Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

Меҳрофарин Наҷибӣ, asia+

Сокинони Тоҷикистон имсол иди саиди Қурбонро дар охири моҳи май истиқбол мегиранд. Ба гуфтаи Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, тибқи ҳисобҳои пешакӣ, имсол иди Қурбон ба 27-уми май рост меояд.

Муфтии кишвар имрӯз дар суҳбат бо “Азия-Плюс” таъкид кард, ки рӯзи мазкур ҳанӯз ниҳоӣ нест. Тибқи анъана, рӯзи дақиқи фарорасии ид дар асоси мушоҳидаи моҳ ва хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муайян мешавад.

“Ин рӯзи эҳтимолист. Қарори ниҳоӣ ва рӯзи дақиқи таҷлили иди Қурбон як ҳафта пеш аз ҷашн дар ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо қабул ва расман ба самъи шаҳрвандон расонида мешавад”, – гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Иди Қурбон, ки бо номи иди Азҳо низ ёд мешавад, ҳамасола дар рӯзи 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа (тақвими қамарӣ) ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз маъмулан 70 рӯз ё ба ибораи дигар, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи иди Фитр фаро мерасад.

Дар ин рӯзҳо миллионҳо мусалмон дар Маккаи Мукаррама ҷамъ омада, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд.

Дар Тоҷикистон ҳам иди Қурбон расман таҷлил мешавад ва он рӯз сокинони кишвар истироҳат хоҳанд кард.

Субҳи барвақт дар тамоми масҷидҳои ҷомеъ намози ид гузошта мешавад. Уламои дин дар мавъизаҳои худ мардумро ба сулҳу ваҳдат, эҳтироми калонсолон ва дастгирии эҳтиёҷмандон ҳидоят мекунанд.

Ашхоси тавонманд ва соҳибмол тибқи аҳкоми шариат чорво (гӯсфанд, гов ё шутур) қурбонӣ мекунанд. Гӯшти қурбонӣ ба се қисм тақсим мешавад: як қисм барои хонавода, қисми дуюм барои хешовандон ва қисми сеюм ҳатман ба ниёзмандон ва ятимон дода мешавад.

Пас аз намоз, шаҳрвандон ба оромигоҳҳо рафта, барои оромгоҳи гузаштагони худ дуову фотеҳа мехонанд.

Дар бархе манотиқ дастурхони идона ороста мешавад ва дари хонаҳо барои меҳмонон боз мегардад.

Яке аз рукнҳои муҳими ин ид кумак ба камбизоатон мебошад. Мардуми хайрхоҳ дар ин рӯзҳо на танҳо бо гӯшти қурбонӣ, балки бо либосворӣ, маводи ғизоӣ ва ё пули нақд ба оилаҳои дастнигар ёрӣ мерасонанд, то шодии идро ҳамагон эҳсос кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.

Дар Тоҷикистон 35 дарсади шаҳрвандон бо фасод дучор шудаанд. Мақомот худ нигаронанд

Бузургтарин назарсанҷӣ нишон дода, ки бахши маориф, пулис ва тандурустӣ дар феҳрасти ниҳодҳои фасодзадаанд.