Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

asia+

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1929 – Аввалин Конститутсияи Тоҷикистон дар замони шӯравӣ қабул гардид.

Соли 1959 – Дар шаҳри Душанбе корхонаи “Тоҷиккабел” ба фаъолият оғоз намуд.

Соли 2004 – Тоҷикистон ба Конвенсия оид ба мубориза бо маблағгузории терроризми байналмилалӣ ҳамроҳ шуд.

Соли 2010 – Парлумон гузариши Тоҷикистонро ба низоми 12-солаи таҳсил тасдиқ кард. Ин низоми таҳсил то имрӯз муҳокима мешавад ва ҳанӯз ҷорӣ нашудааст.

Соли 2017 – Дар шаҳри Душанбе муассисаи давлатии “Озмоишгоҳи миллии эталонӣ” кушода шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1928 – Мавлуди Кибриё Ҳасанова, доктори илми тиб, профессор.

Соли 1945 – Зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзода, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик.

 

 

Қиёмиддин Чақалзода фаъолияти ҳунариашро дар Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод оғоз намуда, сипас солҳо дар театри ноҳияи Файзобод ба ҳунарнамоӣ машғул будааст.

Соли 1975 баъди хатми факултети актёри драма ва кинои Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба кор оғоз намуда, то поёни умр ҳунарпешаи ҳамин театр будааст. Дар саҳнаи ин театр нақшҳои зиёди мондагор офаридааст, аз ҷумла нақши Холмат дар “Бой ва Хизматгор”, Қаровул дар “Худкардаро даво нест”, Ӯрмонқамиш дар “Мардҳо намегирянд”, Тешабой дар “Лайлатулқадр”, Ширинкор дар “Шоҳ Лир”, Маҳкам дар “Исёни арӯсон”, Гумоштаи сиёсӣ дар “Алломаи Адҳам” аз ин қабиланд.

Дар синамо бошад, нақши сияҳсавор дар “Ашк ва шамшер”, қассоб дар “Ҷазира”, муаллим дар “Муҷассамаи ишқ” ва директори совхозро дар “Сароби хунин” иҷро кардааст.

Соли 1954 – Мавлуди Абдушукури Абдусаттор, адабиётшинос, мунаққид ва шоири тоҷик.

Соли 1954 – Зодрӯзи Аҳмадшоҳ Маҳмадшоҳ, ҳаҷвнигори тоҷик.

Соли 1954 – Мавлуди Раҷабмад Амиров, собиқ вазири фарҳанги Тоҷикистон.

Соли 1959 – Зодрӯзи Муҳаммадюсуф Имомзода, ходими давлатӣ, доктори илмҳои филологӣ, собиқ вазири маориф ва илми Тоҷикистон.

 

Муҳаммадюсуф Имомзода хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти кориашро дар Институти забон ва адабиёти тоҷики ба номи А.Рӯдакии АМИТ оғоз намудааст. Баъдан дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард ва то ба дараҷаи ректори ин боргоҳи илм расид.

Солҳои 1999-2004 декани факултети филологияи ин донишгоҳ буд. Солҳои 2004-2012 ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия буд. Имомзода соли 2012 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон интихоб шуд ва то соли 2020 дар ин вазифа буд. Баъдан то соли 2022 ҳамчун Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ифои вазифа кардааст.

Муҳаммадюсуф Имомзода муаллифи як қатор осори илмиву методӣ мебошад.

Соли 1974 – Мавлуди Дилшод Раҳимӣ, фолклоршинос ва мардумшиноси тоҷик.

Дилшод Раҳимӣ соли 1974 дар шаҳри Ҳисор ба дунё омадааст. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии № 52-и шаҳри Душанбе ва факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Солҳои 1999—2002 аспиранти Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон буд.

Дилшод Раҳимӣ фаъолияти кории худро дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси омӯзгори калони кафедраи филология ба ҳайси омӯзгори ҳамкор аз соли 2001 оғоз намуда, то соли 2006 идома додааст. Дар солҳои 2006—2016 мудири шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд ва ҳамзамон сар аз соли 2009 бо Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ҳамкорӣ дошт.

 

Дар солҳои 2016—2020 муовини директор оид ба корҳои методии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, солҳои 2020—2022 директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ва солҳои 2022—2024 мудири Маркази мероси фарҳангии тоҷикони Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот буд.

Дилшод Раҳимӣ асосан дар самтҳои фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ ва фарҳангшиносӣ таҳқиқот мебарад. Ӯ муаллифи беш аз 250 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, зиёда аз 400 мақолаи энсиклопедӣ дар соҳаи фарҳанги миллӣ аз буда, таълифоти илмияш дар дохили кишвар ва берун аз он бо чандин забон тарҷума шудааст.

Дилшод Раҳимӣ 16 январи соли 2024 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) таъйин шудааст. Дар ин маснад ӯ айни ҳол ба муаррифии шоистаи мероси фарҳангии халқи тоҷик машғул аст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат ё Рӯзи амният ва тандурустӣ дар ҷойи кор мебошад. Ин рӯз барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масоили амнияти меҳнат ва пешгирии талафоти ҷонӣ дар ҷойи кор таъсис ёфтааст.

Ба гуфти Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат (ТБМ), ҳамарӯза дар ҷаҳон тақрибан 6300 нафар бар асари садамаҳои корӣ ва бемориҳо вобаста ба касб ҷони худро аз даст медиҳанд, ки ин тақрибан 2,3 миллион нафар дар як сол аст.

 

Имруз ҳамчунин Рӯзи мубориза барои ҳуқуқи инсон аз хатарҳои кимиёвӣ низ таҷлил мегардад. Ин рӯз ба ёди фоҷиаи соли 1974 дар корхонаи силоҳи кимиёвӣ дар шаҳри Новочебоксарски Чувашия таъсис ёфтааст, ки ҳангоми сӯхтор моддаҳои заҳрнок ба муҳити зист паҳн шуданд. Ҳадафи ин рӯз — таҳлили интиқодӣ ва арзёбии муносибати инсон бо кимиё, ҳам барои манфиат ва ҳам хатар мебошад.

Ҳамчунин 28 апрели соли 1914 дар ИМА аввалин маротиба ба кондитсионер иҷозатнома (патент)-и расмӣ дода шуд. Бори аввал дар соли 1815 Жанн Шабаннеси фаронсавӣ барои усули идоракунии ҳарорати ҳаво дар биноҳо патент гирифт. Аммо танҳо соли 1902 Уиллис Карриер аввалин мошини саноатии сардкунандаро барои як чопхона дар Ню-Йорк ихтироъ намуд. Дар соли 1929 ширкате дар Амрико аввалин кондиционери хонагиро истеҳсол кард.

 

28 апрели соли 1947 этнографи норвегӣ Тур Ҳейердал сафари маъруфи худро бо плоти “Кон-Тики” оғоз намуд, то собит созад, ки аҳолии Полинезия метавонанд аз Амрикои Ҷанубӣ ба он ҷо оянд. Сайри онҳо 101 рӯз идома ёфта, онҳо 8000 км роҳро тай намуда, 7 августи 1947 ба атолли Рароиа расиданд.

 

28 апрели соли 2001, киштии кайҳонии “Союз ТМ-32” бо кайҳоннавардон Т. Мусабаев, Ю. Батурин ва аввалин сайёҳи кайҳонӣ — Деннис Энтони Тито, ки миллиардери амрикоӣ низ буд, ба кайҳон парвоз кард. Онҳо 6 рӯз дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ буданд. Тито дар он ҷо акс ва навор мегирифт, дафтари хотирот навишт ва хӯроки шабонарӯзии ҳайатро интихоб мекард. 6 май онҳо ба замин баргаштанд.

Тито баъд аз фуруд гуфт: “Ман дар биҳишт будам”. Ӯ барои ин парвоз 20 миллион доллар пардохт карда буд.

 

ВАЗЪИ ҲАВО*

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 12+17º гарм, дар водиҳо шабона 13+18º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3+8º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо бориши борон дар назар буда, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шиддат мегирад ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 22+27º гарм, дар доманакӯҳҳо рӯзона 13+18º гарм, дар водиҳо шабона 15+20º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 9+14º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳида раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 19+24º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 16+21º гарм, дар водиҳо шабона 12+17º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (дар баландиҳои зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр барф) меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 17+22º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 25+27º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2+7º гарм, дар ғарби вилоят шабона 7+12º гарм, дар шарқи вилоят шабона -3+2º.  

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, рӯзона борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 22+24º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, танҳо дар охири рӯз борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: рӯзона 27+29º гарм, шабона 14+16º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борон борида, раъду барқ пешгӯӣ мешавад ва гарду ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорат: рӯзона 25+27º гарм, шабона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: рӯзона 18+20º гарм, шабона 8+10º гарм.

*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 28 ба 29-уми апрел ба ҳисоб гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.