Дар Душанбе ба муносибати 85-солагии Убайдулло Раҷаб, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз поягузорони ҳаҷви театрии тоҷик маҳфили ёдбуд баргузор шуд.
Шоми дирӯз, 21-уми апрел, ҳунармандону ҳаводорони театру синамо ва ҳавҷи тоҷик дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев поси хотири Убайдулло Раҷабро гиромӣ доштанд.
Мо аз ин маҳфил гузориш таҳия кардем:
Убайдулло Раҷаб беш аз 60 сол дар театру синамо нақш офариду ҳаҷви тоҷикро поя гузошт. Ӯ пасон театри худ – “Оина”-ро таъсис дод ва беш аз 20 сол роҳбари он буд. Панҷ соли пеш бар асари гирифтории коронавирус аз олам чашм пӯшид.
Дар бораи зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии ин ҳунарпеши шинохтаи тоҷик дар ин мусоҳиба-лавҳаи мо маълумоти муфассал пайдо кунед: Убайдулло Раҷабов: Эҷодкор бе озодӣ мемирад.





