Парвоз дар хатсайри Душанбе – Машҳад, ки бо оғози ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон муваққатан қатъ шуда буд, азсар гирифта мешавад.
Ширкати ҳавопаймоии “Вориш”-и Эрон гуфт, тасмим гирифтааст рӯзи ҷумъаи 24-уми апрел парвозҳои худро дар масири Машҳад – Душанбе аз сар гирад.
Аз ин ширкат ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки парвоз феълан аз самти Машҳад ба Душанбе ва баръакс анҷом меёбад. Парвоз дар масири Теҳрон – Душанбе ҳоло маълум нест.
“Хатсайри мазкур 24-уми апрел, соати 10:00 ба вақти Теҳрон парвоз мекунад ва соати 13:00 ба вақти Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд меояд. Дар масири бозгашт соати 14:30 ба вақти Душанбе парвоз мекунад ва соати 14:30 ба вақти Эрон дар Машҳад фуруд меояд”, – гуфт ҳамсуҳбати мо.
Маълум нест, дигар хатсайрҳо миёни ду кишвар кай барқарор мешавад. Аз ширкати “Сомон-Эйр”, ки дар масири Душанбе – Теҳрон парвоз анҷом медод ва баъди оғози ҷанг дар Ховари Миёна парвозҳояшро муваққатан қатъ карда буд, ба “Азия-Плюс” гуфтанд, мушаххас нест, ки парвозҳо дар ин хатсайр кай барқарор мешавад.
Бояд гуфт, парвозҳо аз Тоҷикистон ба Эрон ва баръакс рӯзи 28-уми феврал, бо ҳамлаи бедалели Амрикову Исроил ба Эрон, ки 40 рӯз давом кард, лағв шуда буд. Ду ҳафта пеш Эрону Амрико барои ду ҳафта оташбас эълон карданд ва дирӯз ин оташбас тамдид карда шуд. Ҳоло ду кишвар музокирот дорад, вале вазъ дар минтақа норӯшан боқӣ мондааст.





