Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

asia+

Ҳаҷми боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 10-12 баробар зиёд шаванд. Рӯзи 27 апрел ҳукумати Русия лоиҳаи қонуни дахлдори Вазорати молияро дар ин хусус тасдиқ кард. Ин болоравӣ ба расмиёти даъвати вуруд, Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) ва дарёфти шаҳрвандӣ таъсир мерасонад.

Ғайр аз ин, барои ивази Ҳуҷҷати иҷозаи зист, инчунин додани ҳуҷҷати нав дар ҳолати гум кардан ё корношоям шудани он низ боҷҳои нав ҷорӣ мешаванд.

Тавре ки нашрияи “Известия” менависад, ба ин тариқ, боҷ барои хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ барои дарёфти Ҳуҷҷати иҷозаи зист аз 6 ҳазор то 30 ҳазор рубл, яъне ба андозаи 400% зиёд мешавад.

Мувофиқи тағйирот, боҷ барои дарёфти шаҳрвандии Русия ва баромадан аз он аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл меафзояд.

Арзиши даъват барои вуруд аз 960 рубл то 8 ҳазор рубл, раводиди одӣ – аз 1,2 ҳазор то 2 ҳазор рубл ва чандинбора – аз 1,92 ҳазор то 6 ҳазор рубл боло меравад.

Иҷозаи зисти муваққатӣ (РВП) метавонад аз 1,92 ҳазор то 15 ҳазор рубл, Ҳуҷҷати иҷозаи зист (ВНЖ) – аз 6 ҳазор то 30 ҳазор рубл зиёд шавад.

Барои донишҷӯёни хориҷӣ анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳои зисти муваққатӣ ба ивази 1,92 ҳазор рубли пешина 8 ҳазор рубл меафтад.

Ҳамчунин афзудани маблағи боҷ барои ҷалби кормнадони хориҷӣ аз 12 ҳазор то 15 ҳазор рубл пешниҳод мешавад.

Навъҳои нави боҷҳо – ивази ҳуҷҷати иҷозаи зист (6 ҳазор рубл) ва додани нусхаи дуюми иҷозаи зисти муваққатӣ, аз ҷумла барои ҳадафҳои таълимӣ ё таҳсил (5 ҳазор рубл) илова мешаванд.

Тавре ки хабаргузории РБК менависад, мувофиқи арзёбии моливӣ ва иқтисодӣ, интизорӣ меравад, ки ҳаҷми даромадҳои буҷети федералӣ аз болоравӣ ва ҷорӣ сохтани боҷҳои нави давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират аз 1 июли соли 2026 ҳудуди 7,9 млрд рубл ва аз 1 январи соли 2027 бошад, наздики 15,8 млрд рублро ташкил диҳад.

Дар лоиҳаи қонун озод кардан аз пардохти боҷ ҷиҳати қабул ба шаҳрвандӣ барои шахсони бешаҳрвандӣ (собиқ шаҳрвандони Иттиҳоди Шуӯравӣ), инчунин иштирокчиёни Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ва аъзои оилаи онҳо пешбинӣ шудааст.

Ғайр аз ин, қабул ба шаҳрвандӣ ва додани ҳуҷҷати иҷозаи зист ба хориҷиёне, ки барои хидмат дар Қувваҳои мусаллаҳи Русия дар давраи амалиёти махсуси ҳарбӣ ё худ СВО  (ба муҳлати як сол) қарордод бастаанд ва аъзои оилаи онҳо аз пардохти боҷ озод карда мешаванд.

Дар навишати шарҳ ба лоиҳаи қонун зикр мешавад, ки болоравии маблағи боҷҳо ба хароҷоти назарраси ВКД ба чорабиниҳои санҷишӣ, инчунин ҷорӣ сохтани пойгоҳи маълумоти шаҳрвандони хориҷӣ ва мақоми муҳоҷирати онҳо марбут аст. Ғайр аз ин, муаллифони ин ташаббус ишора мекунанд, ки дар дигар кишварҳо маблағи анҷоми расмиёти ҳуҷҷатҳо барои вуруд ва будубоши хориҷиён нисбат ба Русия баландтар буда, метавонанд то ба 90 евро расанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон огоҳ мекунанд, ки чунин болоравии якбораи боҷҳо метавонад шуғли пасисоягиро афзуда, кирои кормандонро мушкил созад ва ҷолибияти Русияро барои донишҷӯёни хориҷӣ ва мутахассисон коҳиш диҳад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Ҷовид Муқим: “Азия-Плюс” ҳирфаӣ, бидуни таҳқир ва аз дарди ҷомеа мегӯяд”

Ӯ ҳамчунин, ба саҳми ин расона дар тайёр кардани мутахассисони расона ва такмили дониши онҳо ишора кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.