, “Сафар Амиршоев”, “Найрангҳои Скапен”, “Ҳуррият”, “Фишор”, “Заволи Ҷамбули Мастон” нақш офаридааст. Бо намоиши “Очаи Зика ва Бика” (ҳамроҳи Ҷумъахон Сироҷов) зиёда аз ду ҳазор маротиба баромад доштааст.

Соли 1955 – Мавлуди Абдуҷаббор Азизӣ, собиқ ёрдамчии президент дар масъалаи кадрӣ.

Абдуҷаббор Азизӣ

Абдуҷаббор Азизӣ дар риштаҳои муҳандисӣ, ҳуқуқшиносӣ ва идоракунии давлатӣ таҳсил намуда, фаъолияти кориашро соли 1976 ҳамчун муҳандис дар иттиҳодияи ноҳиявии “Тоҷикселхозтехника” оғоз кардааст. Баъдан дар вазифаҳои гуногуни комсомоливу масъули ҳизбӣ фаъолият намудааст.

Солҳои 1991-1994 директори Маркази шуғли аҳолии ноҳияи Данғара, солҳои 1994-1995 муовини раиси ин ноҳия  ва аз соли 1995 то соли 2000 ба сифати мушовири президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ адои вазифа намудааст.

Соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагон аз ҲХДТ интихоб гардида, вазифаи муовини раиси Кумитаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллии парлумони Тоҷикистонро ба уҳда дошт.

Аз соли 2001 то 2014 дубора мушовири давлатии Президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати кадрҳо буд. 

Соли 2015 вакили палумон интихоб шуд ва солҳои 2015-2020 муовини якуми раиси Маҷлиси намояндагон буд. Як муддат, муовини аввали Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) буд. Ҳоло бознишаста аст.

Соли 1956 – Зодрӯзи Маҳмадалӣ Айюбӣ, овозхон ва ҳунарпешаи театр.

Маҳмадалӣ Айюбӣ,

Маҳмадалӣ Айюбӣ хатмкардаи Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон буда, муддате дар хонаи маданияти шаҳри Қӯрғонтеппа ва хонаи эҷодиёти халқи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа кор карда, аз соли 1979 инҷониб дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа чун овозхон, навозанда, роҳбари мусиқӣ, нақшовар фаъолият доштааст.

Ӯ дар чандин намоишнома, аз ҷумла “Рӯдакӣ”, “Эшони иллоанта”, “Писари Ватан” ба сифати ҳунарпеша нақш бозидааст.

Дар овозхонӣ низ маҳорати хуб дошт, қариб 300 суруду тарона сароидааст. “Савганд”, “Эй Ватан”, “Ишқро анҷом нест”, “Тоҷикистони азизам” аз ҷумлаи таронаҳои беҳтарини ӯ мебошанд.

Соли 1964 – Мавлуди Қурбоналӣ Абдулло, овозхони номдори тоҷик.

Қурбоналӣ Абдуллоев моҳи январи соли 2021 аз бемории ҳамагири коронавирус дар синни 57-солагӣ аз дунё даргузашт.

Ӯ аз ҷумлаи он сарояндаҳое буд, ки тарзу шеваи овозхонии хоси худро дошта, бештар бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳахонӣ машҳур аст.

Беш аз 30 сол дар саҳнаи ҳунари тоҷик овозхонӣ мекард. Ӯ солиёни зиёд дар ансамбли “Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизион кор карда, соли 2015 аз ин даргоҳ ба нафақа баромад.

Мардуми тоҷик Қурбоналӣ Абдуллоевро бо сурудҳои “Қишлоқаки ман”, “Модар”, “Куҷо меравӣ азизам”, “Хаёли хом”, “Хоки Ватан”, “Рақси гулҳо”, “Бибӯсам”, “Шоҳдухтари сомонӣ”, “Сари зулф”, “Нимроҳ” ва дигарҳо машҳур аст.

Ҳамчунин овозхон бо ҳунармандони зиёде дуэт сароидааст, ки машҳуртаринашон “Алвидоъ” ва Ёри вафодор” бо Лола Азизова, “Худо ҳофиз” бо Нигина Амонқулова, “Эй ёре” бо Муҳаррама Шарипова ва “Туро хоҳам” бо Ҳанифа Қурбонова мебошанд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ таҷлил мешавад. Ин рӯз бо иқдоми ЮНЕСКО ҳамчун арзи эҳтиром ба китобу муаллифон таъсис ёфтааст.

Ин иқдом инчунин бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва огоҳии мардум дар бораи анъанаҳои фарҳангӣ ва аҳамияти китоб ҳамчун воситаи паҳн ва ҳифзи дониш роҳандозӣ шудааст.

Рӯзи ҷаҳонии озмоишгоҳ (World Laboratory Day) ҳар сол 23-юми апрел ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба нақши  озмоишгоҳҳо дар рушди илм, тиб, муҳандисӣ ва дигар соҳаҳо бахшида шудааст.

Ҳадаф аз таҷлили он арзи эҳтиром ба олимон, муҳаққиқон, озмоишгарон ва ҳамаи онҳое мебошад, ки дар муҳити лабораторӣ таҳқиқоти илмӣ анҷом медиҳанд ва барои беҳбуди зиндагии инсоният кӯшиш мекунанд.

Дар ин рӯзи соли 1909 дар шаҳри Маскав яке аз бузургтарин обхезиҳо дар таърихи шаҳр рух дод, ки чанд рӯз идома ёфт. Дар натиҷаи берун рафтани оби дарёҳои Маскав, Яуза ва Канали обпарто, тақрибан панҷяки қаламрави шаҳр зери об монд.

Тақрибан 100 километр кӯчаҳо ва тангкӯчаҳо зери об монданд. Деворҳои Кремл ба ҳисоби миёна то 2,3 метр аз сатҳи роҳҳо зери об монданд. Дар маҷмӯъ, 25 ҳазор бино хароб ё зарар диданд.

23-юми апрели соли 1907 Ҷон Гриффит Чейни, ки бо номи адабии Ҷек Лондон маъруф аст, бо киштии худсохтаи дубурҷаи “Снарк” аз шаҳри Сан-Франсиско ба сафари даври дунё баромад. Ӯ ният дошт, ки 7 сол сафар кунад, вале бинобар бад шудани вазъи саломатиаш маҷбур шуд онро соли 1909 қатъ кунад.

Дар ҷараёни ин сафар, Ҷек Лондон маводи зиёде ҷамъ овард, ки баъдтар заминаи навиштани китобҳои машҳури ӯ гардиданд, аз ҷумла: “Саёҳати Снарк”, “Ҳикояҳои баҳрҳои ҷануб” ва “Писари Офтоб”.

Ҷек Лондон яке аз нависандагони машҳури амрикоӣ ва шахсияти фаъоли ҷамъиятӣ буд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ӯ баъд аз Ҳанс Кристиан Андерсен дуюмин нависандаи хориҷие буд, ки асарҳояш беш аз ҳама нашр мешуданд. Ӯ дар синни 40-солагӣ аз истифодаи барзиёди доруи хоб фавтид.

Ҳамасола 23 апрел Рӯзи ҷаҳонии забони англисӣ ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо қарори Созмони Милали Муттаҳид (СММ) дар соли 2010 таъсис ёфтааст ва ба рӯзи таваллуди Уилям Шекспир – драматург ва нависандаи машҳури англис рост меояд. Уилям Шекспирро яке аз поягузорони забони адабии англисӣ медонанд. Ба хотири саҳми бузурги ӯ дар рушди забон, ин сана интихоб шудааст.

Ин рӯз бо мақсади арзи эҳтиром ба забони англисӣ ва нақши он дар фарҳанг, илм, технология ва муоширати байналмилалӣ ҷорӣ шудааст.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 18+23º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 11+16º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1+6º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 18+23º гарм, дар водиҳо шабона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) дар назар буда, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад ва эҳтимоли раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 17+22º гарм, дар водиҳо шабона 11+16º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм. 

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 15+20º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 24+26º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 7+12º гарм, дар ғарби вилоят шабона 5+10º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 13+15º гарм, дар шарқи вилоят шабона 2-7º сард, рӯзона 7+12º гарм.   

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 13+15º гарм. 

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 19+21º гарм, шабона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 15+17º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 9+11º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 23 ба 24-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар семоҳаи аввали соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.